ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ЧИЛ РӮЗ САДОИ ЧИЛАХОН ГӮШ КУНЕД! ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ЧИЛАХОН ХОЛОВ

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов субҳи 8 феврали соли 2023 дар синни 65 аз олам чашм пӯшид. Бино ба иттилои наздиконаш, маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум соати 12 дар маҳаллаи Пахтакор дар наздикии маҳаллаи Гипрозем доир мешавад.

Чилахон Холов тақрибан як сол боз бо бемории саратон мубориза мебурд. 3 марти соли 2022 дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (бемористони Қарияи Боло), дар бино ё корпуси №10  гурдаи овозхони шинохтаро ҷарроҳӣ карда буданд.

Овозхони шинохта Фурқат Саидзода навишт, рӯзи 31 январ ба аёдаташ ба беморхонаи “Истиқлол” рафта буд. Ӯ менависад:  “Сӯҳбатамон танҳо доири ҳунару ҳунармандон буд. Дар интиҳо гуфт, Фурқатҷон, 5 суруди ҷадиди дигарам омода аст барои сабт…мехоҳам барномаи фарҳангие манзури дилбастагони ҳунар созам, дигар орзуе надорам…

Зи ҳар ҷо бигзарад тобути ман, фарёд бархезад,

Ки оҳ, ин мурда сангин меравад, пур орзу дорад…

Ёдат гиромӣ ҳунарвари маънисаро!”

Шоир Давлат Сафар Чилахон Холовро ҳунарманди нотакрору беназир ва соҳибмактабу эҳёгари сурудҳои мардумӣ ва замзамапардози нангу номуси ватандорӣ номида, ин дубайтиро ба ёди ӯ бахшидааст:

Ҷонро ба навои дил ҳамоғӯш кунед,

Аз ёд ба ҷуз ишқ фаромӯш кунед.

То пок шавад рӯҳи шумо бо маънӣ,

Чил рӯз садои ЧИЛЛАХОН гӯш кунед.

Чилахон Холов 22 декабри соли 1957 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Факултети физикаи Университети давлатии Тоҷикистонро соли 1980 хатм кардааст. Дар баробари таҳсил мудом дар маҳфилу шабнишиниҳо овозхонӣ мекард ва узви фаъоли ансамбли «Наврӯз»-и назди донишгоҳ буд.

Чилахон Холов соли 1986 тавассути ансамбли “Ганҷина”, ки  таҳти раҳбарии устоди равоншод Зафар Нозим ба хотири муаррифӣ ва таблиғи таронаву рақс ва суннату маросими мардумӣ ташкил шуда буд, ба саҳнаи калон омад ва солҳои аввал бештар таронаҳои мардумиро месароид.

Нахустин сабти Чилахон Холов бадеҳа ё дуэти “Бозубандамро бидеҳ” буд, ки барои ин овозхони он вақт ҷавон шуҳрати саросарӣ овард.

Солҳои охир Чилахон Холов  бештар бар пояи ашъори классикон, аз ҷумла бар ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тарона эҷод мекунад, вале дар хондани таронаҳои мардумӣ низ ҳамчунон тавоно ва забардаст эътироф шудааст.

Яке аз шоҳкорҳои тозаи ӯ таронаи “Лаби дарё” аст, ки ҳам бо мазмун, ҳам бо оҳанги равон ва ҳам бо сабки иҷрои чун ҳамеша вижаву нотакрори Чилахон Холов ба дили мардум роҳ ёфт.

Ӯ дар ин тарона аз ҷумла мехонад:

Лаби дарёи Тоҳир шиштанам шуд, ҷоне,

Ҳамон ёре, ки доштам, душманам шуд, ҷоне.

Ҳамон ёре, ки буд дасто ба гардан, ҷоне,

Камар баста, ба қасди куштанам шуд, ҷоне.

Аҳли идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” даргузашти устод Чилахон Холовро таслият гуфта, дуо мекунанд, ки Худованд ба пайвандонаш сабри ҷамил ва ба марҳум охирати обод ато кунад. Макони охирати Устод Ҷаннат бод!

