Дин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ТАФСИРИ ЗИЛЗИЛАИ ТУРКИЯ  ВА Ё ЧАНД ДАРСЕ АЗ ОН

Ҳон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон!

Айвони Мадоинро оинаи ибрат дон! 

Заминларзаи ахири пурқурбонӣ дар Туркияву Сурия, ки ҳудуди 3 ҳазор кушта бар ҷой гузошт, сабаби тафсирҳои гуногуне шудааст. Чуни ҳамеша “назария”-ҳое пайдо шуданд, ки муаллифонаш ин офатро “ҷазои Худованд” дар баҳои амалкардҳои сарони Туркияву Сурия, аз ҷумла ҷазо барои  тиҷорати ҳавопаймоҳои бесарнишини марговари “Байрақдор” меноманд.

Вале муҳаққиқи ҷавони тоҷик Иброҳими Саиднуриддин дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук менависад, ки ин заминларзаи пурқурбонӣ дар Туркияву Сурия на ҷазои Худо, балки имтиҳонест, ки бояд аз он сабақҳое бар худ гирифт.

Ӯ аз ҷумла менависад: Нафаре, ки гӯё аз илми ғайб огаҳ бошад ва ё гӯё аз назди Худованд омада бошад, мегӯяд, аз сабабе, ки дар он ҷойҳо зино буд, зилзила рух дод.

Дигаре тафсири дигар карда мегӯяд, Туркия аз баски ба кадом кишваре ба ноҳақ силоҳ фурӯхт, бало ба сараш омад…

Набояд худро чунон “доно” пиндорем, ки метавонем ҳатто ҳаводиси бузурги табиатро тафсир намоем…

Дӯстони гиромӣ!

Зилзила мисли селу оташфишон (вулкан)-у шамолу кусуфу хусуфу вабоҳо аз нишонаҳои қудрату ягонагии Худованд ва ҳам василаҳое барои озмоиши бандагон аст.

Матни пурраи матлабро дар зер мутолиа кунед:

Иброҳими Саиднуриддин

Бознашр аз саҳифаи муаллиф.  · 

—————

ТАФСИРИ ЗИЛЗИЛАИ ТУРКИЯ

ВА Ё ЧАНД ДАРСЕ АЗ ОН

—–

Дӯстони азиз!

Набояд ба таври яқинӣ тафсиргару таҳлилгари тадбирҳои Худованд бошем.

Дини мо дини одобу ахлоқ аст ва шинохти андозаи худ, қадами аввал дар ин мактаб аст.

Нафаре, ки гӯё аз илми ғайб огаҳ бошад ва ё гӯё аз назди Худованд омада бошад, мегӯяд, аз сабабе, ки дар он ҷойҳо зино буд, зилзила рух дод.

Дигаре тафсири дигар карда мегӯяд, Туркия аз баски ба кадом кишваре ба ноҳақ силоҳ фурӯхт, бало ба сараш омад…

Набояд худро чунон “доно” пиндорем, ки метавонем ҳатто ҳаводиси бузурги табиатро тафсир намоем.

Ин тафсирҳои ғайбӣ ва ин “фолбиниҳо”-ро гузорем яксу ва бо Худо ва халқи мубтало муаддаб бошем.

Кош аз нуқтаи назари геоологӣ чизе мегуфтем. Ин ба имконоти зеҳнии мо муносибатар ва ҳам бехатар буд.

Дӯстони гиромӣ!

Зилзила мисли селу оташфишон (вулкан)-у шамолу кусуфу хусуфу вабоҳо аз нишонаҳои қудрату ягонагии Худованд ва ҳам василаҳое барои озмоиши бандагон аст.

Худованд Подшоҳи Соҳибихтиёр ва Молики мутлақи ин олам аст.

Ӯ Таъоло ҳам бадкоронро имтиҳон мекунад ва ҳам накӯкоронро.

Яке аз номҳои зебои Худованд Ҳаким аст. Ӯ худ медонад чиро дар куҷо, барои кӣ, ба чӣ миқдор нозил намояд.

Ҳаким, яъне Зоте, ки кори беҳудае надорад. Дар ҳар қазои Ӯ садҳо, бал ҳазорон ҳикмат нуҳуфта аст, ки ақли кутоҳи банда на ҳамаи онро дарк карда метавонад.

Вазифаи банда нахуст эҳтиёт ва фароҳам сохтани сабабҳои амну осоиштагӣ, ва пас аз рух додани балову мусибат таслим шудан бар қазову қадари илоҳӣ ва яқин доштан бар Ҳаким будани Ӯ Таъолост.

Дар даврони саҳобагон, ки беҳтарин табақаи уммат буданд, вабое омад, ки садҳо тан аз онҳоро бо зану фарзандонашон аз байн бурд.

Дар замони хилофати Умар чунон хушксолие омад, ки мардум реша ва барги дарахт ҳам хурданд.

Заминларзаи Мадинаи Мунаввара ҳам дар соли 20-и ҳиҷрӣ дар хилофати одилтарин роҳбари олам Умари Форуқ рух дод.

