АфғонистонВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ 5 УЗВИ ДАСТАИ НАРКОБАРОН МАННОН БО 104 КИЛО МАВОДИ МУХАДДИР (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 9 феврали соли 2023 дар нашри навбатии ҳафтаномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз боздошти 5 узви як гуруҳи нашъаҷаллоб бо раҳбарии Маннон ва мусодираи 104 кило ҳашишу метамфетамин хабар дод.

Бино ба гузориши подполковник Нусратулло Маҳмадзода, сардори маркази матбуоти ВКД,  боздошти ин афрод: 4 сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва як сокини ноҳияи Панҷ аз сӯи кормандони раёсати кофтукови ҷиноӣ сурат гирифтааст.

ВКД исми дастгиршудагонро низ нашр кард:

  1. Шарипов Абдуманнон Муҳиддинович (маъруф ба Маннон), санаи таваллудаш 10 феврали соли 1979, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, қаблан барои қаллобӣ суд шудааст,
  2. Сафаров Искандар Назарович, санаи таваллудаш 5 августи соли 1984, сокини ноҳияи Панҷ, қаблан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум шуда, бар асоси қонуни афв пеш аз муҳлат ба озодӣ баромадааст,
  3. Юсупов Сӯҳроб Маҳмадраҳимович, санаи таваллудаш 24 декабри соли 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ,
  4. Фозилов Неъматулло Ғайратович, санаи таваллудаш 11 январи соли 1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ,
  5. Шарипов Муҳаммад Абдуллоевич, санаи таваллудаш 6 декабри соли 1993, сокини ноҳияи Рӯдакӣ.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи ВКД, маблағгузорё сарпарасти молиявии ин даста Сӯҳроб Юсупов ва раҳбари даста Маннон буда, Юсупов барои дастрас кардани маводи мухаддир ба Маннон 29 ҳазор доллар додааст.

Сӯҳроб Юсупов дар ин гузориш эътироф мекунад, ки: “Ман дар ҳақиқат ба Абуманнон Шарипов 29 ҳазор доллар додам барои харидани маводи мухаддир. Вақте ки Искандар бо мошинаш 100 кило борро овард. Ман худам дидам инро”.

ВКД гуфт, раҳбари даста Маннон бо гуруҳҳои нашъаҷаллоб дар Афғонистон ҳамкорӣ дошт. Худи Маннон дар ин гузориш мегӯяд: “Бо Олим ном шахс шинос шудему ин шаҳрванди Афғонистон ба мо 100 кило бор роҳӣ кард. Ҳашиш буд. Қабул кардему ба вилояти Суғд фиристодем. Вале онҷо борро фурӯхта натавонистем ва гардонда, овардем. Вале дар Душанбе кормандони милиса дастгирамон карданд”.

Искандар Сафаров нақл кард, ки дар ноҳияи Панҷ борро қабул карда, балони гази мошини ГАЗ-31-ашро бурид ва 104 кило ҳашишро дар дохили он ҷой карда, ба Душанбе овард. “Барои то Душанбе расондани бор ба ман 3 ҳазор доллар пул ваъда дода буданд”, – гуфт ин сокини Панҷ.

Неъматулло Фозилов ва Муҳаммад Шарипов дар ин даста масъулияти ба вилояти Суғд бурдани борро ба дӯш доштаанд. Онҳо 104 кило маводи мухаддирро дар мошини “Ҳюндай Старекс” дар ҷойҳои махфӣ пинҳон карда, то вилояти Суғд бурдаанд, вале нафареро, ки бояд борро қабул мекард, пайдо карда натавониста, боз ҳамаи ин 100 кило борро баргардонда, бо худ ба Душанбе пас овардаанд.

Ба аъзои ин гуруҳи нашъаҷаллоб бар асоси қисми чоруми моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон дар ҳайъати гуруҳи муташаккил аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. ВКД гуфт, ҳар кадом аз дастгиршудагон аз 2 то 15 фарзанд доранд ва дастикам 15 фарзанди онҳо акнун метавонанд барои солҳои тӯлонӣ аз тарбияву навозиши падаронашон маҳрум шаванд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” (ҳероин, афюн ва ҳашиш) аз он сӯи Омӯ ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра табдил ёфтааст. Ҳар сол мақомоти Тоҷикистон беш аз ду тонна маводи мухаддир, асосан тавлиди Афғонистонро мусодира мекунанд.

Бино ба ҳисобҳо, аз 1000 то 2 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар зиндонҳои Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар бо ҷурмҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Як бахши аъзам аз 10 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои худи Тоҷикистонро низ онҳое ташкил медиҳанд, ки барои қочоқи маводи мухаддир ба даст афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button