ВидеоИлму фанноварӣФарҳанг

БАРОИ ҒОЛИБОНИ СЕ ОЗМУН ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРИБ 12 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҶУДО КАРДААНД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 феврали соли 2023 се амри алоҳидаро дар бораи баргузории се озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имзо кард.

Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки барои қадрдонии ғолибон озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” бо ҷоизаҳо 4 миллиону 85 ҳазор сомонӣ (яъне 1 миллиону 740 ҳазор сомонӣ бештар аз соли 2022), барои ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 3 миллиону 895 ҳазор сомонӣ (850 ҳазор сомонӣ бештар аз соли 2022) ва барои ғолибони озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 3 миллиону 750 ҳазор сомонӣ (1 миллиону 210 ҳазор сомонӣ бештар аз як соли қабл) ҷудо карда шудааст. Дар умум, маблағи ҷоизаҳои ин се озмун назар ба як соли қабл имсол 3,8 миллион сомонӣ афзоиш дода шуда, ба 11,7 миллион расонда шудааст.

Тибқи шарту шурути ин се озмун дар баробари хонандагони ғолиб ҳамчунин устодони онҳо низ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар умум шумораи барандагони озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” имсол 42 нафар зиёд гардида, ба 132 нафар расонда шудааст. Ҳадафи ин озмун рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо унвон мешавад.

Шумораи барандагони озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” имсол 40 нафар зиёдтар гардида, ба 115 нафар расонда мешавад. Дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ аз ҳадафҳои асосии ин сабқати ҷумҳуриявӣ ном бурда мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бошад бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар дар чанд номинатсия доир гардида, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 то ба 121 ҷой зиёд карда шуд.

Ҳамчунин бо супориши президент, онҳое, ки ба даврҳои ниҳоии ин озмунҳо роҳ меёбанд, ҳаққи бе озмун дохил шудан ба бархе мактабҳои олӣ ва таҳсили ройгонро ҳам ба даст меоранд.

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 феврали соли 2023
№АП-330

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-330

Низомномаи
озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд – озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор мешавад.

2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

3. Озмун аз рӯйи шаш номинатсия баргузор мешавад:

– адабиёти кӯдакон ва наврасон;

– адабиёти классикии тоҷик;

– адабиёти муосири тоҷик;

– адабиёти ҷаҳон;

– эҷоди назм;

– эҷоди наср.

4. Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон (2 гурӯҳ):

– гурӯҳи якум – хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

– гурӯҳи дуюм – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик (4 гурӯҳ):

– гурӯҳи якум – хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

– гурӯҳи дуюм – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

– гурӯҳи сеюм – донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

– гурӯҳи чорум – омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик (4 гурӯҳ):

– гурӯҳи якум – хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

– гурӯҳи дуюм – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

– гурӯҳи сеюм – донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

– гурӯҳи чорум – омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Номинатсияи адабиёти ҷаҳон (4 гурӯҳ):

– гурӯҳи якум – хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

– гурӯҳи дуюм – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

– гурӯҳи сеюм – донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

– гурӯҳи сеюм – омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Номинатсияи эҷоди назм (3 гурӯҳ):

– гурӯҳи якум – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

– гурӯҳи дуюм – донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

– гурӯҳи сеюм – омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Номинатсияи эҷоди наср (3 гурӯҳ):

– гурӯҳи якум – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

– гурӯҳи дуюм – донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

– гурӯҳи сеюм – омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

5. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

6. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

7. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

9. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсату шуъбаҳои маориф, бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, шуъба ва бахшҳои вилоятию минтақавии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

10. Барои гузаронидани озмун комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд-комиссияи озмун) таъсис дода шуда, ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Салоҳияти комиссияи озмун:

– таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

– тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

– пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;

– барои ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;

– назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

– муайян намудани ҷойи баргузории даври сеюми озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

– омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври чорум;

– таъсиси комиссияи аппелятсионӣ;

– баррасии пешниҳоди ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти иштирокчиён;

– тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври сеюм ва чоруми озмун;

– ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ ва маълумот.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи марти соли 2023 то моҳи ноябри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

-даври якум – моҳи март дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

Эзоҳ: донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) танҳо дар маҳалле иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиашон дар ҳамон маҳал қарор дорад.

-даври дуюм – нимаи аввали моҳи май дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо;

Эзоҳ: даври дуюми озмун аз ҷониби намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад.

-даври сеюм – моҳи август дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

-даври чоруми озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм моҳи ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор мегардад.

13. Протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюм ба комиссияи ҷумҳуриявӣ бо тасдиқи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҳакамон ба даври чорум пешниҳод мешавад.

14. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.

15. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор карда мешавад. Шумораи ғолибони даври сеюми озмун, ки ба даври чорум пешниҳод мешаванд, аз ҳар як номинатсия ва гурӯҳ набояд аз 6 нафар зиёд бошад.

16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.

17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 20 сентябр муқаррар карда мешавад. Масъулони баргузории озмун вазифадоранд, ки то 1 октябр тамоми осори пешниҳоднамудаи иштирокчиёни номинатсияи назму насрро барои даври чоруми озмун ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои муҳокима ва таҳияи тақриз пешниҳод намоянд.

18. Роҳбари муассисаи таҳсилоти умумӣ ва омӯзгор ҷиҳати омода намудани хонанда ба озмун метавонанд бо падару модар ё сарпарасти ӯ шартнома ба имзо расонанд. Намунаи шартномаро Вазорати маориф ва илм омода карда, ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд.

19. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва Кумитаи телевизион ва радио масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун мебошанд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

20. Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар иштирок карда метавонанд.

21. Иштирокчии озмун ба рӯйхати китобҳои хондашуда асарҳоеро бояд пешниҳод намояд, ки аз доираи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ берун бошанд.

22. Дар вақти холгузорӣ ба миқдори асарҳои хондашуда, мухтасар баён кардан, дарки мазмуну муҳтавои асар, хониши ифоданок, шарҳу тавзеҳи калимаҳо бартарӣ дода мешавад. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд.

23. Ҳайати ҳакамони озмун аъзои фаъоли китобхона будани иштирокчиро ба инобат мегиранд.

