ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

САЙИД ШАМС АЗ БОЗДОШТ ОЗОД ШУДА, БА ҲАҶҶИ УМРА БА АРАБИСТОНИ САУДӢ РАФТААСТ (2 АКС)

Сайид Шамс, хаттот, соҳибкор ва фаъоли шинохтаи тоҷик, ки  дар моҳи ноябри соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, рӯзи 4 феврали соли 2023, баъди қариб се моҳи нопадид шуданаш аз худ дарак додааст ва бо ирсоли як акс ба чанде аз дӯстонаш дар Фейсбук хабар додааст, ки дар Тоҷикистон аз боздошт озод шуд ва ҳоло барои адои Ҳаҷҷи умра дар Арабистони Саудӣ қарор дорад. Дар ин акс Сайид Шамс дар Макка дар канори Каъба сабт шудааст.

Дастикам ду нафар аз дӯстони Сайид Шамс рӯзи 4 феврал дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд, ки аз ӯ дар бораи дар сафари Ҳаҷҷи умра буданаш паём гирифтаанд.

Соате қабл аз нашри ин хабар Сайид Шамс ду акс аз ҷараёни зиёраташ аз Арабистони Саудиро дар саҳифаи худ дар Фейсбук низ нашр кард.

“Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки Сайид Шамс, хаттот, тоҷир ва фаъоли тоҷик,ки  солҳои зиёде дар Русия ба сар мебурд ва дар ин кишвар ҳаққи иқомат дошт, аз ҳаққи иқомат дар Русия маҳрум гардонида шуда,  ба Тоҷикистон ихроҷ карда шудааст. Дар бораи сарнавишти баъдии ӯ  маълумоте дар даст набуд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон низ то имрӯз дар ин бора ягон хабаре нашр накардаанд. Вале дӯстонаш аз замони таҳти таъқиби мақомоти амниятии Русия қарор гирифтани Сайид Шамс тарс доштанд, ки дар сурати ихроҷ ё истирдод ба Тоҷикистон ӯро метавонанд барои изҳори назарҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар онҷо ба ҳабс бигиранд. Сайид Шамс дар шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан дар Фейсбук аз мақомоти кунунии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, аз мақомоти Эрону Русия дар масоили мухталиф танқид ва ба ислоҳоти ҷиддии сохтори давлат ва муборизаи беамон бо коррупсия дар Тоҷикистон даъват мекард.

Яке аз дӯстони Сайид Шамс рӯзи 5 декабри соли 2022 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, бино ба иттилои онҳо, Сайид Шамсро алакай аз Русия ихроҷ карда ва ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд.  “Ҳамин қадар маълумот дорам, ки ӯ алакай дар Душанбест. Дар бораи ин ки ӯ ҳоло дар дасти кист ва ба чӣ айбдор мешавад?, маълумоте дар даст нест”, – гуфта буд ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Сайид Шамс бори охир бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 9 ноябри соли 2022, вақте тамос гирифт, ки ӯро аз боздоштгоҳи муҳоҷирони рӯ ба ихроҷ барои баррасии парвандааш ба додгоҳ оварда буданд ва ӯ дар бинои додгоҳ барои муддати кӯтоҳе тавонист ба телефонаш дастрасӣ пайдо кунад. Ӯ дар як суҳбати кӯтоҳ тасдиқ кард, ки ФСБ ба зиддаш парванда кушодааст ва дар поёни моҳи октябр ӯро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва ба ихроҷ маҳкум кардаанд. Вале Сайид Шамс он вақт ҳанӯз умед дошт, ки дар додгоҳ баранда мешавад ва аз ин рӯ, хоҳиш карда буд, ки хабари ҳабсу парвандааш расонаӣ нашавад.

Мушкили Сайид Шамс бо мақомоти амниятии Русия чанд сол боз идома дошт ва ӯ дар ин байн чанд дафъа, аз ҷумла дар соли 2019 ва дар аввали соли 2022 низ боздошт шуда буд. Гуфта мешуд, ки ФСБ ӯро ба нақзи қонунҳои Русия ҳангоми  гирифтани ҳаққи иқомат дар ин кишвар айбдор мекунад.  Қаблан бо истифода аз айни васила чанд фаъоли дигари тоҷик, аз ҷумла Каромат Шарипов ва Иззат Амонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда, ба Тоҷикистон фиристода буданд. Аммо агар Каромат Шарипов баъди ихроҷаш дар Тоҷикистон дар озодӣ қарор дошт ва то дами маргаш барои барқарор кардани ҳаққи бозгашташ ба Русия талош мекард, Иззат Амонро баробари расиданаш ба Душанбе ба ҳабс гирифтанд ва тавассути ду мурофиаи додгоҳӣ дар умум ба 14 соли зиндон маҳкум карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button