Дуруст аст, ки гуноҳу маъсиятҳо сабаби омадани балову мусибатҳост, вале бояд донем, ки ин қоидаи ҳамешагӣ нест. Зеро ин дунё ҷойи имтиҳон ва ҷойи муҷозот дунёи дигар аст.

Агар ба сабаби гуноҳу маъсият ҳатман заминларза бояд сурат гирад, мебояд замин зери пойи (масалан) яҳудиёни ғосиби золим ва ё кишварҳое, ки ҳамҷинсгароӣ одати маъмулӣ гашта аст, ба ларза ояд.

Агар ҳар ки маъсият мекарду ба сараш бало меомад, ва ҳар ки тоат мекарду саломат мемонд, пас дунёи дигаре, ки ҷои муҷозоту мукофот аст чӣ лозим буд?!

Худованд маъниву фалсафаи балову мусибатҳоро дар Қуръон ва Паёмбар (с) дар аҳодиси хеш баён кардаанд.

Аммо мушкили мо ин аст, ки мехоҳем нохонда “сухангӯи дин” ва бо дониши шунида ва ё аз интернету аз гугл ёфта “тафсиргар”-и тадбирҳои Худованд бошем.

Ин хеле нофаҳмӣ дар дин ва безавқӣ дар ҳисс аст, ки аз интернет гуфтаеро нусхабардорӣ карда бигӯем “Ҳазрати Умар гуфтанд, зилзила дар натиҷаи зино рух медиҳад.”

Кадом зино?! Агар қонуни зилзилаҳо ин буд, бояд дар бозорҳои гармӣ ин фаҳшо, ки шаҳрҳои ба ҳама маъруф аст, замин ҳаррӯз биларзад.

Яке аз шаҳрҳое, ки осеб дида аст, Диёрбакри Туркия аст, ки ин шаҳр ватани олимону ҳофизони Қуръон ва маркази мадориси илми шаръӣ дар ин кишвар аст.

То ин ҳад безавқу нофаҳм набошем, ки болои мусибати муъминон боз ба дину имону ахлоқи онҳо таън зада оёти азобу ғазаби Худоро ба онҳо дар ин рӯзи сахт “тиловат” намоем.

Инҷо ҷоест, ки (гар чунон воъизи носеҳ ҳастем) аз оёту аҳодисе, ки мегӯяд, дар ҳар тадбири Худованд (гарчи сахт менамояд) садҳо ҳикмату хубиҳо нуҳуфта аст, ва аз оёт ва аҳодисе, ки дар бораи сабр ва аҷри фаровон ёфтани собирон аст, бигӯем.

Дӯстони гиромӣ!

Балову мусибат барои муъмини солеҳ, ки дар он ҳалок шавад раҳмату лутфи илоҳӣ ва барои фоҷиру бадкор уқубат ва барои шахси зинда ибрату панд аст.

Муъмини ҳушманд бояд яқин дошта бошад, ки ҳар ки дар ин ҳаводис фавтида аст, шаҳодат ба даст оварда аст, ки ин мақом аз ҳамаи ин дунё бо ҳама ҷоҳу молу неъмату лаззаташ болост.

Ва он кас, ки азиз ва ё азизоне бо хонаву молу мошин аз даст дода аст, агар муъмини бедордил бошад иҳзори сабру ризомандӣ аз қазои илоҳӣ мекунад, ки Ӯ Таъоло дар ҳақи чунин касон гуфта аст:

إِنَّمَا يُوَفَّى الصَّابِرُونَ أَجْرَهُم بِغَيْرِ حِسَابٍ (الزمر ١٠)

“Ҳамоно, ба собирон подоши беҳисоб дода мешавад.” (сураи Зумар, 10).

Лаҳзае рӯи калимаи “беҳисоб” тааммул бикун хонандаи гиромӣ!

Ин ҷумларо Худованде гуфта истода аст, ки хазинаҳои атои Ӯ беканор аст.

Ҷаннати Ӯ, ки барои собирон омода карда аст, чунон маконест, ки як лаҳза дар он будан, саросар сахтиҳову балоҳову сардиву андуҳи ҳама тули умри ин дунёро фаромуш месозад. Ин гуфта дар ҳадиси саҳеҳ омада аст.

Пас ҳаводиси оламро ба чашми дунёгароёна, ки ҳама буду набудро дар ин дунё мебинанд, назар нанамоем. Балки бо яқини қалб донем, ки ин дунё гузаргоҳи муваққатӣ

асту онҷо қароргоҳи абадӣ.

Агар шасхе ба заминларза намирад, ба сел, ё вабо, ё садама ва ё ниҳоятан дар хонаи худ мемираду аз ин гузаргоҳ рӯзе ба ҳар шакле меравад.

Низ бояд муъмин яқин дошта бошад, ки шахси саодатманд аз шақоватманд на дар инҷо, балки дар онҷо маълум мегардад.