24. Ба мавзуъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои кишвар бартарӣ дода мешавад.

25. Пешниҳоди осори азбаршуда асосан бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Иштирокчии озмун дар интихоби забон ҳангоми хондан ва аз худ кардани осори адабиёти кӯдакон ва наврасон, осори адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст. Ба иштирокчие, ки осори бадеии адибони ҷаҳонро бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) пешниҳод менамоянд, бартарӣ дода мешавад.

26. Иштирокчии озмун метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ, аз ҷумла афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра вобаста ба номинатсияи интихобкардааш истифода намояд.

27. Дар номинатсияи эҷоди назму наср хонандагони синфҳои 8-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар иштирок менамоянд.

28. Асарҳои ба озмун пешниҳоднамудаи ғолибони даври сеюми номинатсияи эҷоди назму наср, ки ба даври чорум пешниҳод шудаанд, барои муҳокимаю баррасӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фиристода мешаванд. Иттифоқи нависандагон то саршавии даври чорум хулосаи мутахассисонро ба комиссияи озмун пешниҳод мекунад. Асарҳое, ки хулосаи Иттифоқи нависандагонро нагирифтаанд, ба даври чоруми озмун қабул карда намешаванд.

29. Ба номинатсияи эҷоди назму наср асарҳое пазируфта мешаванд, ки қаблан ба ягон озмуни дигар пешниҳод нашудаанд.

30. Иштирокчиёни озмуни номинатсияи назму наср вазифадоранд, ки пеш аз оғози озмун дар мавзуи аз ҷониби ҳайати ҳакамон пешниҳодшуда кори эҷодии хаттӣ пешниҳод намоянд. Холҳои гирифтаи кори эҷодии хаттӣ ба холҳои умумии иштирокчӣ илова карда мешавад.

31. Дар даври чоруми озмун иштирокчӣ шарҳи ҳоли мухтасари худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро бо зикри муаллиф ва номи асар) бо гузоштани имзо ба комиссияи озмун ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод менамояд (рӯйхати матнҳо ва асарҳои азбаршуда дар се нусха ба даври чорум пешниҳод карда мешавад). Агар иштирокчӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чорум донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуда бошад, ҳамчун хонанда дар даври чорум иштирок мекунад.

32. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани номгӯи асарҳо, пурғалат будани дафтар, ҳамчунин, мукаммал набудани матни шеъру достонҳо ва ё изофанависӣ намудани миқдори матнҳои азбаркардашуда холи довталаб кам карда мешавад. Ҳакамон метавонанд, ки ба рӯйхати пешниҳоднамудаи довталаб маҳдуд нашуда, ба ӯ аз асарҳои дигари маълуму машҳури адибони муосиру классику ҷаҳон вобаста ба номинатсияи иштироккардааш савол диҳанд.

33. Ғолибони даври чоруми озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.

34. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар назди шуъба ва раёсатҳои маориф комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни озмунро таъсис дода, як нафарро ба таври ҳатмӣ котиби масъул таъин менамоянд. Котибони масъули комиссияҳои қабул ҳуҷҷатҳои довталабонро дар асоси банди 31 санҷида, дар асоси санад онро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунанд. Котиби масъули комиссия суроға, рӯз ва ҷойи баргузории озмунро ба иштирокчиён тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамояд.

6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

35. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи хондани осори манзум ва мансури бадеӣ муайян карда мешавад:

-барои иштирокчиёни озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;

-иштирокчӣ дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст;

– ба иштирокчӣ барои нақли афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар навъҳои осори шифоҳии халқ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;

 – иштирокчии номинатсияи эҷоди назму наср асарҳои худро аз рӯйи навъҳои адабӣ, жанрҳо ва навъҳои анъанавӣ ё нав, адабиёти кӯдакону наврасон, насру драма пешниҳод менамояд.

36. Аз довталаби номинатсияи эҷоди назм таълифи як достони мукаммал дар вазнҳои анъанавӣ, 20 ғазал дар вазнҳои анъанавии арӯз, 20 рӯбоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеъри сафед, 10 суруди ватандӯстона, 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд талаб карда мешавад.

37. Аз довталаби номинатсияи эҷоди наср таълифи 5 ҳикоя, 5 афсона, 2 эссе (барои хонандагони синфҳои 8-11), 5 ҳикоя, 5 афсона, 2 эссе 1 повест, 1 драма (барои гурӯҳҳои дигар) талаб карда мешавад. Барои пешниҳоди роман афзалият дода мешавад.

7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

38. Ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

– барои таваҷҷуҳ ба мавзуҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳм ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ;

– барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.

39. Ба ҳар як довталаб барои муаррифии китобҳои хондааш ва нақлу хондани шеърҳо то 30 дақиқа вақт дода мешавад.

40. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди иштирокчиён ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Дар вақти холгузорӣ ба миқдори асарҳои хондашуда, мухтасар баён кардан, дарки мазмуну муҳтавои асар, хониши ифоданок, шарҳу тавзеҳи калимаҳо ва ҷавобҳои пурра 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар то 9 хол, барои ҷавоби хуб 7-8 хол, барои ҷавоби миёна 5-6 хол, барои ҷавоби аз миёна поёнтар 3-4 хол, барои ҷавоби суст 1-2 хол гузошта мешавад.

41. Ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталаби эҷоди назму наср, тарзи интихоби мавзуву мундариҷа, риояи рукнҳои вазни арӯз, қофияву радиф, корбарии санъатҳои бадеӣ, интихоби таъбиру ибораҳо, миқдори луғату таъбирҳои нав ва мутобиқати шакл, бандубасти асари бадеӣ ва ба мазмуни асар диққат дода мешавад.

42. Довталаби бахши назм бояд дар мавзуъҳои пешниҳодшуда бадеҳатан шеър гуфта тавонад. Байти аввал аз ҷониби ҳакамон пешниҳод мегардад ва идомаи онро дар ҳамон вазну қофия довталаб хаттӣ ё шифоҳӣ ҷавоб медиҳад. Дар озмун шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набуда, шеърро хуб дарк менамоянд, завқи шоирӣ доранд, нозукиҳои шеърро аз бар кардаанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ намунаи ашъорашон чоп шудааст. Довталаб замони иштирок дар озмун намунаҳои шеъри худро дар шакли чопӣ ва ё дастнавис пешниҳод менамояд. Қобилияти адиби насрнавис низ бо ҳамин тарз санҷида мешавад.