ҶАВОНМАРДТАРИН САРОЯНДАИ ТОҶИК…

Ӯ воқеан ҷавонмард аст! Ҳар нафаре, ки ӯро хуб мешносад, зери ин сатрҳо имзо хоҳад гузошт, ки Чилахон Холов дар ҷавонмардӣ, далерӣ, шуҷоат, нотарсӣ, ғурурмандӣ, бебокӣ назир надорад! Ман, ки худ умре думболаи ин хислатҳо рафтаам ва то ҷое парчами номусро вардошта омадаам, чунин ҷавонмардонро хеле дӯст медорам. Ман танҳо 1 нороҳатӣ дорам аз ошноӣ бо ӯ:

– Бо Ӯ хеле дер шинос шудам.

Шиносоии мо, ки баъдан ба дӯстӣ пайваст, шояд таърихи 10-сола ҳам надошта бошад. Умари Шерхон, дӯсти дуи мо, рӯзе маро гирифту ба 1 ҳаммоме бурд, канори Душанбешаҳр. Он ҷо Чилахон Холов таббох-ошпазӣ дошт. Паҳҳҳҳ-паҳ чӣ таоме пухту чӣ дастурхоне орост. Баъдан маълум шуд, ки зодрӯз доштааст ва дӯстони наздику ба дил пайвандашро бо шумули банда даъват кардааст:

– Ба 55 солагӣ…

Ифтихорманд шудам, ки ғоибона, мисле, ки ман бар Ӯ, Чилахон низ бар ман риштаи муҳаббати платоникӣ баста будааст…

Руҷуи лирикӣ: Романтика

Дар солҳои шӯравӣ, таври маълум ҷавонони тоҷик хеле ғурурманд буданд. Боре овоза мешавад, ки хориҷие бо кадом бонуи сабукпои тоҷике муносиботи маҳрамона дорад. Ноогоҳ аз исму насаб ва ҳатто мансубияти маҳаллӣ… Чилахон Холови ҷавон ва хунаш гарм омада, он хориҷиро мурданак мекӯбад ва болои ҷисми беҳушаш нидо дармедиҳад:

-Хориҷӣ тавони ишқварзӣ ҳатто бо фоҳишаи тоҷикро надорад!!!

Эҳҳҳ, куҷо шуд он ҳама ғуруру ҷасорату адолати ҷавонмардони тоҷик, ки имрӯз хитоиву афғону қирғизу ҳиндуву африқоӣ зани тоҷик мегиранд… Романтика дар асри ХХ монд. Ҳоло асри номардиҳост, ки ҳатто волидайни бархе фоҳишаҳои интернатсионалист бо духтарони ҷалабашон фахр ҳам мекунанд…

Афзалият…

Ҷавонмардӣ танҳо афзалияти Чилахон миёни ҳамтоҳояш нест. Ӯ дигар бартариҳо низ дорад…

1.    Суханфаҳм

Нахуст шеърфаҳм аст ва ба умқи маънӣ сардака меравад! Шахсан ман фикр дорам (дигарон наранҷанд, зеро андешаи фардист), мисли Чилахон Холов ангуштшумор нафаре дар санъати миллии имрӯзаи мо ба матну мантиқу вазну қофия сарфаҳм меравад. Шояд, аз Ӯ дида танҳо Одина Ҳошими нозанин ва Маъруфхӯҷа Баҳодурови камназир шеърро дуруст мефаҳмиданд. Имрӯз Чилахон дар ин самт бемисл аст, ки ҳалолаш бод!

Руҷуи лирикӣ: Риск

Ҳини донишҷӯӣ бар гулдухтари панҷакентие дил мебандад. Хостгорҳоро борҳо волидайни духтар «от ворот-поворот» медиҳанд. Ва…Чилахони ҷавон тан надода, либоси шик пӯшида, рост пеши… бобои духтар меравад! Бобои солхӯрда, ӯро дидаву арзашро шунида, волидайни духтарро ҷеғ зада, мегӯяд, «Ман, ки садри оила бошам, набераамро ба ин ҷавони ғаййуру далер ва нозанин бахшидам!». Умри хуше доранд бо завҷаи меҳрабон…

2.    Оҳангбанд

Дар 5 соли ахир бар 50 ғазал оҳанг бастааст, ки то ҳанӯз 30 адади он рӯи сабтро дидаасту бас. Ҳамин дирӯз, ки ба беморхона ба ёдаташ рафтем, ҷонаш дард мекард, вале мегуфт:

-Сайёф, чанд сурудам носуруда ва сабтнашуда монд. Дилам бар онҳо месӯзад.

