ВарзишВидеоЧеҳраҳо

11 ФУТБОЛБОЗИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМА ДАВРУ ЗАМОН

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) ҳайъати дастаи рамзии яккачини Тоҷикистон дар ҳама давру замонро тартиб додааст. Ба ин ҳайъат ягон нафар аз футболбозони даврони истиқлоли Тоҷикистон роҳ наёфтаанд ва аксарияти кулли онро футболбозони давраи тиллоии дастаи “Помир” (Душанбе), ки дар поёни солҳои 70 ва дар солҳои 80 ҳунарнамоӣ мекарданд, ташкил додаанд. Он даврон давраи авҷи шуҳрати футболи тоҷик ба шумор мерафт ва дастаи “Помир” баъди чандин соли талошҳо билохира ба лигаи олии чемпионати футболи СССР роҳ ёфту ду дастаи дигари Тоҷикистон: “Хуҷанд” ва “Вахш” бомуваффақият дар лигаи дуюми футболи Шӯравӣ қувваозмоӣ мекарданд.

Коршиносони Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол ин 11 футболбозро ба ҳайъати тими яккачини ҳама давру замони Тоҷикистон интихоб кардаанд:

Дарвозабон Валерий Саричев

Ҳимоятгари тарафи рост Ҳаким Фузайлов

Ҳимоятгари тарафи чап Алексей Чередник

Ҳимоятгари марказӣ Рашид Раҳимов

Ҳимоятгари марказӣ Леонид Кириленко

Нимҳимоятгари тарафи рост Александр Азимов

Нимҳимоятгари тарафи чап Эдгар Гесс

Нимҳимоятгари марказӣ Олег Ширинбеков

Нимҳимоятгари самти пеш Владимир Ғуломҳайдаров

Ҳамлагар Валерий Турсунов

Ҳамлагар Мӯҳсин Муҳаммадиев

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол соли 1984 дар Олмон таъсис ёфта, машғули таҳқиқи таърих ва омори футбол аст. Ин ниҳод ҳар сари чанд вақт дастаҳои рамзии кишварҳои гуногунро низ тартиб медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button