43. Асарҳои пешниҳодкардаи иштирокчиёни номинатсияи эҷоди назму насрро аъзои ҳакамон инфиродӣ мутолиа карда, баъдан дар асоси хулоса ва тақризи пешниҳодшуда мавриди баҳогузорӣ қарор медиҳанд.

8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

44. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро раиси комиссияи озмун бо санади дахлдор тасдиқ менамояд. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро иҷро мекунад:

– тибқи пешниҳоди комиссияи озмун маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунад;

– холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд;

– натиҷаи озмунро дар суратҷаласа дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон онро тасдиқ менамояд.

45. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.

46. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва иттифоқҳои касаба ворид мешаванд. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.

47. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

48. Хароҷоти баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

49. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

50. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойи якум ё барандаи Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.

51. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ё Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.

52. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ё дарёфти Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони «Маърифатпарвар» ё «Ифтихорнома»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

53. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.

54. Ба ғолибони даври чоруми озмун ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ё Шоҳҷоизаро сазовор шудаанд, инчунин ба омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

55. Рӯйхати ғолибони даври чоруми озмун ва омӯзгорони онҳо аз тарафи комиссияи озмун омода ва барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

56. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

57. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

10. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН

58. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд:

– маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;

– рӯйхати асарҳои мутолиашуда;

– миқдори ашъори азёдшуда;

– нусхаи чопӣ ва ё дастнависи шеърҳои азёдкарда, мазмуни мухтасари асарҳои насрии мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар;

-протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун.

59. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюми озмунро ба даври чорум котиби масъули комиссияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба комиссияи озмун пешниҳод менамояд.

11. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

60. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври чоруми озмун аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд.

61. Агар ғолиби номинатсияҳои пешниҳодшуда сазовори Шоҳҷоиза гардад, натиҷаи ҷойҳои ишғолкардаи ғолибони ҳамон номинатсия як зина боло бардошта мешавад.

62. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти кӯдакону наврасон, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.

12. ИМТИЁЗҲО

63. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), ки дар даври чоруми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ё барандаи Шоҳҷоиза гардидаанд, ба ихтисоси интихобкардаашон ба муҳлати то се сол бе озмун ба тариқи ройгон дар асоси тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

64. Иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва иштирокчиёни даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

65.Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-330

Ҳайати
комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси комиссия;

вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.

Аъзои комиссия:

сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;

ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.

Замимаи 3
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-330

Ҷоизаҳои
озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

1. Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон (2 гурӯҳ):

– хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

2. Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик (4 гурӯҳ):

– хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

3. Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик (4 гурӯҳ):

– хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

4. Номинатсияи адабиёти ҷаҳон (4 гурӯҳ):

– хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

5. Номинатсияи эҷоди назм (3 гурӯҳ):

– хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

6. Номинатсияи эҷоди наср (3 гурӯҳ):

– хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

– омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 000135 000
2.Дуюм25 000250 000
3.Сеюм20 000360 000
Ҳамагӣ6145 000

Шоҳҷоиза

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Шоҳҷоиза70 000170 000
Ҳамагӣ170 000

Маблағи умумӣ барои ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоиза

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум35 00020700 000
2.Дуюм25 000401 000 000
3.Сеюм20 000601 200 000
4.Шоҳҷоиза70 000170 000
Ҳамагӣ1212 970 000

Маблағ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои 1,2,3 ва Шоҳҷоизаро мегиранд

ҶойМаблағШумораи ҷоизагирандаМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Якум, дуюм, сеюм10 00060600 000
2.Шоҳҷоиза10 000110 000
Ҳамагӣ61610 000

Хароҷоти иловагӣ

ХароҷотМаблағи умумӣ(бо сомонӣ)
1.Омода кардани ҷомҳои шоҳҷоиза, ҷойҳои якум дуюм, сеюм ва «Диплом»-и ғолибони озмун ва хароҷоти дигар315 000(се саду понздаҳ ҳазор)

Маблағи умумӣ

Ҷоиза ва хароҷотШумораи умумӣМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Барои ҷоизаҳо ва Шоҳҷоиза1212 970 000
2.Барои омӯзгорон60+1610 000
3.Омода кардани ҷомҳои шоҳҷоиза, ҷойҳои якум дуюм, сеюм ва «Диплом»-и ғолибони озмун ва хароҷоти иловагӣ315 000
Ҳамагӣ 3 895 000

Замимаи 4
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-330

Рӯйхати
адабиёти тавсияшаванда барои иштирокчиёни озмуни
ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

1. Номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон:

-хондани афсонҳои халқи тоҷик, ҳикояҳо аз «Гулистон», «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Таҳзиб-ус-сибён»-и Садриддин Айнӣ, азёд кардани латифаю зарбулмасалҳо, мақолҳои халқӣ, чистонҳо, порчаҳо аз осори манзуми шоирони барҷастаи классикӣ (Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Сайидои Насафӣ ва дигарон), аз ашъори манзуму мансури бачагонаи устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Пӯлод Толис, Ҷалол Икромӣ, Ғаффор Мирзо, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Баҳром Фирӯз, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғойиб, Раҳмат Назрӣ, Сафияи Носир, Эгами Нарзуллоҳ (Волӣ), Насим Раҷаб, Ғанӣ Ҷӯразода, Юсуфҷон Аҳмадзода, Наримон Бақозода, Алӣ Бобоҷон, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Маҳмуд Диёрӣ, Мирсаид Миршакар, Шарифи Муҳаммадёр, Маҳбуба Неъматова, Убайд Раҷаб, Нӯъмон Розиқ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Муродалӣ Собир, Абдусаттори Раҳмон, Салоҳиддини Садриддин, Азизи Азиз, Сайқал Самеъзода, Шодӣ Саттор, Болта Ортиқов, Ғаффоралӣ Сафар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршоҳ, Бобо Ҳоҷӣ, Акобир Шарифӣ, Ато Мирхоҷа, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Латофат Кенҷаева ва дигарон;

2. Номинатсияи адабиёти классикӣ:

– намунаҳои насри ривоятӣ аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абӯмуслимнома», «Доробнома» ва ғайра;

– осори насри классикӣ – «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ» -и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва ғайра;

– аз ёд кардани ашъори шоирон аз рӯйи жанр;

– на кам аз 100 ғазал аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуниссо, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон;

– рубоӣ ва дубайтӣ -на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абуалӣ ибни Сино, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигарон;

– қасида -на кам аз 100 байт аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Анварии Абевардӣ, Абулҳасан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хусрав, Хоқонии Шервонӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон;

– порча аз достон – на кам аз 150 байт аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон;

– дигар навъҳои шеърӣ – қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайра – 100 байт.

3. Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик:

– аз ёд кардани рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, порчаҳо аз достону маснавӣ ва сурудҳои халқӣ аз эҷодиёти даҳони халқ;

– осори насрии адибони муосир – ҳикояҳо, новеллаҳо, повестҳо, романҳо, намоишномаҳо, ёддоштҳо ва очеркҳои Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Пулод Толис, Баҳром Фирӯз, Ҷумъа Одина, Урун Кӯҳзод, Юсуф Акобиров, Сорбон, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Меҳмон Бахтӣ, Кароматуллои Мирзо, Гулрухсор, Иноят Насриддинов, Ато Ҳамдам, Бароти Абдураҳмон, Ҷонибеки Акобир, Шералӣ Мӯсо, Равшани Ёрмуҳаммад, Маъруф Бобоҷон, Бахтиёр Муртазо, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳимзодаи Афардӣ, Баҳманёр, Юнус Юсуфӣ, Муҳибуллои Қурбон, Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода), Марямбонуи Фарғонӣ, Мансур Сурӯш, Мирзо Насриддин, Диловари Мирзо, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Маҷид Салим, Равшани Махсумзод, Ато Мирхоҷа, Анвар Олим, Аброри Зоҳир, Сироҷиддин Икромӣ, Сайид Раҳмон, Мирзо Шукурзода, Муаззама, Мутеулло Наҷмиддинов, Додохони Эгамзод, Наҷмиддини Шоҳинбод, Баҳром Фирӯз, Искандари Ҳамроҳқул, Шодон Ҳаниф, Расул Ҳодизода, Нарзулло Тиллозода, Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Ҳакималӣ Назаралӣ, Абдуғаффори Партав, Маҳкам Пӯлод, Айюб Кенҷа, Истад Қосимзода, Сироҷиддин Қосимзода, Раҷаб Мардон, Ғаффор Мирзо, Султон Мирзошоев, Мирсаид Миршакар, Абдурауф Муродӣ, Тоҳири Муҳаммадризо, Шералӣ Мӯсо, Бурҳон Ғанӣ, Муҳаммад Ғоиб, Карим Давлат, Абдусалом Деҳотӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Матлубаи Ёрмирзо, Исроил Иброҳим, Ҳабиб Имодӣ, Қулмуҳаммади Абдулҳусейн, Ҳилолиён Аскар, Самад Ғанӣ, Саидаҳмади Зардон, Шоҳназир Назиров, Назрулло Тиллозода, Султонмуроди Одина, Муҳаммадраҳими Сайдар, Аъзам Сидқӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Тоҷӣ Усмон, Баҳодур Файзулло, Ибод Файзулло, Неъматуллои Худойбахш, Шарифи Халил ва дигарон;

– асарҳои драмавӣ аз Абулқосим Лоҳутӣ, Ғанӣ Абдулло, Нурулло Абдуллоҳ, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Файзулло Ансорӣ, Абдусалом Атобоев, Тӯрахон Аҳмадхонов, Меҳмон Бахтӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳаммад Ғоиб, Ҷалол Икромӣ, Шамсӣ Қиём, Ҷумъа Қуддус, Фазлиддин Муҳаммадиев, Султон Сафар, Аъзам Сидқӣ, Мансур Сурӯш, Ҳоҷӣ Содиқ, Шодӣ Солеҳ, Нур Табаров, Ато Ҳамдам, Аминҷон Шукӯҳӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон;

– ашъори шоирони муосир – на кам аз 100 ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ ва порча аз достон аз эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҳайрат Шанбезода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Аминзода, Боқӣ Раҳимзода, Нодир Шанбезода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Файзулло Ансорӣ, Ғаффор Мирзо, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Мастон Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Жола Бадеъ, Абдулло Қодирии Мумтоз, Султон Шоҳзода, Ашӯр Сафар, Сайидалӣ Маъмур, Ширин Бунёд, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Салимшо Ҳалимшо, Саидҷон Ҳакимзода, Пиримқул Сатторӣ, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Искандари Хатлонӣ, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғойиб, Мирзо Файзалӣ, Фарзона, Доро Наҷот, Назрӣ Яздонӣ, Алимуҳаммад Муродӣ, Ҷамолиддин Каримзода, Зиё Абдулло, Рустам Ваҳҳобзода, Аҳмадҷони Раҳматзод, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Озарахш, Ато Мирхоҷа, Сиёвуш, Озар, Салими Зарафшонфар, Абдуҷаббори Суруш, Парда Ҳабиб, Давлат Сафар, Раънои Мубориз, Давлати Раҳмониён, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Муҳтарам Ҳотам, Сафар Амирхон, Назруллоҳи Азизиён, Одина Азимӣ, Нуқраи Суннатниё, Хайрандеш, Қувват Давлат, Олимхон Исматӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Гурез Сафар, Шаҳрия, Усмон Шарифзода, Адибаи Хуҷандӣ ва дигарон;

– дигар навъҳои шеърӣ – 100 байт аз шоирони муосири тоҷик;

– нақли афсонаю латифа ва порчаҳо аз осори манзуму мансури шифоҳӣ.

