Рӯйдодҳои БадахшонҲодиса

ЯК РОНАНДАИ “ДУЛАН” ДАР ХОРУҒ ДАР ҲОЛАТИ САРХУШӢ СЕ МОШИНРО ПАХШ КАРДААСТ (4 АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 8 феврали соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри чанд акс хабар дод, ки як сокини 35-солаи шаҳри Хоруғ дар ҳолати мастӣ бо мошини боркаши “Дулан” дар роҳи байни бозор ва сероҳаи марказии шаҳр дар кӯчаи Шириншо Шотемур се мошини сабукравро пахш кардааст. Додгоҳи шаҳри Хоруғ  Табрез Гулобовро бо ҷурми риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда ва 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кардааст.

Милитсияи Бадахшон мегӯяд, гарчанде аз паёмадҳои нохуши идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҳушдор дода будем, ҳанӯз ҳам дар ҳолати мастӣ сари чанбараки воситаи нақлиёт нишастани ронандагони сархуш ошкору муайян ва ба қайд гирифта мешавад.

Чунончӣ, гуфта мешавад дар иттилоия, ронанда Гулобов Табрез Ошурмамадович, санаи таваллудаш 03.06.1988, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Карамшоев, ронандаи мошини боркаши калонҳаҷми тамғаи “Дулан”, рақами қайди давлатиаш TJ 941 ZP01, ки ба ҶДММ “Панҷ” тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат аз самти бозори марказии шаҳри Хоруғ ба самти сероҳаи марказӣ, дар кӯчаи Ш. Шоҳтемур дар ҳолати мастӣ воситаҳои нақлиётии тамғаҳои “Тойота-Камри”, рақами қайди давлатиаш 40-00QU04, “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 75-27АА04,  ва “Опел-Астра” аломати қайди давлатиаш 70-50ВА04-ро, ки дар канори рости роҳ меистоданд, пахш намуда, ба ин воситаҳои нақлиёт зарари техникӣ расонидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар ВМКБ нисбат ба ронандаи сархуш бар асоси моддаҳои 332 ва 333, қисми 1 бо иттиҳоми идора намудани мошин дар ҳолати мастӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки сабаби зарар шудааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва аз ҷониби додгоҳи шаҳри Хоруғ нисбат ба Гулобов Табрез ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ва маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъин карда карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button