Гуфтамаш:

Устод, Худо хоҳад, сари по мешавед ва ҳатман сабташон мекунед.

Ягон оҳангаш бар дигарӣ монанд нест! Ин дар ҳолест, ки бо садо додани оҳанг, мухлисин дарк мекунанд, ки ҳоло кӣ мехонад: Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов ва ё Зафар Нозим…

Вежагии Чилахон ин аст, ки то садояшро набишнаванд, кам касоне дарк мекунанд, ки ҳоло ӯ месарояд. Зеро оҳангҳояш бар мантиқ ва мазмуни шеъру ғазалу рубоиёт баста мешаванд.

Руҷуи лирикӣ: Силлӣ

Дар консерти давлатие, коргардони саҳна «ноҷавонмардӣ» мекунад. Моҷароро ҳама санъаткорон медонанд. Ин нафар доиман нобиғаҳоро пешипо медод. Чилахон бошад, бе пушт-пушт силлие бар гардани ин номардак чунон мезанад, ки аз саҳна парида рафта, рост пеши пои…масъули баландпояе беҳуш меафтад. Чилахон бо нидои «ҳолат аз ин бад!» баромада аз консерт меравад…

3.    Физик

Ягона нафаре миёни устодони санъати миллист, ки професисонал нест! Ӯ факултаи физика ва математикаро хатм кардааст ва (таваҷҷӯҳ кун хонанда!), ягон асбоберо комилан хубу сара навохта наметавонад!!! Вале ин камбуд не, ки бурди ӯст. Мисли Мотсарт (Иоганн Хризостом Волфганг Амадей –27.01.1756– 05.12.1791),  ки гӯшаш кар буду ягон асбобро намешунид, вале оҳангҳои ҷовидона меофарид, Чилахон Холов низ бе навохтани асбобҳои мусиқии миллӣ, оҳангҳое меофарад, ки рӯ ба самти ҷовидониянд! Ба нисбат Ӯ Мотсарти мусиқаи Миллии мост!!!

Руҷуи лирикӣ: Оғохони 4

Солҳои 90-ум Имоми исмоилиёни ҷаҳон Оғохони 4 дар Фаронса консерти идона дода, ба он маҳз Чилахонро бо суруди «Лаби дарё» даъват менамояд. Баъди консерт ба ҳама иштирокдорони тоҷик, ки ҳисобашон аз 20 нафар беш буд, гонорари калон медиҳанд, ки тамомии аъзои гурӯҳ бо он пул дар Душанбе хонаву дару мошин мехаранд!…

Руҷуи ахирин: Беморӣ

Имрӯз устод Чилахон Холов, ки ба тозагӣ синни мубораки 65-солагиро тай кард, шадидан маризанд ва дар беморхонаи Истиқлоли пойтахт бистарӣ ва зери назорати бевоситаи Вазири тандурустии ҶТ-Ҷамолиддин Абдуллозода қарор доранд. Дуо мекунем, ки Худо шифои оҷилу комилу вофир диҳаду Ӯ боз рӯи саҳнаи дилҳо баргардад…

Дар охир порае аз матлаби Умари Шерхон-журналист, адиб, энсиклопедист ва донандаи хуби ҳаёт ва эҷодиёти Чилахон Холов пешкашатон мегардад. Мо метавонем!

30 СУРУД ДАР 5 СОЛ

16.01.2019. Чоршанбе. Дар арсаи овозхонии тоҷики солҳои охир шеваи сурудхонӣ ба чанд навъ дар ривоҷ аст. 1 сароянда тӯли сол ба самъи ҳаводорон 1 суруд, ҳамон ҳам ба азоби алиме, дигарӣ 1-2, қисмати каме бештар аз 3-4 суруд омода месозанд. Мутаассифона, ҳастанд ҳофизоне, ки дар зарфи сол ҳатто суруде ҳам пешниҳод намекунанд. Ин ҳолат масали халқии «Хоҷам боғ дорӣ, боғ дорам»-ро пеши назар меорад. Зеро имрӯз дар фазои ҳунари сарояндагии кишвар теъдоди ҳофизони ба гуфте хасакӣ афзудааст. Ашъори интихобнамудаи онон на вазн дораду на қофия. Ҳамоно иддае на шарм доранд, на ҳаё. Худ «эҷод» мекунанду худ месароянд. Доирае ҳатто бо беҳаёӣ даст ба «мол»-и тайёр мезананд. Ба суруде, ки кайҳо боз тараннум мегардаду ҳам ҳофиз ва ҳам шоираш маълуманд, «тағйироте» ба шеваи хеш мезананд. Боз бе шарму ҳаё мегӯянд, ин дархости «оранжировшик» ва ё «оҳангсоз» аст.