4. Номинатсияи адабиёти ҷаҳон:

Тавсия барои хонандагони синфҳои 1-4 аз осори манзум ва мансури адабиёти бачагонаи ҷаҳонӣ:

– адибони рус: Александр Пушкин, Михаил Лермонтов, Иван Крилов, Иван Бунин, Александр Островский, Николай Гогол, Лев Толстой, Антон Чехов, Константин Ушинский, Алексей Толстой, Николай Носов, Иван Тургенев, Максим Горкий, Сергей Есенин, Виталий Бианки, Михаил Пришвин, Михаил Шолохов, Самуил Маршак, Валентин Катаев, Эдуард Успенский, Василий Шукшин, Сергей Михалков,  Аагния Барто, Аркадий Гайдар, Валентин Распутин, Расул Ғамзатов, Корней Чуковский, Виктор Драгунский, Валентина Осеева, Владимир Сутеев, Самуил Маршак, Константин Паустовский, Борис Житков, Андрей Усачёв ва дигарон;

– адибони шарқ: Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Покистон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Эраҷ Мирзо (Эрон), Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Содиқ Ҳидоят (Эрон), Нодири Нодирпур (Эрон), Бориқ Шафеӣ (Афғонистон), Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Прем Чанд (Ҳиндустон) ва дигарон;

– адибони дигар: Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (Ӯзбекистон), Ғафур Ғулом (Ӯзбекистон), Абдулло Қодирӣ (Ӯзбекистон), Чингиз Айтматов (Қирғизистон), Рюноскэ Акутагава (Япония), Азиз Несин (Туркия), Маликушшуаро Баҳор (Эрон), Нодар Думбадзе (Гурҷистон), Василий Гулеури (Гурҷистон), Ирма Маласидзе (Гурҷистон) Спиридон Вангели (Молдова), Эно Рауд (Эстония), Нино Накашидзе (Гурҷистон), Вайнилайтис Мартинас (Литва), Машётас Пранас (Литва),  Тсао Вэнсюан (Чин), Худойберди Тӯхтабоев (Ӯзбекистон), Азиза Ҷаъфарзода (Озарбойҷон), Хажак Гулназарян (Арманистон), Владимир Короленко (Украина), Сулаймон Сонӣ Охундзода (Озарбойҷон), Карл Фриш (Олмон), Марсел Эме (Франсия), Отфрид Пройслер (Олмон), Доналд Биссет (Англия), Даниел Дефо (Англия), Эдвард Лир (Англия), Виктор Гюго (Франсия), Ҳанс Кристиан Андерсен (Дания), Редярд Киплинг (Англия), Алан Милн (Англия), Ҷеймс Хэрриот (Англия), Ҷералд Даррелл (Англия), Клайв Люис (Ирландия), Фрэнсис Элиза Ходгстон Бернетт (Англия), Астрид Линдгрен (Шветсия), Александр Дюма (Франсия),  Ги де Мопассан (Франсия), Артур Конан Дойл (Англия), Бародарон Грим (Олмон), Шарл Перро (Фаронса), Ҷанни Родари (Италия), Вилгелм Гауф (Олмон), Ҷонатан Свифт (Англия), Мария Тереса Андруэтто (Аргентина), Пйердоменико Баккаларио (Италия), Антуан де Сент-Экзюпери (Фаронса), Люис Кэрролл (Англия), Рудолф Эрих Распе (Олмон), Стивенсон Роберт (Шотландия), Селма Лагерлёф (Шветсия), Ҷон Бойн (Ирландия), Холли Вебб (Англия), Жаклин Вудсон (ИМА), Русе Лагеркранс (Шветсия), Чарлз де Линт (Канада), Свен Нурдквист (Шветсия), Ури Орлев (Исроил), Мария Парр (Норвегия), Филип Пулман (Англия), Улф Старк (Шветсия), Нахоко Уэхаси (Ҷопон), Тод Штрассер (ИМА), Ҷоан Кэтлин Роулинг (Англия), Ҷек Лондон (ИМА), Эрнест Сетон-Томпсон (Канада), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Марк Твен (ИМА), Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия), Ҷоэл Ҳаррис (ИМА),Кадоно Эйко (Ҷопон) , Ло Ин (Чин), Чжан Юантсзе (Чин),  Маҳдӣ Озари Яздӣ (Эрон), Муҳаммад Аслонӣ (Эрон), Хусрави Бобохонӣ (Эрон), Шукӯҳи Қосимниё (Эрон), Калаҳари Фиребо (Эрон), Кришан Чандар (Ҳиндустон), Бкишам Сахни (Ҳиндустон), Рамврикша Бенипури (Ҳиндустон), Файз Аҳмади Файз (Покистон), Алӣ Сардор Ҷафри (Ҳиндустон), Нақиб Маҳфуз (Миср), Иброҳим ал-Куни (Либия) ва дигарон.

Тавсия барои гурӯҳҳои дигар:

– осори насрӣ ва аз бар кардани на кам аз 500 байт аз эҷодиёти адибони ҷаҳон. Аз ҷумла:

– адабиёти рус дар бахши назм, наср ва драма – Александр Пушкин, Михаил Лермонтов; дар бахши масал – Иван  Крилов, дар бахши назм, наср ва драма – Александр Грибоедов, Иван Бунин, Борис Пастернак, Александр Островский, Николай Гогол, Иван Тургенев, Фёдор Достоевский, Лев Толстой, Антон Чехов, Максим Горкий, Михаил Булгаков, Александр Блок, Владимир Маяковский, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Андрей Платонов, Владимир Набоков, Иосиф Бродский, Михаил Шолохов, Александр Солженитсин, Василий Шукшин, Валентин Распутин, Андрей Волос ва дигарон;

– адабиёти Украина, Беларус ва назди Балтика дар бахши назм, наср ва драма – Максим Танк, Эдуардас Межелайтис, Янка Купала, Тарас Шевченко, Леся Украинка, Якуб Колас, Юстинас Мартсинкявичюс, Олес Гончар, Йонас Авижюс, Юрий Ритхэу ва дигарон;

– адабиёти Осиёи Марказӣ (ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз) дар бахши назму наср ва драма – Абай, Алишер Навоӣ, Машраб, Увайсӣ, Нодира, Фурқат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ғафур Ғулом, Эркин Воҳидов, Олжас Сулаймонов, Абдулло Орипов, Абдулло Қодирӣ, Мухтор Авезов, Чингиз Айтматов ва дигарон;

