ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ ЯК ТОҶИК ДАР СХОДКАИ САРКАРДАГОНИ ОЛАМИ ҶИНОӢ ДАР КАНОРИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Рӯзи 6 феврали соли 2023 дар ҷараёни як амалиёти вижа дар тарабхонаи “Гранада” дар шаҳри Митишии вилояти Маскав 52 иштирокчии сходка, ё худ ҷамъомади саркардагони олами ҷиноиро дастгир кардаанд. 48 тан аз дастгиршудагон зодагони Озарбойҷон, ду нафари дигар аз Арманистон ва якнафарӣ аз Тоҷикистон ва ҷумҳурии Доғистони Русия будаанд. Исми дастгиршудагон, аз ҷумла номи тоҷики дар сходка боздоштшуда нашр шудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки ин амалиёти вижа барои боздошти саркардагони олами ҷиноиро нирӯҳои вижаи Росгвардия ва ОМОН ҳамроҳ бо кормандони бахши кофтукови ҷиноӣ анҷом додаанд.

Дар бораи боздошти 52 саркардаи олами ҷиноӣ аз кишварҳои СНГ чандин расонаи Русия, аз ҷумла шабакаи телевизионии РЕН ТВ ва Телеграм-каналҳои «112» ва Baza хабар доданд.


РЕН ТВ хабар дод, ки амалиёти вижа шоми 6 феврал дар назди тарабхонаи “Гранада”, воқеъ дар қисмати шимолушарқии Митиши, сурат гирифта, аз саркардагони олами ҷиноӣ ҳангоми кофтуков дастикам ду мил силоҳ гирифтаанд.
Baza хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёт 5 пистолети травматикӣ ва як камони навъи карабини тамғаи “Сайга” гирифта шудааст. Ҳамин манбаъ хабар дод, ки аксари кулли дастгиршудагон — 48 нафараш аз Озарбойҷон, дуи дигар аз Арманистон ва якнафарӣ аз Тоҷикистону Доғистон буда, дар амалиёт тақрибан 50 нафар аз нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок кардаанд.

Дар бораи таҷаммӯи нирӯҳои Росгвардия, ОМОН ва пулис дар Митиши аввалин шуда Телеграм-канали маҳаллии «Мытищи. Live» хабар дод. Як шоҳид ба ин канал хабар дод, ки “соати 16:20 дар рӯи пули хиёбони Олимпийский ду нафар касеро таъқиб мекарданд ва аз пистолет тир холӣ мекарданд”. Baza  хабар дод, ки бархе иштирокчиёни сходка талош кардаанд, ки аз тарабхонаи “Гранада” фирор кунанд, вале бино ба иттилои ин канал, онҳоро дастгир кардаанд.

Пулиси Маскав ин амалиётро то кунун расман шарҳ надодааст.

Қаблан низ дар бораи боздошти намояндагони олами ҷиноӣ аз Тоҷикистон дар сходкаҳои саркардагони олами ҷиноӣ дар Русия хабарҳо ба даст мерасид.

Аммо дар умум намояндагони олами ҷиноии Тоҷикистонт дар таркиби олами ҷиноии Русия ва СНГ ҳанӯз чандон қавӣ ва пурнуфуз нестанд ва асосан ба ғам додани “ҳақ” бастани ҳамватанони муҳоҷири худ дар Русия ном баровардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Паёмбар (с) фармуданд: “Бигӯй дӯстат кист, бигӯям ту кӣ ҳастӣ?!” Ду халқ дар дунё зеҳни ғуломӣ (рабский менталитет) доранд: русҳо ва тоҷикҳо. Агар гӯем: харбӯза аз харбӯза ранг мегирад, ҳамсоя аз ҳамсоя, русу тоҷик ҳамсоя нестанд, охир! Агар гӯем: хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош, пас бояд ҳамранги аврупову дунёи пешрафта бояд буд. Муҳаммад Иқболи Лоҳӯрӣ мефармояд: Ба он мӯъмин худо коре надорад, Ки дар тан ҷони бедоре надорад!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button