Хушбахтона ҳастанд касоне, ки дар ин ҷода ба мартабаи устодӣ расида, меҷӯянду месароянд. Ба гунаи мисол, ба «кухня»-и овозхони мумтоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов, собиқ солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1980-1991), роҳбари ансамбли фолклорию этнографии «Ганҷина» (1991-2002), директори «Кохи Ҷомӣ», муаллими дастаҳои ҳунарии Кумитаи ТВ ва радио назди Ҳукумати ҶТ (2015-17), алҳол «бекор» рӯ меорем. Бо ин мақсад, ба барномаи ҳунарии 5 соли охири овозхони маъруф (2013-17) назар афкандем, ки дар ин муддат ба самъи мардум-ҳаводорони хеш чӣ миқдор суруд хондаву оҳанг баста ва шеърҳоро аз кадом шоирон интихоб намудааст. Қисмате аз ин сурудҳо бори нахуст 01.05.2014, соати 14.00 дар консерти Чилахон («Кохи Ваҳдат») садо додаанд:
«Навои Ватан», шеъри Содиқи Кашрудӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Эй ғалаткарда», ғазали Насимӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Шишаи нанг», шеъри Саидҷон Ҳакимзода, оҳанги Ч. Холов.
«Дӯкони даҳр», ғазали Туғрал, оҳанги халқ.
«Рӯзгори офият», ғазали Анварии Абевардӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Кафтари ром», шеъри Нуруллои Ориф, оҳанги Ч. Холов.
«Шикасти дил», шеъри Сӯфии Ашқарӣ, оҳанги халқ.
«Тири ғам», ғазали Хаёлии Бухороӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Тилисми қонун», ғазали Фаррухии Яздӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Меҳроби дуо», ғазали Соиби Табрезӣ, оҳанги Абдураҳмон Мадхолов.
«Давлати сар» («Очаҷон»), шеъри Самариддин Ёқубӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Ошиқ машавед», ғазали Ҳаким Саноӣ, оҳанги Абдураҳмон Мадхолов.
«Ниқоби кибриёӣ», ғазали Аҳмади Ҷомӣ, оҳанги Абдураҳмон Мадхолов.
«Бо Тоҷикистон зиндаем», шеъри Мирзо Рустамзода, оҳанги Ч. Холов.
«Модар», шеъри Солими Фархорӣ (Муталзода), оҳанги Ч. Холов.
«Зикри Ватан», шеъри Мирзо Рустамзода, оҳанги Ч. Холов.
«Марги соҳибдил», шеъри Муҳаммад Ғоиб, оҳанги Ч. Холов.
«Ноз бикун», шеъри Содиқи Завқӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Шаҳд», аз ашъори Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Гиря макун», шеъри Озарахш, танзими Ч. Холов.
«Гули хандон», ғазали А. Ҷомӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Ташти оташ», ғазали Сайидо, оҳанги Ч. Холов.
«Бӯса бар парчам занем», шеъри М. Рустамзода, оҳанги А. Мадхолов.
«Файзи Роғун», шеъри М. Рустамзода, оҳанги А. Мадхолов.
«Файзи Ваҳдат», шеъри М. Рустамзода, оҳанги Ч. Холов.
«Маҳи гулъузор», ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Бӯи Ватан», шеъри М. Рустамзода, оҳанги Ч. Холов.
«Олами дил», ғазали Анварии Абевардӣ, оҳанги Ч. Холов.
«Рубоиёт», аз Анварии Абевардӣ, оҳанги халқ.
«Сайди сухан», ғазали Холмуҳаммади Хаста, оҳанги Ч. Холов.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Дар замони ҳукмронии эмомалӣ дар Тоҷикистон рақс, суруд ва мусиқӣ бесобиқа рушд кард. Барои халқи тоҷик рушди илм, маориф, таълиму тарбия, ахлоқу адаб, фарҳанг шоистатар буд. Имрӯз тоҷикон чӣ доранд, ки ифтихорофарин бошад? Ҳеч чиз!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button