– адабиёти Қафқоз дар бахши назму наср ва драма – Шота Руставели, «Довуди Сосунӣ», Мирзо Фатҳалӣ Охундов, Хачатур Абовян, Аветик Исаакян, Расул Ғамзатов, Отар Чиладзе, Самад Вурғун, Нодар Думбадзе, Грант Матевосян ва дигарон;

– адабиёти кишварҳои Амрико ва Канада дар бахши назм, наср ва драма – Филип Френо (ИМА), Генри Уодсворт Лонгфелло (ИМА), Уолт Уитмен (ИМА), Вашингтон Ирвинг (ИМА), Ҷеймс Фенимор Купер (ИМА), Эдгар Аллан По (ИМА), Марк Твен (ИМА), Теодор Драйзер (ИМА), Ҷек Лондон (ИМА), Фрэнсис Скотт Фитсҷералд (ИМА), Вилям Фолкнер (ИМА), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Ҷон Стейнбек (ИМА), Маргарет Митчелл (ИМА), Грэм Грин (ИМА), Джером Сэлинджер (ИМА), Рэй Брэдбери (ИМА), Курт Воннегут (ИМА), Харпер Ли (ИМА), Эдгар Лоуренс Доктороу (ИМА) Кормак Маккарти (ИМА), Кен Кизи (ИМА), Стивен Кинг (ИМА), Ҷонатан Франзен (ИМА), Маргарет Этвуд (Канада), Элис Манро (Канада) ва дигарон.

– адабиёти Амрикои Лотинӣ дар бахши назм, наср ва драма – Габриэла Мистрал (Чили), Пабло Неруда (Чили), Жоржи Амаду (Бразилия), Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия), Хорхе Луис Борхес (Аргентина), Мигел Астуриас (Гватемала), Марио Варгас Лйоса (Перу), Хулио Кортасар (Аргентина), Карлос Фуэнтес, Хуан Рулфо (Мексика) ва дигарон;

– адабиёти кишварҳои Аврупо дар бахши назм, наср ва драма – Ҳомер, Софокл, Эсхил, Аристофан (Юнони қадим), Апулей (Рими бостон), Данте (Италия), Федерико Гарсиа Лорка (Испания), Ҷованни Боккаччо (Италия), Ҷеймс Ҷойс (Ирландия), Вилям Шекспир (Англия), Лессинг, Гердер, Шиллер,Иоганн Волфганг фон Гёте (Олмон), Виктор Гюго (Франсия), Ромен Роллан (Франсия), Франсуа Рабле (Франсия), Жан Расин, Молйер, Лафонтен, Волтер, Монтескё, Жан-Жак Руссо, Бомарше (Франсия), Калдерон (Испания), Голдони, Готси (Италия), Мигел Сервантес (Испания), Даниел Дефо (Англия), Валтер Скотт (Шотландия), Фредерик Стендал (Франсия), Ҷорҷ Байрон (Англия), Оноре де Балзак (Франсия), Александр Дюма (Франсия), Жорж Санд (Франсия), Ҳанс Кристиан Андерсен (Дания), Вилям Теккерей (Англия), Чарлз Диккенс (Англия), Гюстав Флобер (Франсия), Жюл Верн (Франсия), Эмил Золя (Франсия), Анатол Франс (Франсия), Ги де Мопассан (Франсия), Ҷорҷ Бернард Шоу (Англия), Артур Конан Дойл (Англия), Этел Лилиан Войнич (Англия), Редярд Киплинг (Англия), Марсел Пруст (Франсия), Вирҷиния Вулф (Англия), Франс Кафка (Австрия), Грэм Грин (Англия), Жан-Пол Сартр (Франсия), Албер Камю (Франсия), Дэвид Митчелл (Англия), Ҷоан Роулинг (Англия), Генрик Ибсен (Норвегия), Шарлотта Бронте (Англия), Эмили Бронте (Англия), Генрик Сенкевич (Литва-Лаҳистон), Морис Метерлинк (Нидерланд), Бернард Шоу (Англия), Томас Манн (Олмон), Герман Гессе (Олмон), Жан Пол Сартр (Франсия), Сэмюэл Беккет (Ирландия), Шарл де Костер (Белгия), Ярослав Гашек (Чехия), Уилям Голдинг (Англия), Кнут Гамсун (Норвегия), Лион Фейхтвангер (Олмон), Алберто Моравиа (Италия), Люис Кэрролл (Англия), Рафаэлло Ҷованолли (Италия), Болеслав Прус (Лаҳистон), Генрих Гейне (Олмон), Бертолт Брехт (Олмон), Томас Манн (Олмон), Герман Гессе (Олмон), Сомерсет Моэм (Англия), Ярослав Гашек (Чехия), Кадзуо Исигуро (Япония-Англия), Меша Селимович (Сербия-Босния-Герсеговина), Жозе Сарамаго (Португалия), Олдос Хаксли (Англия), Эрих Мария Ремарк (Олмон), Эрнст Теодор Амадей Гофман (Олмон), Антуан де Сент-Экзюпери (Франсия), Ҷорҷ Оруэлл (Англия) ва дигарон;

– адибони Эрону Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон дар бахши назм, наср ва драма – Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Покистон), Маликушшуаро Баҳор (Эрон), Нимо Юшиҷ (Эрон), Эраҷ Мирзо (Эрон), Парвини Эътисомӣ (Эрон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Зиё Қоризода (Афғонистон), Аҳмади Шомлу (Эрон), Суҳроби Сипеҳрӣ (Эрон), Нодири Нодирпур (Эрон), Бориқ Шафеӣ (Афғонистон), Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Нусрати Раҳмонӣ (Эрон), Восифи Бохтарӣ (Афғонистон), дар бахши наср – Муртазо Мушфиқ Козимӣ (Эрон), Содиқ Ҳидоят (Эрон), Бузург Алавӣ (Эрон), Симин Донишвар (Эрон), Ҳушанг Гулширӣ (Эрон), Маҳмуди Давлатободӣ (Эрон), Аббос Маъруфӣ (Эрон), Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Прем Чанд (Ҳиндустон), Урҳон Помук (Туркия), Азиз Несин (Туркия) ва дигарон;

– адабиёти Осиё ва кишварҳои арабӣ дар бахши назм, наср ва драма – Рюноскэ Акутагава (Япония), Кобо Абэ (Япония), Лу Син (Чин), Мо Ян (Чин), Ҷуброн Халил Ҷуброн (Лубнон), Нақиб Маҳфуз (Ҷумҳурии Мисри Араб), Азиз Несин (Туркия), Иброҳим Ал-Куни (Лубнон), Маҳмуд Саид (Ироқ), Муҳаммад Зифзоф (Марокаш) ва дигарон.

