ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ШУРӮИ ДИГАРБОРАИ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ БАЙНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА ПОЙТАХТ (ВИДЕО)

Ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистонро бар уҳда дорад, наздикиҳои нисфирӯзии 5 феврали соли 2023 эълон кард, ки баъди қариб ду рӯзи баста будани роҳ дар пайи рафъи оқибатҳои фурӯрезии тармаҳои зиёд билохира ҳаракати нақлиёти сабукрав тавассути ин шоҳроҳ дигарбора иҷозат дода шуд. Ширкат гуфт, ҳаракати нақлиёти сабукрав аз ҳарду самт таъмин буда,  аз соати 13 рӯзи 5 феврал ба ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳо низ рухсат дода мешавад.

Равуо тавассути ин шоҳроҳ аз шоми 3 феврал дар пайи фурӯ рехтани тармаҳои зиёд ва боришоти шадид  масдуд шуда буд.

Дар рӯзҳои охир шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд – Чаноқ инак чандин бор боз ба далели фурӯрезии даҳҳо тарма ва рехтани барф баста мешавад. Ду дафъаи охир ин шоҳроҳи ягонаи байни шимол ва маркази Тоҷикистон ба муҳлати қариб ду шабонарӯз баста шуд.

Аз ин қабл  равуо тавассути ин шоҳроҳ амалан аз шоми 1 феврал, инак қариб ду шабонарӯз боз манъ карда шудааст. Шоми 1 феврал дар қисмати ноҳияи Варзоби ин шоҳроҳ, аз километри 52 то 73, ба гуфтаи масъулони ширкати 45 тармаи хурду калон фурӯ рехт ва роҳро баст. Роҳро нимарӯзии 3 феврал ба як сурати маҳдуд боз карданд, вале алакай шоми 3 феврал боз ҳам ба далели тармарезӣ роҳ баста шуд.

Сокинони вилояти Суғд мегӯянд, баста шудани роҳ боиси дар бозорҳои ин вилоят боло рафтани нархи маҳсулоте шудааст, ки аз ҷануби Тоҷикикистон ба Суғд меомад. Аз ҷумла нархи лимӯ, ки пеш аз баста шудани роҳ як килояш 7 сомонӣ буд, то ба 18 сомонӣ расид.

Шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминиест, ки вилояти Суғдро бо дигар қисматҳои Тоҷикистон мепайвандад.  Ин шоҳроҳ дар соли 2009 бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой бозсозӣ шуд ва баъди бозсозӣ шуданаш пулакӣ гардонда шуда, масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS супурда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button