АфғонистонВидеоКоррупсияСиёсат

ТАҲҚИҚОТ: ҚАТАР БА АШРАФ ҒАНӢ 110 МЛН, БА УСТОД АТО 60 МЛН ВА БА ДӮСТУМ 50 МЛН ДОЛЛАР ДОДААСТ,ТО КИ БА ТОЛИБОН МУҚОВИМАТ НАКУНАНД

Шабакаи  итолиёвии “RAI” бо анҷоми як таҳқиқоти журналистӣ хабар дод, ки раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар ивази муқовимат накардан ба ҷунбиши Толибон аз Қатар беш аз 110 миллион доллар ришва гирифтааст. Бар асоси ин таҳқиқот, Қатар ҳамчунин дар ивази муқовимат накарданашон ба Толибон ба Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх беш аз 60 миллион доллар ва ба генерали ӯзбек Абдулрашиди Дӯстум беш аз 50 миллион доллар “ҳадя” додааст.

Ин расонаи дар Италия муътабар таъкид мекунад, ки таҳқиқоти журналистиашро дар ин масъала бар асоси манобеи дақиқ, пас аз сӯҳбатҳои тулонӣ бо шоҳидони воқеӣ ва баррасии санадҳои мӯътабар анҷом додааст.   Ба унвони далел таҳқиқотгарон ҳуҷҷатеро пешниҳод кардаанд, ки дар он муомилоти давлати Қатар бо раиси онвақтаи Бонки марказии Афғонистон ва ҳамзамон намояндаи хоси Ғанӣ дар Қатар Аҷмал Аҳмадӣ сурат гирифтааст.

Дар ин санад дида мешавад, Аҷмал Аҳмадӣ дар санаи 8-уми июли соли 2021 аз Муталлиқ Маҷид Ал-Қаҳтонӣ, намояндаи хоси давлати  Қатар ба миқдори 110 миллиону 478 ҳазор доллар пул гирифта ва дар зери ин санад имзои худро гузоштааст.

Ҳамзамон “RAI” менависад, ки ҳангоми гирифтани маблағ ва тартиб додани санад, Ал-Қаҳтонӣ дар Кобул дар Арки раёсатҷумҳурӣ бо худи Ғанӣ ҳам дидор кардааст. Ин вохӯрӣ бо Ғаниро он вақт  ҳатто вазорати корҳои хориҷии Қатар эълон карда буд.

Мулоқоти Ғанӣ бо намояндаи хоси Қатар

Дар он санаде, ки аз додани ин гуна маблағи калон ба Ғанӣ тартиб дода шудааст, тавзеҳе дода нашудааст, ки ин маблағ ба Ғанӣ барои чӣ пардохт карда шудааст? Аммо ҳамагӣ пас аз 5 ҳафтаи гирифтани ин 110 миллион доллар, Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор  кард ва “Толибон” бидуни ҳеҷ мамониат вориди Кобул шуда, қасри раисиҷумҳурро ғасб намуданд.

Ба гуфти таҳқиқотгарон, “ҳарчанд  Ғанӣ дар санаи 2-юми августи соли 2021 зимни суханронии худ дар парлумон аз мардуми Афғонистон хоста буд, то дар баробари “Толибон” истодагарӣ ва муқовимат кунанд, вале ҳамзамон ба волиҳои вулусволиҳое, ки бо “Толибон” меҷангиданд, фармони ақибнишинӣ медод. Ҳамин тавр, ҷангҷӯёни “Толибон” бо камтарин муқовимат вулусволиҳоро ғасб менамуданд”.

Ин бори аввал нест, ки расонаҳо ва коршиносони соҳа низомӣ фармони ақибнишинӣ аз Кобулро шубҳанок  ва ғайримантиқӣ меноманд. Ҳатто фармондеҳони артиши Афғонистон, ки дар минтақаҳои мухталиф бо ҷангҷӯёни “Толибон” дар ҷанг буданду баъзеашон то ба ҳадде пешравиҳои назаррас ҳам доштанд, мегуфтанд, ки “аз марказ ба онҳо дастур дода мешуд, то муқовимат накарда, ақибнишинӣ кунанд”.

