ВидеоИлму фанноварӣ

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! СОКИНИ НОҲИЯИ ҶОМӢ ДАСТГОҲЕ СОХТААСТ, КИ ҲАМ ПЕЧКА ДОРАД ВА ҲАМ ДУХОВКА (ВИДЕО)

Як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҷҳизоте сохтааст, ки онро метавонед ҳам ҳамчун печка ва ҳам ба сифати духовка истифода бурд.

Дар видеои нашршуда нархи он 1500 сомонӣ гуфта мешавад.

Як ҷавон бо таблиғи сифатҳои ин дастгоҳ мегӯяд: “Ҳам печка дорад ва ҳам барои ду лист духовка. Аз ин тараф, гарм мешавад, аз ин тараф, аз духовка самбӯсаи гармро мегиреду мазза карда мехӯред. Боз нагӯед, ки тоҷикҳо ягон ихтироъ карда наметавонанд!”

 Бисёриҳо дар зери ин видео ба сокини ноҳияи Ҷомӣ офарин хонда, ҳамон шиори машҳурро навиштаанд: “Тоҷикистон, ба пеш!”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button