ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХАТАРИ РЕХТАНИ ТАРМАВУ САНГ ДАР РОҲҲОИ КӮҲИСТОН КАМАШ ТО 12 ФЕВРАЛ БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 8 феврали соли 2023 бо нашри як ҳушдори вижа хабар дод, ки бино  ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ, хатари фаромадани тармаҳо дар роҳҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ дастикам то 12-уми феврал боқӣ мемонад. Кумита ба диққати шаҳрвандони ва меҳмонони Тоҷикистон мерасонад, ки дар ин рӯзҳо дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб бар асари боришҳо хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, 7 – уми феврали соли 2023 дар километри 65200 – уми роҳи Душанбе-Варзоб, ки аз тариқи Майхӯра ва Ҳушёрӣ  мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. 

Бо  мақсади сари вақт бартараф намудани паёмадҳои ин офат техникаи махсуси ширкати роҳи Innovative Road Solutions (IRS) ҷалб карда шуд.

Ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистонро бар уҳда дорад, рӯзи 8 феврал хабар дод, ки ҳарчанд роҳ алакай боз карда шудааст, вале рафъи оқибатҳои тарма ҳамчунон идома дорад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хост, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ намоянд ва ё сафарҳои безарурати худро муваққатан то беҳ шудани вазъ лағв кунанд. 

КҲФ ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус риояи фосила байни мошинҳо гарави аслии амнияту бехатарии ронандагон ва ҳамсафарони онҳост, –  гуфта мешавад дар ҳушдор.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button