ВидеоҶомеа

ЯК СОКИНИ ДАНҒАРА ҲАМСАРАШРО 11 ЗАРБАИ КОРД ЗАДААСТ

Кормандони милитсия як сокини 35-солаи ноҳияи Данғараро бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир кардаанд. Худи дастгиршуда ва наздиконаш барои шарҳи ин қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 2 феврали соли 2023 хабар дод, ки ин сокини Данғара рӯзи  31-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:00, аз бозори “Ганҷина”-и шаҳри Душанбе як корд харида, ба ноҳияи Данғара рафтааст. Тахминан соати 18:00 ӯ ба ноҳияи Данғара расида, дар як нуқтаи фурӯши машрубот 200 грамм нӯшокии коняк нӯшида, сипас дар ҳолати мастӣ ба хонаи волидайни ҳамсараш, зани 30-солаи ноҳияи мазкур рафтааст ва  бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ, бо корди бо худ овардааш 11 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст.
Да натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Дар бораи сабабҳои муноқишаи оилавӣ, ки ба чунин фарҷоми хунин овард, дар иттилоияи расмӣ чизе гуфта нашудааст. ВКД танҳо гуфт, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ахиран ВКД Тоҷикистон  хабар дода буд, ки рӯзи 28-уми январи соли 2023, тахминан соати 11:30, марди 50-солаи сокини шаҳри Исфара, маъюби гурӯҳи дуюм, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш зани 48-соларо, ки дар дохили хуҷраи истиқоматиашон тариқи телефон сӯҳбат дошт, бо оҳани дарозиаш 60 см, 4 маротиба ба сараш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешовандони наздик, аз ҷумла ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштори ҳамсарон аз дасти шавҳарон, тавре аз натиҷаҳои тафтишот бармеояд, асосан дар заминаи рашк сурат мегирад.

Аз ҷумла 28- уми ноябри соли 2022 дар ноҳияи Зафаробод Зокир Аъзамов ҳамсараш Фируза Аъзамова ва писарчаи 9 солаашро бо бераҳмии махсус кушта, ҷасади онҳоро оташ зада буд.

Ҳамин тавр, ахиран додгоҳи вилояти Суғд сокини 37-солаи шаҳри Истаравшан Баҳоваддин Нарзуллоевро барои қатли ҳамсараш дар ҳолати мастӣ ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешавад, ки ин мард ҳамсарашро барои итоат накардан ба амри ӯ ва наистодан дар ҷое ки ӯ амраш дода буд, зада-зада куштааст.

 “Ӯ моҳи августи соли 2022 бо ҳамсараш Уғулой Пӯлотова ба бозори марказии шаҳри Истаравшан рафта, барои харидории оби нӯшокӣ ба мағоза медарояд. Баъди баромадан дар ҷое, ки гуфта буд, ҳамсараш бояд истад, нест. Дар  ғазаб шуда, машрубот менӯшад ва хона омада, ҳамсарашро намеёбад”, – нақл кардааст ҷараёни ин ҳодисаро манбаъи  “Азия Плюс” аз додгоҳи вилояти Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди он ки ҳамсараш ба хона меояд, Баҳоваддин Нарзуллоев ӯро пурсуҷӯ карда, то аз ҳуш рафтан латукӯб мекунад. “Бо ин ҳам қаноат накарда, бо “термос”-и пури оби ҷӯш ронҳои занро месӯзонад ва баъдан буғӣ карда мекушад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Ба таъкиди манбаъ, Баҳоваддин Нарзуллоев бо мақсади пинҳон кардани амалаш сару либоси хунолуди ҳамсарашро иваз карда, як рӯз пас волидони марҳумро огоҳ кардааст, ки гӯё духтарашон бо марги худ фавтидааст. Вале хулосаи экспертизаи судӣ маълум кардааст, ки ӯ аз латукӯб ва буғикунӣ фавтидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button