ВидеоҲодисаҶомеа

МИЛИТСИЯИ ДУШАНБЕ: ДУЗДИ КИСАБУРРО ҚАПИДЕМ (АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 6 феврали соли 2023 аз боздошти марде хабар дод, ки ба дуздӣ дар хатсайри байни бозорҳои “Саховат” ва “Корвон” гумонбар дониста мешавад

Чанд рӯз қабл як корбари Фейсбук бо нашри акси дуздоне, ки дар хатсайри байни ин ду бозор “кор мекунанд”, аз мақомоти милитсия хоста буд, то нисбат ба марди дар аксҳо инъикосёфта чораҳои қонунӣ андешида шавад. Улуғбек Бобобеков навишта буд, ки ин мард дар дохили нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ ба  кисабурӣ, яъне дуздии маблағҳои шаҳрвандон машғул аст.

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе дар иттилоияаш гуфт: “Оид ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, марди дар аксҳо инъикосёфта, шаҳрванд Каримов Қиёмиддин Муҳаммадисоевич, санаи таваллудаш 27. 05.1974, сокини ноҳияи Хуросон дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.  Айни замон, бо мақсади муайян намудани кирдорҳои ҷиноятии ӯ коркардҳои оперативӣ-санҷишӣ идома дорад”.

Вобаста ба ин, РВКД Душанбе аз шаҳрвандоне, ки аз ҷониби ин нафар мавриди дуздӣ қарор гирифтаанд, хостааст, то ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Улуғбек Бобобеков, як сокини шаҳри Душанбе рӯзи 2 феврали соли 2023 дар Фейсбук бо нашри чанд акси ду дузди кисабуре, ки дар нақлиёти мусофиркаш байни бозорҳои “Саховат” ва “Корвон” ба қавле “кор” мекунанд, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ки онҳоро дастгир карда, ба ҷавобгарӣ бикашонанд ва мардуми бечораро аз шарри онҳо халос кунанд.  Ба навиштаи Улуғбек Бобобеков, ронандагон ва пулчинакҳои хатсайри “Саховат” – “Корвон” низ дар ин ҳалқаи ҷиноятӣ ба истилоҳ “қӯш” буда, дар ивази ҳамагӣ 10 сомонӣ (!!!) ба онҳо иҷозат медиҳанд, ки дар дохили воситаи нақлиёти онҳо  озодона “кор” кунанд ва пулу моли мусофирони бечораро ба яғмо баранд.

Улуғбек Бобобеков навишт: Ин нафароне ки дар акс мебинед дар хатсайри “Саховат” – “Корвон” бисёр рӯ ба рӯ мешаванд, чун “ҷои кориашон” дар дохили айнан ҳамин нақлиёти мусофиркашон аст. Бори сеюм аст, ки бо ин ду нафар шахс дар дохили нақлиёти мусофиркашони хатсайри “Саховат” – “Корвон” рӯ ба рӯ мешавам ва ҳар дафъа шоҳиди он шудам, ки аз ҷузвдон, борхалта ва кисаҳои мардум талоши дуздидани ашёҳои қиматбаҳо ва маблағ мекунанд”.

Бобобеков дар идомаи матлабаш барои онки мақомот онҳоро шиносоӣ карда тавонанд, симои ду дуздеро, ки дар ин хатсайр “кор” мекунанд, низ тасвир кардааст: “Нафаре, ки дар рӯ ниқоб дорад, шахси қадпаст аст ва овози гӯшхарош дорад. Нафаре ки аз қафо сурат гирифтаам, шахси қадбаланди сиёҳранг аст ва дар дасташ захми на он қадар калон дорад”.

 Аммо, меафзояд Улуғбек Бобобеков, “аз ҳама дардовараш ин аст, ки аксари ронандагон ва пулчинакҳои ин хатсайр онҳоро мешиносанд ва мақсади ба нақлиёт савор шудани онҳоро медонанд, аммо ба ин нигоҳ накарда бар ивази 10 сомонӣ (худам шоҳид шудам ки пеш аз фаромадан як даҳсӯмаро ба ҷайби кондуктор андохт) онҳоро ба нақлиёт савор мекунанд, то онҳо мақсади ғаразноки худро анҷом диҳанд, ба қавле шароит фароҳам меоранд, то инҳо қонуншиканӣ кунанд”.

Улуғбек Бобобеков суҳбати як пулчинак бо ронандаро низ тақрибан айнан овардааст, ки байни худ аз он дуздони кисабур ситоиш мекарданд:

Ронанда:-Ба Худо гуноҳай, намегирем дига амиёра

Пулчинак:- Э хай, озӣ даҳ сум кӣ метат? Некем сағераҳо соз кор мекнан, 1000 то 1500 сомон мебардоранд паато, бояд ягон 50 сум бтан мода...

Муаллиф дар поёни матлабаш навиштааст, ки мақсаду ӯ ин аст, ки мардум огоҳ бошанд ва сайди шикори ин дуздони кисабур нагарданд ва МАҚОМОТҲОИ ДАХЛДОР низ нисбат ба ин ду шахс чораи қонунӣ андешанд. Садҳо нафар аз хонандагон низ ба муаллиф ҳамовозӣ карда, аз мақомот хостаанд, то дасти ин дуздони кисабурро аз ҷайби мардум ҳарчӣ зудтар кӯтоҳ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Ба қавли русҳо: “Вор не тот, кто ворует, а тот кто попался!” Дар Тоҷикистон даҳ миллион нафар бо дӯздӣ рӯз мегузаронанд. Бояд дар назар дошт, ки дӯздӣ хосси мардҳо ё хосси занҳо нест, ҷинояти дӯздӣ дар миёни кӯдакони синни поёнтарин низ ҳам мавҷу ҳам авҷ дорад. Муҳим нест, чӣ медӯздад, муҳим чӣ қадар ва барои чанд нафар: масалан як раисҷумҳур агар медӯздад, ӯ барои 9-фарзандаш медӯздад, ва дӯздӣ фақат дар шаб сурат намегирад, аксари дӯздиҳо дар рӯзи равшан содир мешаванд. Ришваситонӣ ҳам бародари дӯздист. Дӯздӣ ин маҳрум сохтани соҳиби мол аз молаш бошад, ришваситонӣ ҳам маҳрум сохтани дигарон аз молу мансабу замину осмону ғайра мебошад. Риббо-ин эълони ҷанг бо Худо бошад, дӯздӣ созишномаи сулҳ бо Худо нест, дӯздӣ ҳам ҷанг аст. Баъзеҳо аз дӯздӣ бой мешаванд, баъзеҳо бой медиҳанд. Ин, ки Тоҷикистон қафомонда аст, ба ин маъност, ки даҳ миллион дӯзд дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button