Хабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ВАЪДАИ АЗ МАҲБАС ОЗОД КАРДАН ВА СЕ ДУЗДӢ ДАР ДУШАНБЕ, КӮЛОБ ВА БӮСТОН

Ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Вахш ба он гумонбар мешавад, ки моҳи апрели соли 2022 бо роҳи фиреб аз як зани 45-солаи сокини ноҳияи мазкур  бо ваъдаи аз маҳбас озод намудани шавҳараш 93 ҳазор сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст.

хххххххх

Як марди солхӯрдаи 68-сола дар пойтахт бо иттиҳоми дуздии як рӯйпӯши рахти хоб,  аз дохили мағоза дар моши августи соли 2022 дастгир шудааст. Ин рӯйпӯш 7500 сомонӣ арзиш доштааст.

хххххххххххххххх

Сокини 21-солаи Кӯлоб субҳи 2 феврал пинҳонӣ вориди хонаи к сокини ин шаҳр шуда,  аз дохили сандуқи чӯбин 1200 доллар ва 40 ҳазор сомониро дуздидааст.

хххххххххххххх

Сокини 27-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ зиндонишудаи шаҳри Бӯстон ба он гумонбар мешавад, ки  моҳи октябри соли 2022 аз хонаи як зани 39-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ба маблағи 5666 сомонӣ ашёи рӯзгорашро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 04.02.2023

Содир намудани қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

03

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Вахш, моҳи апрели соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии зани 45-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, барои аз маҳбас озод намудани шавҳараш, марди 48-солаи сокини ҳамон ҷо, аз ӯ 93 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Кормандони милитсия як қатор ҷиноятҳои дуздиро ошкор карданд

35

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян шуд, ки марди 68-солаи сокини пойтахт, тахминан моҳи августи соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили толори ҷиҳозфурӯшӣ 1-адад рӯйпӯши рахти хобро, ки ба зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Номбурда, бо ҳамин роҳ тахминан моҳи августи соли 2022, аз дохили толори ҷиҳозфӯрушии мазкур 1-адад гарданбанди тиллоиро, ки ба зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 44-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки 2-юми феврали соли 2023, тахминан соати 09:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи чӯбин 1 ҳазору 200 доллари амрикоӣ ва 40 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 52 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Кӯлоб содир намудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон бо ариза зани 39-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Бӯстон даромада, аз он ҷо ашёҳои рӯзгорашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 666 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button