Хабарҳои кӯтоҳ

КӮДАКИ ҲАШТСОЛА ЗЕРИ ЧАРХ МОНД… САДАМАИ МАРГОВАРИ ЯК ШАҲРВАНДИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР РОҲИ АЙНӢ-ПАНҶАКЕНТ

 Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7-уми феврали соли 2023, тахминан соати 13:00, ронандаи мошини тамғаи «Шевроле-Кобалт», Маматов Мусурмонқул Акбарович, соли таваллудаш 1988, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, ноболиғ Муродов Салмон Маҳкамович, соли таваллудаш 2014, сокини Панҷакентро, ки аз тарафи рост ба тарафи чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Муродов С.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки тайи ду рӯзи истироҳати 4 ва 5 феврали соли 2023 дар се садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ 3 нафар ҷон бохтаанд. Ду садамаи марговар дар ҳудуди ноҳияи Данғара ва якеи дигар дар ҳудуди ноҳияи Хуросон рух додааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии БДА, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button