ВидеоИқтисодКоррупсияНуқтаи назар

ГАПИ ОЗОД: РОҲИ МАҲВИ РИШВАХОРИВУ ФАСОД ДАР ТОҶИКИСТОН ОЁ ҲАСТ? (ВИДЕО)


Созмони Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар гузорише гуфт, “коррупсия дар Тоҷикистон расм шудааст” ва “мақомот ислоҳоти бунёдӣ намегузаронанд”.

Чанде пеш вазири собиқи саноатШавкат Бобозода барои қаллобӣ ҷаримаи бузурге пардохту аз ҳабс озод шуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ришвахорӣ дар ҳама ҷо ҳаст ва ба амнияти кишвар таҳдид мекунад.

Мавзӯи барнома фасоду ришвахорӣ аст ва ин ки чаро Тоҷикистон натавонист, ин зуҳуротро решакан ё ҳадди ақал кам кунад? Барои суҳбат вакили мудофеъ Бахтиёр Насруллоев ва рӯзноманигор Зулфиқори Исмоилиёнро даъват кардем.

Бахтиёр Насруллоев: “Ҳамчун адвокат, ҳамчун фаъоли ҷомеа мегӯям, ки дар Тоҷикистон фасод вуҷуд дорад ва кам ҳам нест. Бисёр ривоҷ ёфтааст. Мисолҳое, ки овардед, дар хусуси вазир ва раиси ноҳия, баёнгари ҳол аст.”

Зулфиқори Исмоилиён: “Фасод на фақат дар Тоҷикистон, дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ ҳаст, мушоҳида мешавад. Дар бораи Тоҷикистон чуноне раиси ҷумҳур гуфтааст, фасод вуҷуд дорад. Воқеан ҳаст, вале чӣ гуна метавонем инро собит кунем, ки зиёд аст ё кам.”

Бахтиёр Насруллоев: “Мақомот ба зидди коррупсия мубориза мебаранд. Агар мубориза намебуд, омори боздоштшудаҳоро аз куҷо мегирифтед? Муаммо дар дигар чиз аст. Бояд ҷомеа назорат кунад ва зидди коррупсия барояд. Барои ин, дар ҳама соҳаҳо ислоҳоти куллӣ зарур аст. Ман дар айни замон ба зидди ин андеша ҳастам, ки порахӯрӣ дар менталитети мардуми тоҷик аст. Дар менталитети мо умуман порахӯрӣ нест.”

Зулфиқори Исмоилиён: “Агар ба ҳамин шарту шароите, ки имрӯз дорем, муборизаро бо коррупсия идома диҳем, чизе ба даст намеояд. Танҳо шумораи мардуме, ки дастгир мекунему ҷазо медиҳем, бештар мешаванд. Мансабдорон аслан фикр намекунанд, ки барои ин кор ҷарима мешаванд ё зиндонӣ Хайр чӣ? Ҷарима бастанд, ҷаримаро месупоранду боз ба кор давом медиҳанд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button