ВидеоҲодисаҶомеа

АЗ ИНҲО ЭҲТИЁТ КУНЕД! НАШРИ АКСИ ДУ ДУЗДИ КИСАБУРИ ХАТСАЙРИ “САХОВАТ” – “КОРВОН”

Улуғбек Бобобеков, як сокини шаҳри Душанбе рӯзи 2 феврали соли 2023 дар Фейсбук бо нашри чанд акси ду дузди кисабуре, ки дар нақлиёти мусофиркаш байни бозорҳои “Саховат” ва “Корвон” ба қавле “кор” мекунанд, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ки онҳоро дастгир карда, ба ҷавобгарӣ бикашонанд ва мардуми бечораро аз шарри онҳо халос кунанд.  Ба навиштаи Улуғбек Бобобеков, ронандагон ва пулчинакҳои хатсайри “Саховат” – “Корвон” низ дар ин ҳалқаи ҷиноятӣ ба истилоҳ “қӯш” буда, дар ивази ҳамагӣ 10 сомонӣ (!!!) ба онҳо иҷозат медиҳанд, ки дар дохили воситаи нақлиёти онҳо  озодона “кор” кунанд ва пулу моли мусофирони бечораро ба яғмо баранд.

Улуғбек Бобобеков менависад: “Ин нафароне ки дар акс мебинед дар хатсайри “Саховат” – “Корвон” бисёр рӯ ба рӯ мешаванд, чун “ҷои кориашон” дар дохили айнан ҳамин нақлиёти мусофиркашон аст. Бори сеюм аст, ки бо ин ду нафар шахс дар дохили нақлиёти мусофиркашони хатсайри “Саховат” – “Корвон” рӯ ба рӯ мешавам ва ҳар дафъа шоҳиди он шудам, ки аз ҷузвдон, борхалта ва кисаҳои мардум талоши дуздидани ашёҳои қиматбаҳо ва маблағ мекунанд”.

Бобобеков дар идомаи матлабаш барои онки мақомот онҳоро шиносоӣ карда тавонанд, симои ду дуздеро, ки дар ин хатсайр “кор” мекунанд, низ тасвир кардааст: “Нафаре, ки дар рӯ ниқоб дорад, шахси қадпаст аст ва овози гӯшхарош дорад. Нафаре ки аз қафо сурат гирифтаам, шахси қадбаланди сиёҳранг аст ва дар дасташ захми на он қадар калон дорад”.

 Аммо, меафзояд Улуғбек Бобобеков, “аз ҳама дардовараш ин аст, ки аксари ронандагон ва пулчинакҳои ин хатсайр онҳоро мешиносанд ва мақсади ба нақлиёт савор шудани онҳоро медонанд, аммо ба ин нигоҳ накарда бар ивази 10 сомонӣ (худам шоҳид шудам ки пеш аз фаромадан як даҳсӯмаро ба ҷайби кондуктор андохт) онҳоро ба нақлиёт савор мекунанд, то онҳо мақсади ғаразноки худро анҷом диҳанд, ба қавле шароит фароҳам меоранд, то инҳо қонуншиканӣ кунанд”.

Улуғбек Бобобеков суҳбати як пулчинак бо ронандаро низ тақрибан айнан овардааст, ки байни худ аз он дуздони кисабур ситоиш мекарданд:

Ронанда:-Ба Худо гуноҳай, намегирем дига амиёра

Пулчинак:- Э хай, озӣ даҳ сум кӣ метат? Некем сағераҳо соз кор мекнан, 1000 то 1500 сомон мебардоранд паато, бояд ягон 50 сум бтан мода…

Муаллиф дар поёни матлабаш навиштааст, ки мақсаду ӯ ин аст, ки мардум огоҳ бошанд ва сайди шикори ин дуздони кисабур нагарданд ва МАҚОМОТҲОИ ДАХЛДОР низ нисбат ба ин ду шахс чораи қонунӣ андешанд. Садҳо нафар аз хонандагон низ ба муаллиф ҳамовозӣ карда, аз мақомот хостаанд, то дасти ин дуздони кисабурро аз ҷайби мардум ҳарчӣ зудтар кӯтоҳ кунанд.

РВКД Душанбе ҳанӯз ба ин матлаб вокуниш накардааст, вале маъмулан баъди нашри чунин матлабҳои пурсарусадо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мақомоти милитсияи пойтахт хеле зуд аз андешидани чораҳои фаврӣ ва боздошти “қаҳрамонҳо” хабар медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button