ВидеоКоррупсия

РАИСИ СОБИҚИ ПАНҶАКЕНТ ШОКИР СОБИРОВ ВА ДУ ФАРЗАНДАШ БА ФИРЕБИ ЯК СОҲИБКОР БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 2 МИЛЛИОН ДОЛЛАР АЙБДОР МЕШАВАНД (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон 2 феврали соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз боздошти гуруҳи муташаккили ҷиноятии иборат аз аъзои як хонавода (падар ва ду фарзандаш) хабар дод, ки ба гуфтаи мақомот, дар фиреби як соҳибкори хонасоз ба маблағи беш аз 2 миллион доллар айбдор мешаванд. Сарвари ин хонавода Собиров Шокир Ҷобирович, ки ҳоло 68 сол дорад, дар солҳои 90 вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи Қӯштеппаи Панҷакент ва ҳам чандин сол раиси шаҳри Панҷакент буд.

Худи дастгиршудагон ваё наздикону адвокаташон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ВКД мегӯяд, ки Шокир Собиров ва фарзандонаш Умед ва Далер Собировҳо аз тарафи кормандони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП) дастгир шуда, ба он айбдор мешаванд, ки аз соҳибкор Аъзам Собиров барои сохтани як бинои баландошёна дар пойтахт беш аз 2 миллион доллар гирифтаанд. Шаҳрдории Душанбе ба Аъзам  Собиров барои сохтани маркази коргузорӣ ё маркази тиҷоратӣ иҷозати сохтмон дода будааст, вале Аъзам Собиров ба далели ба талаботи шаҳрдорӣ мувофиқ набудани бинои сохташуда онро қабул намекунад ва талаб мекунад, ки беш аз 2 миллион пули ба ҳисоби ширкати Умед Собиров гузарондаашро баргардонда диҳад.

Умед Собиров бо ҷониби даъвогар вориди баҳсҳои додгоҳӣ шуда, барои таъмини пирӯзии худ дар додгоҳ бо роҳи сохтакорӣ манзилҳои сохташударо ба номи хешу табораш ҳуҷҷат кардааст. ВКД мегӯяд, бисёре аз онҳое, ки манзилҳоро ба номашон ҳуҷҷатгузорӣ карда буданд, ҳатто хабар надоштанд, ки ба номи онҳо дар Душанбе чунин манзил ҳаст.

Умед Собиров дар гузориши нашршуда эътироф мекунад, ки азбаски Аъзам Собиров пулашро талаб дошт ва ӯ алакай ин пулҳоро дар сохтмони бино сарф карда, имкони баргардондани беш аз 2 миллион долларро надошт, маҷбур шуд, ки даст ба чунин сохтакорӣ бизанад.

Дар гузориш Собировҳоро ҳамчунон ба он айбдор карданд, ки 15 сол пеш аз шуъбаи бонки ҳоло муфлисшудаи “Тоҷиксодиротбонк” дар Панҷакент 150 ҳазор доллар қарз гирифта, то ҳол қарзи бонкро ҳам барнагардондаанд.

Вале чанде аз сокинони Панҷакент дар зери хабари боздошти Шокир Собиров ва фарзандонаш аз ӯ ҳимоят карда, навиштаанд, ки саҳми ӯ дар наҷоти сокинони Панҷакент аз гуруснагӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бузург буд. Ба назари онҳо, худи ин парванда ҳам бештар ба баҳси тиҷоратӣ шабоҳат дорад, то ба қаллобӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. ЧАРО АЪЗОИ КАДОМ ҲИЗБ БУДАНИ БАЪЗЕ АФРОДИ ҶИНОЯТКОРРО БО ТОБИШУ ҶИЛВАИ ЗИЁД ЭЪЛОН МЕКУНАНДУ БАЪЗЕАШОНРО НАМЕГӮЯНД?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button