Дар бахши дигаре аз ин гузориши таҳқиқотӣ дида мешавад, на танҳо Ашраф Ғанӣ аз Қатар пора гирифтааст, балки маршал Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур низ дар ивази маблағҳои ҳангуфте “харида” шудаанд. 

Рӯзноманигорон санадеро нашр намуданд, ки дар он омадааст: Давлати Қатар аз ҳусни ҳамкории шумо бо Аморати исломии Афғонистон ва хориҷ шудани ҷалолатмаоб маршал Абдурашид Дӯстум аз ҷабаҳоти ҷангӣ, махсусан вилоятҳои Форёб ва Ҷузҷон истиқбол намуда ва тибқи тавофуқ ҳадяе ба арзиши 50 миллиону 900 ҳазор доллар аз ҷониби давлат Қатар дар назар гирифта шудааст”.

Дар поёни ин ҳуҷҷат, ки дар санаи 15-уми июли 2021 ба тасвиб расидааст, имзои Иноятулло Бобур Фараҳманд, ба унвони муовини аввали раҳбари  Шӯрои мусолиҳаи миллӣ дида мешавад. 

Дар номаи дигаре, ки дар таърихи 16-уми июли соли 2021 ба имзо расидааст, давлати Қатар маблағи 60 миллиону 900 ҳазор доллар ба раиси Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон Ато Муҳаммади Нур “ҳадя” кардааст. 

Дар ин нома аз ҳамкории оқои Нур “дар арсаи пружаи сулҳ, тағйири низоми сиёсии Афғонистон ва ҳамкорӣ дар қисмати эҷоди давлати ҷадид дар Афғонистон” истиқбол шудааст. 

Имзои зери ин санад ба номи Фарҳод Азимӣ, волии вақти Балх ва намояндаи хоси Ато Муҳаммади Нур аст. 

Бояд хотирнишон кард, ки Ато Муҳаммади Нур ва маршал Дӯстум ба шимоли Афғонистон рафта буданд, то муштаракан як амалиёти низомиро ба зидди “Толибон” роҳандозӣ кунанд, вале дар ниҳоят бидуни кадом муқовимате ҳам Балху ҳам Мазори шарифро ба дасти Толибон доданд ва худ савори мошинҳои гаронбаҳо ва бо халтаҳои пури пул тавассути пули Хайратон – Тирмиз ба Ӯзбекистон фирор карданд ва сипас аз онҷо Ато ба Иморот ва Дӯстум ба паноҳгоҳи ҳамешагиаш Туркия рафтанд. 

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021 дар пешорӯи хуруҷи охирин нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти фармони Амрико ва НАТО дар байни ҳамагӣ чанд рӯз ва тақрибан бидуни кадом муқовимати ҷиддӣ аз ҷониби нирӯҳои ҳукумати қаблӣ тавонистанд қаламрави Афғонистонро қариб ба пуррагӣ зери назорати худ дароварда, режими қаблии худро бо номи “Аморати исломии Афғонистон” аз нав барқарор кунанд. То ҳол режими нави Толибон эътирофи байналмилалӣ ба даст наовардааст.

ДАР ЗЕР АКСҲОИ САНАДҲОИ АЗ ҚАТАР МИЛЛИОНҲО ДОЛЛАР “ҲАДЯ” ГИРИФТАНИ ҒАНӢ, ДӮСТУМ ВА АТО:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Яъне, намояндагони се қавми ағлаби Афғонистон (тоҷик, пашту ва ӯзбак) ба қавму миллати худ хиёнат карданд? Бар ивази ин миллионҳо доллар рӯзи қиёмат миллионҳо бор дар оташи ҷаҳаннам баҳо мепардозед. Эмомалӣ Раҳмон ҳам

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button