ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАДИ ЯК МАРД ДАР ДАРЁИ ДУШАНБЕ ВА ҶАСАДИ ЯК ҶАВОНЗАН – ДАР СИРДАРЁ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 5 феврали соли 2022 аз даруни як чоҳ дар зери пули дарёи Душанбе ҷасади як марди ношиноси зоҳиран 40-45-соларо берун кашида, ҳамчунин аз Сирдарё ҷасади як ҷавонзани 31-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки ҳанӯз рӯзи 24 январ аз хона баромада, ғайб зада буд, пайдо кардаанд.

Бино ба иттилои кумита, рӯзи 5 феврал ба қисми навбатдории ин ниҳод занг зада, хабар додаанд, ки зери пули дарёи Душанбе дар даруни чоҳи обпарто ҷасаде намудор шудааст. Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса омада, аз даруни чоҳ ҷасади як марди ношиноси зоҳиран ягон 40-45-соларо берун овардаанд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ҷасадро барои ташхис ба мақомоти милитсия супурдаанд ва бояд акнун тафтишот шахсияти ин мард ва сабабҳои маргашро муайян кунад.

Ҳамчунин, ҳамин рӯзи якшанбе, 5 феврали соли 2023, наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ҷасади як занро аз Сирдарё берун овардаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, субҳи 5 феврал, соати 08:53, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раёсати вилоятӣ занг зада, хабар додааст, ки дар Сирдарё дар байни қамишзор як ҷасадро пайдо кардаанд. Гуруҳи навбатдорони раёсат ба ҷои ҳодиса омада, аз даруни қамишзор ҷасади як ҷавонзанро берун кашидаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Маълум шудааст, ки ин ҷасади як ҷавонзани 31-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки ӯзи 24 январи соли 2023 аз хона баромада, бо ҳамин бедарак шуда буд.

Сабаби марги ин ҷавонзанро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиш мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button