ВидеоКоррупсия

ЯК МУҲОСИБИ МАКТАБРО БАРОИ КАМОМАДИ МОЛИЯВӢ 11 СОЛ ЗИНДОНӢ КАРДААНД

Додгоҳи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон муҳосиби мактаб Сафаралӣ Маҳседдиновро бо ҷурми  камомади молиявӣ ба маблағи 189 ҳазору 427 сомонӣ (баробари наздики 18 ҳазор доллар) ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда, боз барои 4 сол аз ҳаққи кор ба сифати муҳосиб маҳрум кардааст. Бо ҳукми ҳамин додгоҳ, Ёқубҷон Ахмедов, мудири мактаби №12 барои ҳамдастӣ дар аъмоли ғайриқонунии муҳосибаш ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 12 800 сомонӣ (тақрибан 1200 доллар)  ҷарим баста шуд, вале бидуни маҳрум кардан аз ҳаққи ишғоли  мансаб ё вазифа.

11 сол ҳукми муҳосиби мактаб барои камомади молиявӣ дар ҳолест, ки аксари мансабдорони баландпоя барои ҷурмҳо аз ин ҳам вазнинтар бо ҷарима халос мешаванд. Барои мисол, Шавкат Бобозода, раиси собиқи Агентии содироти ҳукумати Тоҷикистон, ки ба гирифтани 290 ҳазор доллар пора аз як ширкати хориҷӣ айбдор мешуд, ахиран ба маблағи ҳамагӣ 128 ҳазор сомонӣ, яъне тақрибан 25 маротиба камтар аз ҳаҷми пораи гирифтааш, ҷарима баста шуда, аз толори додгоҳ ба озодӣ баромад.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 9 феврали соли 2023 дар шарҳи парвандаи Маҳседдинов ва Ахмедов гуфт,  тафтиши ин парвандаро додситонии вилояти Хатлон пеш мебурд ва Маҳседдинов Сафаралӣ Ботурович бар асоси 3 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 245, қ.4, б.”б” (азонихудкунӣ), 247, қ.2 б.”в” (қаллобӣ), 323 (сохтакории хидматӣ) ва Ахмедов Ёқубҷон Акрамҷонович бар асоси ду моддаи 322, қисми 1 (хунукназарӣ) ва 323 (сохтакории хидматӣ) гунаҳкор дониста шуданд.

Худи Маҳседдинов ва Ахмедов ваё вакилону наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилоияи Додситонии кул, дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Маҳседдинов С.Б. ба ҳайси муҳосиб бар хилофи талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, аз 20.09 соли 2019 то моҳи июни соли 2022 дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №6-и шаҳри Левакант барои ним басти кории муҳосиб маблағи 20099,40 сомонӣ,  №13-и шаҳри Бохтар барои як басти кории муҳосиб маблағи 14047,01 сомонӣ, №12-и ноҳияи Кушониён барои як басти кории муҳосиб 11847,10 сомонӣ,  №6-и ноҳияи Кушониён барои як басти кории муҳосиб 18357,37 сомонӣ, ҷамъ маблағи 64350 сомонӣ музди меҳнатро тариқи корти миллӣ, ведомостҳои музди меҳнат ва рухсатии тартибдодааш аз они худ кардааст.

Инчунин, Маҳседдинов С.Б. ҳангоми дар вазифаи муҳосиби муассисаи таълимоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Кушониён кор карданаш, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, такроран, бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва тасдиқи онҳо аз тарафи директори ин мактаб Ахмедов Ёқубҷон, аз моҳи ноябри соли 2021 то моҳи июли соли 2022 маблағи 124 055 сомониро бо роҳи тартиб додани санадҳои харид ва соқиткунии қалбакӣ ва маблағи 1022 сомониро бе ҳуҷҷати хароҷотӣ аз они худ кардааст.

Додситонӣ мегӯяд, Маҳседдинов С.Б. дар маҷмӯъ 189 ҳазору 427 сомонӣ маблағҳои буҷетиро аз они худ карда, ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ғайр аз ин, Маҳседдинов С.Б. ба он айбдор дониста шуд, ки аввалҳои моҳи июни соли 2022 аз сармуҳосиби Беморхонаи марказии шаҳри Левакант Сафаров Сӯҳроб Бекмуродович, ки  дар фаъолияти худ ба камбудии молиявӣ роҳ дода буд, бо мақсади барқарор кардани маблағи камомад  аз банкомати назди бинои филиали №43-и БДА «Амонатбонк» дар шаҳри Бохтар аз корти миллии Сафаров С.Б. маблағи 50 ҳазор сомониро гирифта, танҳо пас аз муроҷиатҳои зиёди Сӯҳроб Сафаров  19 ҳазори онро баргардондааст ва боқӣ 31 ҳазор сомониашро тасарруф кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button