Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ДУЗДИИ ҶУЗВДОНИ ПУР АЗ ПУЛУ ҶАВОҲИРОТ ДАР БОЗОРИ “КОРВОН”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 02.02.2023

Боздошт гардидани зани 28-сола бо ҷурми дуздии ҷузвдон

031

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми январи соли 2023, тахминан соати 12:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар ҶДММ Бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе 1-адад ҷуздонро, ки дар дохилаш 1000 доллари амрикоӣ, 6 ҳазору 700 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расониадашуда 27 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи сокини ноҳияи Фархор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдори қаллобӣ

043

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2022 дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаҳои «Нисан» ва «Тойота Кемри»-ро ба маблағи 249 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашонро бармегардонад, аммо номбурда то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button