ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАСТГИР ШУДАНИ БОЗ ЯК ҶАВОНЗАН БАРОИ КИСАБУРӢ ДАР БОЗОРИ “КОРВОН”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 03.02.2023

Қаллобӣ вобаста ба хонаи истиқоматӣ

01

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 27-уми июни соли 2022, марди 39-солаи сокини шаҳри Ҳисор, худро корманди ҶДММ “Меҳан сохтмон лоиҳакаш” муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 113 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар назди бозори Гулистони шаҳри мазкур аз бинои баландошёна хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҷиноятҳои дуздӣ

030

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки шаби 1 ба 2-юми феврали соли 2023, тахминан соати 01:20-дақиқа шахси номаълум бо тариқи шикастани қулфи дар ба мағозаи хусусиаш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ даромада, аз хазинааш 4 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 2-юми феврали соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, ҳангоми дар бозори “Корвон”-и пойтахт қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш 9 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ин алакай дуюмин ҳодисаи бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори “Корвон” ба даст афтодани занон дар рӯзҳои охир аст.

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ДУЗДИИ ҶУЗВДОНИ ПУР АЗ ПУЛУ ҶАВОҲИРОТ ДАР БОЗОРИ “КОРВОН”

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми январи соли 2023, тахминан соати 12:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар ҶДММ Бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе 1-адад ҷуздонро, ки дар дохилаш 1000 доллари амрикоӣ, 6 ҳазору 700 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расониадашуда 27 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи сокини ноҳияи Фархор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button