ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентТоҷикистон

МАОШУ НАФАҚАҲОРО ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ 20 ТО 25 ФОИЗ БОЛО МЕБАРАНД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 феврали соли 2023 бо имзои як фармон амр дод, ки “бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” аз 1 марти соли ҷорӣ маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуда, аз 1 июли соли 2023 маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳаҷми стипендияҳои донишҷӯён ва  нафақаи заминавӣ  ва дигар нафақаҳои мавҷуда 20 фоиз боло бурда шаванд.  Ҳамчунин нафақаҳои суғуртавӣ низ бояд аз 1 июл 16 фоиз индексатсия карда шаванд.

Ба ҳукумати Тоҷикистон амр дода шудааст, то хароҷоти вобаста ба афзоиши маошу нафақаҳоро дар сохтори буҷаи давлатӣ аз нави ҳисобу китоб кунанд ва дар зарфи як моҳи оянда аз ҳисоби буҷа манбаъҳои боло бурдани маошу нафақаҳоро муайян ва ҳисобу китоб кунанд.

Дар соли 2023 боло бурдани ҳаҷми маошу нафақаҳо ва стипендияҳо аз ҷумлаҳои ваъдаҳои президент Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 23 декабри соли 2022 дар паёми солонааш баён дошт.

Бар асоси фармони президент аз 6 феврал, аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз ва аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Инчунин аз 1 июли соли 2023 нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Нафақаҳои суғуртавӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин карда шудаанд, ба андозаи 16 фоиз зиёд карда мешавад.

Нафақаҳои дигари амалкунанда, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидаанд, ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда мешавад.

Мутобиқи ин фармон аз 1 июли соли 2023 стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, барои амалӣ намудани зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои мазкур аз рӯи андозаҳои дар боло зикргардида дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ равона мегардад. Ин ниҳод афзуд, “анҷом додани тадбири мазкур баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеа дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст”.

Дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми маошу нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттарин дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ ба шумор меравад. Ба ин далел, манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон на маошу нафақа, балки он пулҳоест, ки муҳоҷирони тоҷик аз хориҷ, асосан аз Русия мефиристанд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони
ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
1. Аз 1 марти соли 2023:
– маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 995 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 895 сомонӣ муқаррар карда шавад;
– андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, аз ҷумла мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатӣ ба андозаи 895 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатӣ ба андозаи 995 сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Аз 1 июли соли 2023:
– маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;
– андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, 440 сомонӣ муқаррар карда шавад;
– стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар карда шавад;
– нафақаҳои суғуртавӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин карда шудаанд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16 фоиз индексатсия карда шаванд;
– нафақаҳои дигари амалкунанда, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидаанд, ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ баробар ба 50 сомонӣ зиёд карда шаванд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
– амалигардонии фармони мазкурро дар соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
– дар муҳлати як моҳ санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;
– ҳисобкунии музди миёнаи меҳнатро барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигаре, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа), мутобиқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, амалӣ намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
6 феврали соли 2023
№526

Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 06.02.2023, №526

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ зиёд намудани маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендияро зарур шумориданд.

Дар ин робита фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 6 феврали соли 2023, №526 ба тасвиб расида, тибқи он аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз ва аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Инчунин аз 1 июли соли 2023 нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Нафақаҳои суғуртавӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин карда шудаанд, ба андозаи 16 фоиз зиёд карда мешавад.

Нафақаҳои дигари амалкунанда, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидаанд, ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда мешавад.

Мутобиқи ин фармон аз 1 июли соли 2023 стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Барои амалӣ намудани зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои мазкур аз рӯи андозаҳои дар боло зикргардида дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ равона мегардад.

Анҷом додани тадбири мазкур баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеа дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Фигура речи: “Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”. Аввалан, ин ташаббуси эмомалӣ ба нафъи кормандони буҷетӣ аст, онҳо сад ҳазор бештар нестанд ва шабу рӯз ҳамду санои пешворо доранд, дуввум ин дар муқоиса бо нарху навои рӯзафзуни бозор ночизтарин иқдом аст, саввум оё тоҷику тоҷикистонӣ лоиқи зиндагии беҳтар ё “сатҳи баландтар” ҳастанд? Дар Фаронса ё дилхоҳ кишвари аврупоӣ сатҳи зиндагӣ азбаски баланд аст, роҳбарони сиёсиро худ интихоб мекунанд, худ барканор мекунанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button