ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

БОЗДОШТИ 39 НАФАР ДАР ОЗАРБОЙҶОН БО ҶУРМИ ҶОСУСӢ БАРОИ ЭРОН

Дар ҳоле, ки танишҳо байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунон идома дорад, расонаҳои расмии Озарбойҷон аз боздошти 39 нафар бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Эрон хабар медиҳанд. Сомонаи 1News 1-уми феврали соли 2023 навиштааст, ки “дар натиҷаи як амалиёти махсуси вазорати корҳои дохилии Озарбойҷон дар саросари кишвар 39 нафарро нерӯҳои пулис бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи ҳукумати Эрон шиносоӣ ва боздошт карданд”.

Ин нашрия меафзояд, ки “шахсони боздоштшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо супориши истихбороти Эрон мавқеи Ҷумҳурии исломиро ташвиқу таблиғ менамуданд. Аз ҷумла онҳо аз озодиҳоии диниву мазҳабии шаҳрвандони Озарбойҷон сӯиистифода намуда, ақидаҳои марбут ба ҳукумати кунунии Эронро ба шаҳрвандони Озарбойҷон бо ғарази барангехтани ихтилоф байни онҳо таҳмил менамуданд”.

Сомона News.Az таъкид мекунад, ки “ин шаҳрвандони боздоштшуда зимни баргузории маросимҳои динӣ барои эҷоди ихтилофи мазҳабӣ байни шиаён ва сунниҳои Озарбойҷон, аз парчамҳои сиёҳ бо навиштаҷоте ба забони форсӣ ва аксҳои генерали кушташудаи эронӣ Қосим Сулаймонӣ истифода мекарданд”.

Дар байни боздоштшудагон, бино ба хабарҳо, кормандони хабаргузории  SalamNews ва шабакаи телевизионии Interaz низ ҳастанд, ки ба таблиғи мавқеи Эрон дар матбуот гумонбар мешаванд.

Ҳамчунин расонаҳои Озарбойҷон рӯзи 1-уми феврали соли 2023 аз дастгир шудани шаҳрвандони Эрон дар хоки Озарбойҷон хабар доданд. Бино ба хабарҳо,  наздик ба 36 нафарро бо ҷурми гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кардаанд, ки дар байни боздоштшудагон шаҳрвандони Эрон низ ҳастанд.

Вазорати корҳои дохилии Озарбойҷон гуфтааст, ки “ин афроди боздоштшуда марбут ба гурӯҳҳои ҷиноии Эрон буда, аз Эрон ба Озарбойҷон маводи мухаддир ворид менамуданд”.

Дар рӯзҳои ахир танишҳо байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Озарбойҷон хеле боло гирифтаанд. Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи 31-уми январи соли 2023 аз шаҳрвандони худ хост, аз сафарҳои бидуни зарурат ба Эрон худдорӣ кунанд.

Ин дархости ҷониби Озарбойҷон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи сипаришуда як шахси мусаллаҳ ба сафоратхонаи Озарбойҷон дар Теҳрон ҳамла намуда, як нафар аз нерӯҳои амниятии сафоратхонаро  кушта ва 2 тани дигарро захмӣ намуд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон ин ҳамла ба сафоратхонаи худро террористӣ хонда, ҳамаи кормандони сафоратхонаи худро, бо аҳлу оилаашон ба Боку баргардонид. Ҷониби Эрон бошад, мегӯяд, фарди мусаллаҳ дастгир шуда, даъво кардааст, ки далели ҳамлааш сиёсӣ набуда, ба мушкилоти шахсӣ ва хонаводагӣ марбут аст.

Озарбойҷон дар баробари Эрон, Ироқ ва Баҳрайн чорумин кишваре аст, ки дар он мусалмонони шиа аксарияти аҳолӣ, наздик ба 85%-ро ташкил медиҳанд.

Аммо тавре дида мешавад, гароиши ҷомеаи Озарбойҷон ба Ислом махсусан, баъд аз даҳсолаҳо дар зери султаи Шӯравӣ, ки динситезӣ дар он амри муҳим буд, на он қадар ҷиддист. Аз тарафи дигар, ҳукумати кунунии Озарбойҷон низ дунявигаро буда, исломгароӣ ва ҳатто маносики исломӣ дар сиёсаташ ҷойгоҳи меҳварӣ надоранд.

Пас аз наздикшавии Туркия бо Озарбойҷон  ва таҳти нуфузи Туркия қарор гирифтани ин кишвар Ҷумҳурии исломии Эрон дар солҳои ахир кӯшишҳо ба харҷ додааст, ки фаъолиятҳои мазҳабиро дар ин кишвар ба роҳ монда, ҷонибдорони худро дар меҳвари муқовимат қарор диҳад. 

Аз тарафи дигар, наздикии сиёсӣ ва дипломатии Озарбойҷон бо Исроил, ки ахиран сафоратхонаи Исроил ҳам дар Боку боз гардид, норозигии ҷониби Эронро ба бор овардааст.

Бино ба иддаои мақомҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, Исроил бо истифода аз хоки Озарбойҷон амалиётҳои истихборотӣ ва иттилоотии худро дар дохили Эрон анҷом медиҳад.

Гузашта аз ин, Эрон ва Озарбойҷон ҳудуди 700 километр марзи муштарак доранд. Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии исломӣ дар тӯли солҳои тӯлонии ихтилофоти марзӣ ва ҷангҳои байни Арманистон ва Озарбойҷон нақшҳои мутафовите бозӣ кардааст.

Эрон собиқаи кумакҳо ҳам ба Боку ва ҳам ба Ереванро дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button