ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХУРОСОН ВА ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 2 феврали соли 2023 хабар дод, ки тайи ду рӯзи гузашта дар ду садама дар ноҳияи Хуросон ва дар пойтахт ду нафар ба ҳалокат расидаанд.  Аз ҷумла шоми 31-уми январи соли 2023, тахминан соати 19:30, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, Худойбердиев Муҳаммадтоир Абдусаломович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа намудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Худойбердиев М.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, субҳи 1-уми феврали соли 2023, тахминан соати 08:45, ронандаи автомашинаи тамғаи «Даф-105», Шарипов Ҷамшед Ибрагимович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти маҳаллаи Чорбоғ, пиёдагард Раҳматуллоев Сунатуло Иброҳимович, соли таваллудаш 1960, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Раҳматуллоев С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Қаблан гузориш шуда буд, ки субҳи 31-уми январи соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Чилаев Алишер Ҳусейнович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Крупскаяи шаҳри Душанбе аз самти кӯчаи Н.Қарабоев ба самти маҳаллаи Гулбутта, дар болои хатти пиёдагардони танзимшаванда пиёдагард, Рустамхонзода Ҳалима, соли таваллудаш 2004, сокини пойтахтро пахш намуда, сипас ба автомашинаи тамғаи «Хондай Элантра», ки таҳти идораи ронанда, Алиев Умар Файзиевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе, қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Рустамхонзода Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардида, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки шаби 28-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 22:35, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Исматов Мизробҷон Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 29-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан», таҳти идораи Зоиров Абдураҳмон Шамсудинович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Исматов М.С. ва мусофираш Пиров Ҷамшед Шарифбекович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин рӯзи 27 январи соли 2023 дар ду садама дар  роҳи тарафи маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб ва дар дохили нақби “Истиқлол” дар шоҳрои Душанбе – Хуҷанд ду нафар: як пиёдагарди 52-сола ва як ноболиғи 15-сола – ба ҳалокат расиданд. 

Дар Кӯлоб ронандаи  мошини “Мерседес” бино бар ях бастани роҳи мошингард, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагардро пахш кардааст. Дар дохили нақби “Истиқлол” бар асари ба мошини боркаши “Шакман” бархӯрдани мошини “Опел” мусофири ноболиғи “Опел”, с.т. 2008, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳат бардошта, дар бемористон ҷон додааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии БДА, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button