ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

5 ҶАВОНЗАН ЯК ЗАНРО БА ВАРЗОБ БУРДА, ТАҲҚИРУ ЛАТУКӮБ ВА ҒОРАТ КАРДААНД

5 ҷавонзани аз 18 то 23-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 2 феврал як ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанберо бо мошини кирокаш ба ноҳияи Варзоб оварда, ӯро таҳқиру латукӯб карда, телефони ӯро ба зӯрӣ аз дасташ кашида гирифтаанд.

ххххххххххххххххххххххх

Сокини 43-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи сентябри соли 2022  бо роҳи фиреб  аз сокини 40-солаи пойтахт барои як муҳлати кӯтоҳ 188 ҳазору 500 доллар гирифта, то ҳол барнагардондааст.

хххххххххххххххх

Ду ноболиғи 17-сола дар ноҳияи Шаҳритӯс ба он гумонбар мешаванд, ки як дафъа дар поёни моҳи январ аз як мағозаи телефонҳои мобайл 11 телефону 7500 сомониро ба яғмо бурда, бори дуюм шаби 2 ба 3 феврал ва аз як мағозаи дигар 9 телефонро дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 08.02.2023

Даст ба ғоратгарӣ задани ҷавонзанон

63

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 2-юми феврали соли 2023, 5 нафар ҷавонзан тахминан соати 22:00, бо автомашинаи кироякаш ӯро ба ҳудуди ноҳияи Варзоб оварда, ҳақорату дашномҳои қабеҳ дода мавриди лату кӯб қарор додаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ду нафари онҳо телефони мобилии тамғаи «Хонор-50»-ро ошкоро тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро 5 нафар ҷавонзани аз 18 то 23-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

088

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2022, дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе, марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 188 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад. Аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ноболиғон бо ҷурми дуздӣ

089

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус бо ариза марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 2-юм ба 3-юми феврали соли 2023, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи “Телефонҳои мобилии 777”, шуда, аз он ҷо 11-адад телефонҳои гуногунтамға ва 7 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 26 ҳазору 730 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро пешдастгиршудагон: ноболиғони 17, 14 ва 17-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Инчунин, номбурдагон шаби 27 ба 28-уми январи соли 2023, тахминан соати 01:00, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи “Тоҷмобайл” шуда, аз он ҷо 9-адад телефонҳои гуногунтамғаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати ду ноболиғи 17-сола парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button