ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ШУМОРИ ҚУРБОНИЁНИ ЗАМИНЛАРЗАҲО ДАР ТУРКИЯВУ СУРИЯ АЗ 4 ҲАЗОР ГУЗАШТ. НАҶОТБАХШОН АЗ ТОҶИКИСТОН НИЗ БА МАҲАЛҲОИ ОФАТЗАДА ФИРИСТОДА МЕШАВАНД

Шаби 6 ба 7 феврали соли 2023 дар ҷануби Туркия ва шимоли Сурия амалиёти наҷоти қурбониёни ду заминларзаи сангини рӯзи 6 феврал идома дошт. Шумораи қурбониёни ин офатҳои табиӣ алакай аз марзи 4300 нафар гузаштааст ва метавонад боз ҳам биафзояд, чунки даҳҳо нафар  ҳамчунон дар зери овори биноҳои харобшуда ваё беномунишон боқӣ мемонанд.

Заминларзаи аввал бо иқтидои 7,8 балл тибқи ҷадвали Рихтер субҳи барвақти 6 феврал, соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ замоне рух дод, ки аксари мардум ҳанӯз масти хоб буданд. Маркази ин заминларза, ки бистари заминро дар умқи 17,9 километр ларзонд, дар наздикии шаҳри таърихии Ғозиёнтеппа дар ҷанубушарқи Туркия ҷойгир шуда буд. Дар пайи ин заминларзаи сангин боз беш аз 40 пасларзаи заифтар рух дод.

Заминларзаи сангини дуюм бо иқтидори 7,5 балл тибқи ҷадвали Рихтер, соат 13:30 ба вақти  маҳаллӣ рух дод. Маркази ин офати табӣ мавзеи Элбистон дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубушарқи Туркия буд.

Карта

Бино ба охирин маълумоти расида, шумори қурбониёни ин офатҳои табиӣ аз 4310 нафар гузаштааст. Мақомоти Туркия аз ҳалокати беш аз 2900 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 15 ҳазор нафари дигар хабар доданд. Дар Сурия беш аз 1400 нафар ҷон бохтаанд.

Тамоми шаби гузашта дар маҳалҳои офатзада амалиёти наҷоти одамоне, ки то ҳол дар зери овори биноҳои харобшуда дармондаанд, идома дошт. Ба гуфтаи шоҳидон, онҳо садои одамонеро, ки дар зери харобаҳо қарор доранд, мешунаванд. Як сокини Хатай ба хабаргузории Рейтерс гуфт: “Онҳо фарёду нола мекунанд ва илтиҷо доранд, ки “моро наҷот диҳед!”. Вале аз дасти мо коре намеояд, мо тавони кумак ба онҳоро надорем…”

Туркия барои кумак ба ҷомиаи байналмилалӣ муроҷиат кардааст ва кишварҳои зиёде, аз Амрико то Корея ҷиҳати фиристодани кумакҳо ва наҷотбахшон ба маҳалҳои офатзада изҳори омодагӣ кардаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон бо нашри як видео аз фурудгоҳи Тошканд хабар дод, ки алакай як ҳавопаймои махсусро бо ёриҳои башарӣ ва наҷотбахшон ба Туркия фиристодааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба вазорати хориҷа ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвараш амр додааст, то масъалаи ба маҳалҳои офатзада фиристодани наҷотбахшони тоҷикро ба сурати фаврӣ ҳаллуфасл кунанд. Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод ки: “Тоҷикистон наҷотдиҳандагони худро барои расонидани кумак ба мардуми зарардидаи Туркия мефиристад!”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ирсоли барқияҳои таслият бо матни тақрибант ҳамсон ба президентҳои Туркияву Сурия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Башор Асад ба онҳо аз номи мардуми тоҷик изҳори ҳамдардӣ кард.

Дар барқияи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Эрдуғон чунин гуфта мешавад:

Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат  бардоштани шумораи зиёди одамон, ҳамчунин хисороти азими моддӣ бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия боиси андўҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву таслияти самимии ҷониби моро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.

Спасатели выносят из-под обломков спасенного мальчика

Два человека спасены после 20 часов нахождения под обломками обрушившегося дома в Диярбакыре
Ин ду нафар дар Диёрбакр 20 соат дар зери харобаҳои бино банд монда буданд
Rescuers carry out a girl from a collapsed building following an earthquake in Diyarbakir, Turkey, on 6 February 2023
Наҷотдиҳандагон ин духтарчаро дар Диёрбакр аз зери овори бинои вайроншуда берун оварданд

A rescue team works on a collapsed building, following an earthquake in Antakya, Turkey
Search and rescue efforts continue on collapsed building after 7.4 magnitude earthquake hits Diyarbakir, Turkiye on February 06, 2023.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button