Минтақа ва ҷаҳонСиёсатЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ “АМИРИ БЕВАТАН” ГЕНЕРАЛ ПАРВИЗ МУШАРРАФ, ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ПОКИСТОН

Саъдӣ Юсуфӣ

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук 

Парвиз Мушарраф, генерали бознишаста ва раисҷумҳури собиқи Покистон, рӯзи 5 феврали соли 2023 дар Дубай даргузашт. Ӯ 80 сол дошт ва аз заъфи масунияти бадан ранҷ мекашид. Оқои Мушарраф тайи як табаддулоти бехунрезӣ дар 1999, ба қудрат расид ва султаи артишро бар кишвараш чира кард.

Мушарраф, зодаи Деҳлӣ, соли1943 ва баъди пора шудан Ҳинди бритонёӣ ба Ҳиндустону Покистон ба шаҳри Карочии Покистон ҳиҷрат кард ва сахтиҳову талхиҳоеро аз сар гузаронд.

Аз пиллаҳои хидмати низомӣ хуб пеш рафт ва дар рӯёрӯиҳо бо Ҳинд хуб дурахшид ва гуфта мешавад воқеаи маъруф ба “Каргил”-ро муҳандисӣ кард. Муддате дар Туркия зисту аз андешаву дидгоҳҳои муассиси он, Мустафо Камол Отатурк сахт мутаасcир шуд ва замони ба қудрат расидан, талош кард то таҷрибаи ӯро дар кишвари динбунёди худ такрор кунад.

Мушарраф нахустин сиёсатгари покистонӣ дар таърих буд, ки барои аввалин бор шиори “Пеш аз ҳама Покистон”-ро сар доду бо мухолифатҳои шадиди мазҳабиён дучор шуд. Аз тарафи дигар дар биниши динии кишвару мардумаш ҳам хост тағйире эҷод кунад. Ба бовари ӯ Ислом дар Покистон ниёз ба рӯшангарии мудерн дошт. Аз инҷо буд, ки сиёсати “Enlightened Moderations”-ро муаррифӣ кард, аммо натиҷааш баръакс шуд.

Дар сиёсати хориҷии кишвараш дар Афғонистон бо картаи миллиятӣ бозӣ кард. Аз тоҷикони Афғонистон дилхӯрагӣ дошт ва хашми кӯҳнаи кохнишинони Исломбодро дар қиболи тоҷикони Афғонистон, ки муқовиматашон нагузошт Покистон Афғонистонро аз худ кунад, пинҳон намекард. Муносиботи Аҳмадшоҳ Масъуд бо Ҳинд-рақиби дерина ва ҳамсояи нохуби Покистон – бар оташи хашми ҷанролони покистонӣ равған мерехт. Вақте аз тоҷикони Афғонистон сухан заданаш онҳоро як ақаллияти ками беарзиш мехонд ва ҳатто аз бурдани вожаи тоҷик бар забон зиёд роҳат набуд. Тоҷикони Афғонистонро панҷшерӣ мехонд ва мегуфт онҳо 5 – 10 дарсади ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд.

Дар даврони қудрат дар даст доштанаш аз Тоҷикистон ҳам дидан кард ва бо иқтидори энергетикӣ ва тарҳи Роғун ошно шуд. Ӯ дар корзори интихоботияш барои раёсати ҷумҳурӣ дар баробари мардумони камбизоату нодори минтақаҳои шимоли Покистон суханронӣ мекарду онҳоро ваъда медод, ки барояшон аз Тоҷикистон барқ меёрад ва ба ақибмондагиву фақрашон хотима медиҳад. Ӯ ба сароҳат мегуфт “дар Тоҷикистон барқ хеле зиёд аст”.

Мушарраф дар 2001 ба пурсиши Ҷорҷ Буши хурдӣ, ки : “Бо моӣ ё алайҳи мо?” посухи мусбат доду ба расмият шинохтани Толибон дар Афғонистонро лағв кард ва сафири Толибон Мулло Абдуссалом Заъифро дудаста ба пмрикоиҳо потахс кард.

Сипас бо фирориёни гуруҳҳои тундрави мазҳабӣ ба Покистон тиҷорати бузургеро бо ИМА пеш бурд. Ашхосу афроди маъруфи Толибону ал-Қоидаро дастгир мекарду дар баробари дарёфти инъомҳои калон ба ИМА месупорид. Неруҳои демократӣ ва мазҳабӣ талошҳои зиёде барои барандозии ӯ мекарданд. Дар замони ҳукмронии ӯ буд, ки Беназир Буту маъруф ба “Духтари Шарқ” ба қатл расид.

Дар 2008 оқои Мушарраф аз қудрат канор зада шуду аз ватанаш фирорӣ шуд. Китоби машҳуреро ҳам бо унвони “ Дар ҷабҳаи оташ” ба дасти чоп супориду солҳо дар конфронсу нишастҳои гуногун дар кишварҳои мухатлиф аз таҷрибаи ҳукуматдорияш сухан кард.

Даврони пирияшро Парвиз Мушарраф дар диёри ғурбат сипарӣ карду аз ранҷу дарду беморӣ мисли як амири беватан, субҳи имрӯз, дар Дубай даргузашт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button