ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ СЕСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОРКАШ ДАР ШАҲРИТӮС

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 2-юми феврали соли 2023, тахминан соати 15:35, ронандаи мошини боркаши тамғаи “ФОРЛАНД”, Абиров Норқузӣ Ишдавлатович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Дӯстии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Холёрзода Комронбек Абдувалӣ, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарони ноболиғ Холёрзода К.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

ВКД Тоҷикистон дар рӯзҳои охир дар бораи чандин садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон хабар дод. Аз ҷумла шоми 31-уми январи соли 2023, тахминан соати 19:30, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, Худойбердиев Муҳаммадтоир Абдусаломович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа намудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Худойбердиев М.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, субҳи 1-уми феврали соли 2023, тахминан соати 08:45, ронандаи автомашинаи тамғаи «Даф-105», Шарипов Ҷамшед Ибрагимович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти маҳаллаи Чорбоғ, пиёдагард Раҳматуллоев Сунатуло Иброҳимович, соли таваллудаш 1960, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Раҳматуллоев С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, субҳи 31-уми январи соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Чилаев Алишер Ҳусейнович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Крупскаяи шаҳри Душанбе аз самти кӯчаи Н.Қарабоев ба самти маҳаллаи Гулбутта, дар болои хатти пиёдагардони танзимшаванда пиёдагард, Рустамхонзода Ҳалима, соли таваллудаш 2004, сокини пойтахтро пахш намуда, сипас ба автомашинаи тамғаи «Хондай Элантра», ки таҳти идораи ронанда, Алиев Умар Файзиевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе, қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Рустамхонзода Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардида, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии БДА, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button