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023

02.02.2023 09:03, шаҳри Душанбе

Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли ҷорӣ низ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Вобаста ба ин, соли 2023 ба Низомномаи озмун як қатор тағйироту навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусиятҳои синнусолӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.

Дар номинатсияи эҷоди назму наср низ тағйирот ворид шуда, соли ҷорӣ довталабони бахши эҷоди назм ва эҷоди наср дар алоҳидагӣ иштирок мекунанд.  

Ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд.

Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.

Вобаста ба тағйироти зикргардида маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, дар маҷмуъ 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат соли ҷорӣ барои довталабони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин ва ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ чораҷӯйӣ карда, ғолибони даврҳои якум ва дуюми озмун ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 феврали соли 2023
№АП-329

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-329

Низомномаи
озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»


I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд гузаронида мешавад.

2. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ ва санъати тасвирӣ, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.

II. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

3. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон мебошанд.

5. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба озмун мусоидат менамоянд.

6. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

III. КОМИССИЯИ ОЗМУН

7. Барои гузаронидани озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» комиссияи ҷумҳуриявӣ (минбаъд-комиссияи озмун) таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

8. Салоҳияти комиссияи озмун:

– таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

– тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

– пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои дуюм ва сеюми озмун;

– якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;

– муайян намудани ҷойи баргузории даври дуюми озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

– интихоби дурусти асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн;

– назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

– омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;

– баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;

– тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун;

– ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва шиносоӣ.

IV. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

9. Озмуни мазкур дар се давр гузаронида мешавад:

– даври якум – моҳи май-июни соли 2023 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;

– даври дуюм – моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2023 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

– даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.

10. Корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври якум ва дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор мегардад.

11. Протоколи даври дуюми озмун бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва раиси ҳакамон ба комиссияи озмун ба даври сеюм пешниҳод мешавад.

12. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд.

13. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 1 сентябр муқаррар карда мешавад.

14. Рафти даврҳои озмун тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио ба таври васеъ тарғиб карда мешаванд.

V. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

15. Ба озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди композиторон ва рассомони ватанӣ, инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикӣ, беҳтарин мусаввараҳои классикии навъҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.

16. Озмун дар байни гурӯҳҳои зерин доир мегардад:

– хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин колеҷи санъат, колеҷи рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (минбаъд – гурӯҳи касбӣ);

хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ (минбаъд – гурӯҳи ҳаваскорон).

17. Барои ҳар як гурӯҳ меъёрҳои озмунро комиссияи озмун дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг муқаррар менамояд.

18. Довталабоне, ки дар даври якуми озмун тибқи раддабандии синусолӣ ба қайд гирифта мешаванд, то даври сеюм ба ҳамин тартиб иштирок менамоянд.

19. Дар озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, сарояндагону навозандагон ва рассомону дизайнерони унвондору касбӣ, иштирок намекунанд.

20. Ҳамзамон як шахс дар ду номинатсия ширкат варзида наметавонад.

21. Ғолибони озмун бо Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

22. Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (лауреатҳои Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) баъди се сол ҳуқуқи иштирок дар озмунро пайдо мекунанд.

23. Раддабандии синнусолӣ ба таври зайл сурат мегирад:

номинатсияи композиторӣ:

– аз 18 то 40-сола.

номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн:

– аз 12 то 17-сола;

– аз 18 то 40-сола.

24. Дар озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.

25. Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм ва ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд.

26. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида мешавад. Шакли шартномаро Вазорати фарҳанг омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мерасонад.

27. Баромади иштирокчиёни озмун дар даврҳои дуюм ва сеюм тибқи қурапартоӣ сурат мегирад.

28. Иштирокчиёни номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн дар даврҳои дуюм ва сеюм асарҳои худро пешниҳод менамоянд.

VI. НОМИНАТСИЯҲО ВА ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

29. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

– композиторӣ;
– сарояндагӣ;
– навозандагӣ;
– санъати тасвирӣ;
– дизайн.

30. Дар панҷ номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзӯи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт, ободӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра таълиф шудаанд.

31. Ба озмун дар номинатсияи санъати тасвирӣ асарҳое қабул карда мешаванд, ки дар рӯи матоъ (холст) ё коғаз сохта шудаанд. Барои офаридани асар аз навъҳои зерини масолеҳ бояд истифода карда шавад: чӯб, метал, хокаи махсус, гил, гуаш, акрил, рангҳои равғанӣ, акварел, пастел, қаламҳои ранга ва сиёҳ.

32. Нусхабардории асарҳои рассомони машҳур аз сомонаҳои интернетӣ қатъиян манъ аст. Асари офаридашуда бояд бе ёрии падару модарон ва устодон тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он маълумоти зерин қайд карда мешавад: номинатсия, номи асар, насаб, ном, номи падар, синну соли иштирокчии озмун, номи муассиса, суроғаи ҷои истиқомат ва роҳбари рассомӣ.

33. Ҳаҷми корҳои пешниҳодшаванда бояд андозаи 50х60, 50х70, 60х80, 70х90 ва 80х100 см бошанд.

34. Ҳар як иштирокчӣ метавонад ба озмун на бештар аз 3 (се) асар пешниҳод намояд.

35. Асарҳое, ки дар даври ниҳоии озмун соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба соҳибонашон баргардонида намешаванд.

36. Дар озмун ба асарҳои тозаэҷод, симои зоҳирӣ ва сару либоси саҳнавии иштирокчиён афзалият дода шуда, ба такрори суруду оҳангҳо, асарҳои рассомӣ ва дизайнерӣ дар даврҳои озмун роҳ дода намешавад.

37. Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.

