ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА ВА ЯК САДАМАИ ДИГАРИ МАРГБОР ДАР ХУРОСОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи истироҳати 4 ва 5 феврали соли 2023 дар се садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ 3 нафар ҷон бохтаанд. Ду садамаи марговар дар ҳудуди ноҳияи Данғара ва якеи дигар дар ҳудуди ноҳияи Хуросон рух додаанд.

Аз ҷумла шаби 4-уми феврали соли 2023, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, Ҷӯраев Бароталӣ Турақулович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Осмондара ба самти деҳаи Остонаи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа намудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Ҷӯраев Б.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин шоми 5-уми феврали соли 2023, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, Насимҷони Назрулло, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти деҳаи Шаҳбури кӯҳна аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Назаров Маҳмадшариф Фатҳуддинович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, Набиева Чамангул Алимардоновна, соли таваллудаш 1973, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назаров М.Ф. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамин тавр, субҳи 5-уми феврали соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Филдер”, Алиев Зиёдулло Тошмаҳмадович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Қаҳрамони ноҳияи мазкур дучархарон, Корчаев Ҷумамурод, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Муъминободро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Корчаев Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии БДА, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button