ВарзишВидеоТоҷикистон

ВИДЕОИ АСПСАВОРИИ ИСМОИЛИ НАБЕРАИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР МУСОБИҚАИ БУЗКАШӢ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як видеои кӯтоҳи аспсавории Исмоили Муҳаммадзоир, набераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамошобини зиёд ҷамъ овардааст. Дар ин видео, ки ҳамагӣ 11 сония аст, Исмоил савори аспи сиёҳ дар як мусобиқаи бузкашӣ дида мешавад.

Исмоили Муҳаммадзоир, ки ахиран президенти Федератсияи гуштини дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд, набераи калонии президенти Тоҷикистон аз духтари калонии ӯ Фирӯза Раҳмонова ва домоди якумаш Муҳаммадзоир (Зоир) Соҳибов мебошад.

Исмоили Муҳаммадзоир ширкати тиҷоратии “IM Group” ва ҳамчунин толори варзишии “Ҳоҷӣ Шариф”-ро мечархонад ва бо иштироки фаъолонааш дар корҳои хайр ва дастгирии варзишгарону ҳунармандон ном баровардааст.

Исмоил ҳамчунин як муддат баъди тақрибан ба пуррагӣ баста шудани роҳҳои расмии дастрасӣ ба президент ягона канале буд, ки ба бобояш Эмомалӣ Раҳмон ахбори алтернативӣ мерасонд ва аз ҷумла президентро аз видеоҳо ва хабарҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба по мекарданд, хабардор мекард. Ба иттилои манобеи огоҳ, бисёре аз мансабдорон ба ин далел Исмоилро зиёд хуш надоранд ва кӯшиш мекунанд, ки ӯро дар пеши бобояш сиёҳ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button