ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ШУМОРИ ҚУРБОНИЁНИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТУРКИЯВУ СУРИЯ ҚАРИБ 10 ҲАЗОР ШУД. ШАНСИ ЗИНДА ПАЙДО КАРДАНИ ОДАМОН АЗ ЗЕРИ ХАРОБАҲО КАМТАРУ КАМТАР МЕШАВАД…

Бо гузашти қариб 3 рӯз аз ду заминларзаи пурқурбонӣ ва харобиовар дар Туркияву Сурия шанси зинда пайдо кардани одамон аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрафта торафт камтару камтар мешавад. Шумораи ҳалокшудагон, бино ба охирин маълумоти расида, ба 10 ҳазор наздик шудааст. Агентии ҳолатҳои фавқулоддаи Туркия то ин соат ҳалокати қариб 7 ҳазор нафарро тасдиқ карда, матбуоти давлатии Сурия аз ҳалокати то 2500 нафар дар ин кишвар хабар медиҳад.

Бо онки шумораи қурбониён ҳамчунон меафзояд, боз ҳам мардуми зиёде дар зери харобаҳои биноҳои фурӯрафта боқӣ мемонанд. Шанси зинда пайдо кардани онҳо, ба хусус дар ин рӯзҳои сарди зимистон, торафт камтару камтар мешавад.

Вале мӯъҷизаҳо ҳамчунон рух дода истодаанд. Барои мисол, як кӯдаки яксоларо дар ҷануби Туркия баъди ду шабонарӯз аз зери харобаҳои як бино зинда берун оварданд. Ин тифл 53 соатро дар банд бидуни обу ғизо сипарӣ кардааст.

Дар Сурия вазъиятро ҷанги чандинсолаи шаҳрвандӣ боз ҳам печидатар кардааст, зеро бисёре аз манотиқи офатзада барои наҷотбахшон ва созмонҳои кумакрасон дастнорас боқӣ мемонанд. Миллионҳо гуреза аз Сурия дар ҷануби Туркия дар кӯлбаҳои муваққате ба сар мебурданд, ки саросема сохта шуда, ба чунин заминларзаҳои сангин тобовар набуданд.

Заминларзаи аввал бо иқтидои 7,8 балл тибқи ҷадвали Рихтер субҳи барвақти 6 феврал, соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ замоне рух дод, ки аксари мардум ҳанӯз масти хоб буданд. Маркази ин заминларза, ки бистари заминро дар умқи 17,9 километр ларзонд, дар наздикии шаҳри таърихии Ғозиёнтеппа дар ҷанубушарқи Туркия ҷойгир шуда буд. Заминларзаи сангини дуюм бо иқтидори 7,5 балл тибқи ҷадвали Рихтер, соат 13:30 ба вақти  маҳаллӣ рух дод. Маркази ин офати табӣ мавзеи Элбистон дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубушарқи Туркия буд.

Дар пайи ин ду заминларзаи сангин боз ҳудуди 100 пасларзаи заифтар рух дод.

Дар умқи ҳамагӣ 18 километр рух додани ин заминларзаҳо боиси харобиҳои бештар дар рӯи замин шуд. Омили дигар, ки боиси чунин шумори зиёди қурбонён шуд, соати чори шаб рух додани офати аввал буд. Дар он соат аксари мардум ҳанӯз масти хоб буд.

Омили дигари зиёд будани қурбониҳо, албатта, сифати хонаҳоест, ки дар ҷануби Туркия ва Сурия сохта шудаанд.

Муҳаққиқи донишгоҳи Порсмут Кармен Солана мегӯяд, 24 соати оянда барои зинда пайдо кардани одамон соатҳои ҳалкунанда хоҳанд шуд: “Устувории биноҳо дар ҷануби Туркия ва ба вижа дар Сурия, мутаассифона, яксон нест ва ҳаёти инсонҳо ҳоло аз вокуниши сареъ вобаста аст. 24 соати оянда барои ҷустуҷӯи зиндамондагон ҳалкунандаанд, чунки баъди 48 соат шумора и зиндамондагон хеле кам мешавад”.

Тайи 200 соли охир дар ин минтақа чунин заминларзаҳои сангин рух надода буд, аз ин рӯ, сатҳи омодагӣ ба чунин офатҳо низ дар ин вилоятҳо чандон баланд набуд.

САБАБИ ЗАМИНЛАРЗА ЧӢ БУД?

Қаъри замин аз саҳфаҳо ё плитаҳои тектоникие иборат аст, ки маъмулан ба якдигар хеле наздик ҷойгир шудаанд. Ин сафҳаҳо гоҳо кӯшиши тағйири ҷой мекунанд, вале сафҳаҳои ҳамсояашон монеъ мешаванд. Вақте як сафҳа ба дигарӣ фишор меорад, ин боиси ларзидани рӯи замин мешавад. Дар мисоли заминларзаҳои ахири Туркияву Сурия сафҳаи тектоникии Арабистон ба тарафи шимол ҳаракат карда, бо сафҳаи Анатолия бархӯрдааст. Бархе манобеъ мегӯянд, ки гӯё дар натиҷаи ин заминларза қаламрави Туркия тақрибан 3 метр тағйири макон кардааст.

Ба ҳам бархӯрдани сафҳаҳои Арабистону Анатолия дар гузашта низ боиси заминларзаҳои харобиовар шуда буд. Аз ҷумла бар асари заминларзаи рӯзи 13 августи соли 1822, яъне 200 сол қабл, танҳо дар шаҳри Ҳалаби Сурия 7 ҳазор нафар ҳалок шуда буд. Пасларзаҳои он офати табиӣ тақрибан як соли дигар идома ёфт.

Олимон бар инанд, ки баъди заминларзаҳои охир низ  ҷануби Туркия ва шимоли Сурияро боз силсилаи пасларзаҳои давомдор дар пеш аст.

ЗАМИНЛАРЗАҲОРО ЧӢ ГУНА ҲИСОБ МЕКУНАНД?

Заминларзаҳоро бо ҷадвали Рихтер, ки ба шарафи муаллифи чунин тарзи бароварди иқтидори ин офатҳои табиӣ зилзиланигори амрикоӣ Чарлз Рихтер чунин ном гирифтааст, ҳисоб мекунанд.

Тибқи ҷадвали Рихтер, заминларзаҳои иқтидорашон то 2,6 балл хеле заиф буда, мардум онҳоро эҳсос намекунанд ва танҳо дар дастгоҳҳои зилзиланигорӣ сабт мешаванд.  Заминларзаҳои иқтидорашон то 5 балл харобиҳои начандон ҷиддӣ ба бор меоранд. Вале заминларзаҳои аз 8 балл боло хеле харобиовар буда, метавонанд тамоми маркази ин офатро хароб кунанд,

Аз ҷумла моҳи марти соли 2021 заминларзаи иқтидораш 9 балл дар Чпония боиси харобиҳои зиёд дар рӯи замин шуда, сабаби як силсила тсунами ё тӯфонҳои шадиде дар уқёнус шуд, ки ҳатто сабабгори садамаи нирӯгоҳи ҳастаии “Фукусима-1” гардид. Заминларзаи аз ҳама муқтадир бо шиддати 9,5 балл соли 1960 дар Чили рух дода буд.

Манбаъ: бахши русии ББС

Карта
магнитуда
Ариба

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button