ВидеоИқтисодҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯК КОРГАРИ ТОҶИКУ ЯК ХИТОӢ БАР АСАРИ ТАРКИШУ СӮХТОР ДАР ЯК КОРХОНАИ СЕМЕНТ ДАР ЁВОН

Дар натиҷаи таркиши яке аз қубурҳои сементгузар ва сӯхтор дар корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” дар ноҳияи Ёвон ду нафар: як коргари тоҷик ва як шаҳрванди Хитой ба ҳалокат расида, 6 нафари дигар: ду шаҳрванди Чин ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд.

Ин ҳодиса рӯзи 31 январи соли 2023 рух додааст, вале дар ин бора Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи илояти Хатлон, рӯзи 8-уми феврал, танҳо баъди як ҳафта дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

“Ҳодиса 31-уми январи соли 2023, дар пайи таркиши яке аз қубурҳои сементгузар, ки ҳарорати семент дар он то 150 дараҷа гармӣ мерасад, рух додааст. Дар натиҷа 8 корманд зарар дидаанд ва ду нафари онҳо, аз ҷумла як шаҳрванди кишвари Чин фавтидаанд”, – нақли қавл кардааст “Азия Плюс”  аз суханони Ҷамшед Маҳмадзода.

Ба гуфти Маҳмадзода, як корманди маҳаллӣ ва як хитоӣ ба иллати сӯхтани 99 дарсади аъзои баданашон ба ҳалокат расидаанд. 6 нафари дигар айни ҳол дар бемористонҳо таҳти табобат қарор доранд. “Як нафар аз бистаришудаҳо, барои идомаи табобат ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст”, –  хабар дод Ҷамшед Маҳмадзода ва афзуд, тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Радиои Озодӣ хабар дод, ки шаҳрванди ҳалокшудаи Хитой Лу Ве ном дошта,  40-сола будааст. Шаҳрванди тоҷики дар ин ҳодиса ҷонбохта Табар Тешаев ном ва  35 сол доштааст.

Корхонаи сементи “Чжунгтсай Моҳирсемент” корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой буда, яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсолкунандаи семент дар ҷануби  Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин корхона садҳо коргари тоҷику хитоӣ кор мекунанд. Маҳсулоти “Моҳирсемент” нафақат дар худи Тоҷикистон, балки ба хориҷ низ фурӯхта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button