Хулоса, аз инки ба тафсири қатъии залзала пардозему “муфтиҳо” шавем, аз инки мардуми мусибатзадаро ба гуноҳу зинову маъсият нисбат диҳем, беҳтар аст, то аз ин мусибат ин як чанд дарсҳоро омӯзем:

– Дасри нахуст инки барқарор будани замин ин як неъмати бебаҳост, ки Худованд бо устувор сохтани кӯҳҳо ин неъматро барои мо бандагонаш фароҳам сохта дар Қуръон борҳо ин неъматро барои мо тазаккур намуда аст.

Борҳо барои рӯзе, ки савдову корамон хуб шуда буд, барои аз зуком зуд сиҳат шуда будем, барои фарзандамон аз куҷое солим баргашта буд…Худоро шукр гуфта будем, аммо оё боре вақто ба фарши хоб даромадем, Ӯ Таъолоро барои неъмати “замини ором”, ки то саҳар бо осоиш хоб мекунем, шукр гуфтаем?!

– Дарси дигар ин аст, ки донем зиёд зилзила рух додан ин нишонаи наздик шудани қиёмат аст. Зеро Паёмбар (с) бо хабари яқин мо умматро хабар додаанд, ки аз нишонаҳои наздик шудани қиёмат ин аст, ки:

وتكثر الزلزال

“…ва заминларза зиёд мешавад. (ривояти Бухорӣ ва Муслим).

– Сабақи дигари ин зилзилаҳо ин аст, ки моро ба зилзилаи бузург ва ҳақиқии рӯзи охират, ки дар Қуръон дар сураҳои Зилзила ва Ҳаҷ васфи даҳшатнокаш омада аст, ёдрас мекунад.

– Зилзила метавонад сабаби баланд шудани дараҷоти талафёфтагон (ба сабаби шаҳодат) ва ҳам сабаби омурзида шудани гуноҳони боқимондагон ва ҳам сабаби касби аҷру подоши беандозаи онон (ба сабаби сабрашон) гардад.

– Дарси дигари зилзилаҳо ин аст, ки инсон бо дидани марги ногаҳонӣ мебояд, ҳамеша тушаи худро фароҳам сохта бошаду омодаи сафари ниҳоии худ ба олами дигар бошад. Оламе, ки барои онҷо ӯро офаридаанду инҷо барои имтиҳон овардаанд ва дар “меҳмонхонаи дунё” чанд рӯзи муваққати меҳмонаш кардаанд.

– Инсон бо дидани чунин ҳаводис мебояд дуову тазарруъи худро зиёд кунад ва бо тавбаву инобат ба Мавлои худ тақарруб ҷӯяд.

– Дарси муҳими дигар ин ки шахси ҳушманд бо дидани биноҳои фурӯрехтаи ба хос яксонгашта ва бо дидани мошинҳову дуконҳои зери биноҳо талафёфта, мебояд бедор шавад, ки ҳамон дунёе, ки шабурӯз пушташ медаваду ҳатто вазифаҳое, ки Худояш бар зиммаи ӯ гузошта аст, фаромӯш мекунад, дунёе, ки онро мехоҳад ҳатто бо роҳи макрӯҳу ҳаром ҳам бошад, ба даст орад, бояд донад, ки ин дунё ва молу мошину дукону бинои он ҳамин миқдор арзиш доранд. Рӯзе зилзилае, селе, боде, сӯхторе…онро аз байн мебарад ва ё (агар боду балое наояд) рӯзе ӯ аз ин дунё худ меравад. Танҳо он чи ба нафъи ӯ боқӣ мемонад, тоату некиҳоест, ки барои худ ҷам карда аст.

– Дарси дигари амалӣ дар ин ҳодиса ин аст, ки муъмин ба ҳар роҳу василае агар тавонад ба осебдидагон дасти ёрӣ дароз намояд. Ҳатто миқдори андак ҳам бошад саҳми молие, либосе, ғизое ба ҳар роҳу василае расонад ва дар ин мусиабати сахт, ки сари муъминон омада ҳам барои он маҷрӯҳон ва ҳам барои мо тансиҳатон имтиҳону озмоиши имон аст, бетараф набошад.

Ба умеди амну офияту саломатӣ ва пойбанди бар тоат…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Аз 220-кишвари конститутсионии дунё, Туркия ягона ва танҳо кишварест, ки на танҳо ба дини ислом пӯшт намегардонад, балки зидди ислом ва арзишҳои исломӣ гом намебардорад, баръакс ба фарқ аз тоҷикистони фасодзадаи ақибмонда, риш озод аст, интихоби либос озод аст, ширкхонаҳо ба масоҷид мубаддал гашта истодаанд, дари масоҷид боз аст, Раҷаб Тайиб Эрдоған бо ҳизби ҳоким ва дору дастааш ҳар рӯзи ҷумъа намози бо ҷамоат мераванд ва ғайраву ғайра… агар “ҷазо” мебуд, дар соатҳои аввали зилзила 45-кишвари абарқудрати дунё бо сагу пишак ба кӯмаки Эрдоған давиданд, ин ҳам “ҷазо” аст? Дар ҳоле, ки ҷуз Путин ба кӯмаки башор асад ягон кас нарафт. Худи башори лаънатӣ ба кӯмаки халқи худ нарафт. Эҳ, дунё! эҳ, дунё! Мардум куру кар шудаанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button