ВидеоТаърихФарҳанг

АЗ МАРГИ ФОҶИАВИИ ОВОЗХОНИ ҶАВОН ДАМИРБЕК ОЛИМОВ ЯК СОЛ ГУЗАШТ… (ВИДЕО)

 Аз марги фоҷиавии овозхони ҷавон Дамирбек Олимов як сол гузашт. Риштаи умри Дамирбек шаби 5 феврали соли 2022 дар як садама дар роҳи бозгашт ба Хуҷанд аз як маърака дар тарафи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) канда шуд.  Ӯ ҳамагӣ 33 сол дошт.

Ин ҳодиса дар навори хабарҳои милитсия бо забони хушки протоколӣ чунин дарҷ шудааст: “Шаби 5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Honda CRV», Олимов Дамирбек Ботурович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, якчанд маротиба чаппа шуд…”

Дар натиҷаи садама овозхон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду узви гуруҳи эҷодиаш: маҷруҳ шуданд. Мутрибони зиндамонда баъдан баёнот доданд, ки ӯ маст набуд ва садама вақте рух дод, ки Дамирбек дар ҳоли идораи мошин мехост дар телефонаш сабти наву ҳанӯз нотамоми худро, ки бар пояи матни шоири классик Абӯлсаиди Абулхайр ба шакли ниёиш ба Худованд таҳия шуда буд, шунавонад ва назари ҳамкоронашро бифаҳмад…

Дамирбек Олимовро худи ҳамон рӯзи 5 феврал дар зодгоҳаш шаҳраки Ғончӣ, маркази ноҳияи Деваштич бо кафкӯбӣ ба хок супурданд. Падари ӯ Ботур Олимов дар маросими дафн аз мардуми гирдиҳамомада хост, ки писарашро ба роҳи охират бо кафкӯбӣ гусел кунанд. Падари ғамзада дар ҳоле ки ашк гулӯгираш мекард, хитоб ба мардуми ҷамъомада гуфт: “Ба ҳамаатон раҳмат! Ман як илтимосам ҳаст, ки мумкин гапи ман хато ҳам бошад, бачаяки маро бори охирин бо кафкӯбӣ гусел кунед!”

Баъди  ин илтимоси падари ғамзадаи Дамирбек мавҷи кафкӯбӣ майдонро фаро гирифт.  Ба ин тартиб, маросими видоъ бо овозхон охирин бенефиси ӯ шуд ва мавҷи кафкӯбиҳо дар бағал Дамирбек раҳсипори  охирин сафари худ – сафари охират шуд…

Дамирбек Олимов 20 марти соли 1989 дар ноҳияи Деваштич  дар хонаводаи мутриби шинохта Ботур Олимов ба дунё омада, Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизро дар шаҳри Хуҷанд хатм кардааст. Дамирбек Олимов собиқаи ҳунариашро бо хондани таронаҳои “Шашмақом” сар карда, чандин сол дар ансамбли “Нури Хуҷанд” таҳти раҳбарии Ҳунарманди мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов ҳунари худро сайқал додааст. Дамирбекро таронаи “Кабӯтар”, ки бо Нигина Амонқулова  дар сабки Мавригӣ иҷро карданд, машҳур кард. Аз ӯ ба ғайр аз “Кабӯтар” чандин таронаи шоҳкори дигар, ба мисли “Дунё” ва “Зиндагӣ боқист, ёрон меравад” ба ёдгор монд.

 Дамирбек Олимов нахустин ҳунарманди тоҷик нест, ки дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон додаанд. Соли 1979 Муқаддас Набиева, соли 1991 Наргис Бандишоева  ва соли 2020 Баҳроми Ғафурӣ бар асари садама ҷони худро аз даст дода, ҳаводорони худро ғарқи мотам карданд. Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев, ду ширинкори маъруфи тоҷик, ки бо тахаллусҳои Усто ва Масто ном бароварда буданд, низ дар аввалҳои солҳои 80 дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button