1) талаботи номинатсияи композиторӣ:

– дар ин номинатсия иштирокчиён бояд дорои таҳсилоти миёнаи махсуси мусиқӣ ва олии мусиқӣ, инчунин намояндагони мактаби суннатии устод-шогирд (бо нишондоди мушаххаси мактаб ва устод) бошанд;

– иштирокчиёни номинатсияи композиторӣ асарҳои худро метавонанд дар жанрҳои дилхоҳи худ бо истифодаи жанрҳои камеравӣ, калонҳаҷм, консерт, фантазия, поэма, сонато, сонатино, вариатсия, пиеса, ариозо, романс, суруд, кантата (симфонӣ, балет, опера, оперетта, оратория), инчунин дар жанрҳои хосаи мусиқии анъанавӣ ва мусиқии эстрадӣ пешниҳод намоянд;

– иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд. Дар ин номинатсия аз довталаб коллоквиуми тахассусӣ гирифта мешавад. Тақризи касбӣ ба ҳар як асари пешниҳодшуда ҳатмӣ мебошад;

– асарҳо дар шакли клавир, партитура ё сабти нотавии шакли дигар (хусусан барои жанрҳои суннатӣ) ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд;

– дар даври дуюм ва даври сеюм асарҳо дар шакли мусиқии зинда (иҷрои амалӣ) баррасӣ мегарданд;

– ҳангоми баҳогузорӣ ба техникаи композиторӣ (тарзи созбандӣ, фактура, хусусиятҳои драматургиву композитсионӣ), мутобиқати мавзуъ ба жанр, ҳамоҳангии матни шеърӣ ба мусиқӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад;

– хоҳишмандон аз гурӯҳи ҳаваскорон барои иштирок кардан дар ин бахш бо тариқи ариза муроҷиат намуда, баъди гузаштан аз коллоквиуми тахассусӣ имкони иштирокро пайдо менамоянд;

2) талаботи номинатсияи сарояндагӣ:

– дар иҷрои барномаи сароянда маҳорати касбӣ, талаффузи бурро, тарзи баён, нафаси равон, диапазони васеи овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, саҳназебӣ, либоси саҳнавӣ, одоб ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ба эътибор гирифта мешавад;

– иштирокчӣ ба ҳар даври озмун як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро дар жанрҳои гуногун пешниҳод менамояд;

– иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои суруд, романс, ария, ариозо, жанрҳои дигари мусиқии камеравии вокалӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;

– дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;

– дар пешниҳоди сарояндагӣ ба шеърҳои муосир, хусусан истифодаи шеърҳо аз баёзҳои тозанашр афзалият дода мешавад;

3) талаботи номинатсияи навозандагӣ:

– дар баромади навозанда маҳорати касбӣ, интихоби арзишманди асари мусиқӣ, мазмун ва жанри асар, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, одоби саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбиву оҳангӣ, самимият ва аслияти сабки навозандагӣ ба эътибор гирифта мешаванд;

– иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба жанрҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд;

– иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои гуногуни мусиқии полифонӣ, соната, вариатсия, консерт, пйесаи консертӣ, жанрҳои дигари мусиқии камеравии созӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;

– дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;

– дар пешниҳоди навозандагон ба сабақҳои аслии санъати навозандагии тоҷик афзалият дода мешавад.

4) талаботи номинатсияи санъати тасвирӣ:

 – дар иҷрои барномаи санъати тасвирӣ маҳорати рассомӣ, интихоби асар, мазмуни асари офаридашуда, масолеҳи истифодашуда ҳангоми офаридани асар ба эътибор гирифта мешавад;

– иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;

 – иштирокчии номинатсияи санъати тасвирӣ метавонад асари худро аз рӯи равияҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра, санъати ороиши амалӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, коркарди чӯб, бофандагӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ пешниҳод намояд.

5) талаботи номинатсияи дизайн:

– дар иҷрои барномаи дизайнерӣ касбияти дизайнерӣ, диди нав, навоварӣ, эҷоди асарҳои мубрам ба эътибор гирифта мешавад;

– иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;

– иштирокчии номинатсияи дизайн метавонад асарҳои худро дар равияҳои батика, гобелен, кошинкорӣ, мӯд, витраж, зебосозии либос, реклама, дизайни графикӣ ва ғайра пешниҳод намояд.

38. Регламенти баромади довталаб дар даври дуюм то 10 дақиқа ва дар даври сеюм то 20 дақиқа муайян мегардад.

VII. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

39. Ҳайати ҳакамони даври якум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби мусиқишиносон, композиторон, санъатшиносон, омӯзгорони муассисаҳои махсуси санъати мусиқӣ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг интихоб гардида, ҳайати ҳакамони даврҳои дуюму сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерон аз ҷониби комиссияи озмун тасдиқ карда мешаванд. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад.

40. Ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёри то 10 хол тариқи овоздиҳии кушода ғолибонро муайян мекунад.

41. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, комиссияи озмун салоҳияти ҳалли онро дорад.

VIII. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

42. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо, будубош дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

43. Ғолибони даври якуму дуюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

44. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

45. Ғолибони Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи композиторӣ ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

46. Омӯзгороне, ки шогирдони худро дар радабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо соҳиби Ҷоизаи ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

47. Омӯзгорони довталабон дар он сурат ҳавасманд гардонида мешаванд, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муассисаро дар хусуси омӯзгори воқеӣ будан пешниҳод намоянд.

48. Ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

49. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тартиби додани мукофот ва ҷоизаро барои ғолибони даври якум ва дуюми озмун раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

50. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

IX. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН

51. Барои иштирок дар даври сеюми озмун ба комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд:

а) барои рассомон ва дизайнерон:

– маълумот дар бораи довталаб;
– нусхаи шиноснома (шаҳодатнома);
– маълумотнома аз роҳбари муассисаи таълимӣ;
– 4 дона сурати 3х4;
– асарҳое, ки аз даври дуюми озмун гузаштаанд;
– нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии рассомӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн (барои гурӯҳи касбӣ).

б) барои композиторон, сарояндагон ва навозандагон:

– маълумот дар бораи довталаб;
– асарҳо дар шакли ҳомили электронӣ;
– сабти нотавӣ (тибқи талаботи озмун);
– матни шеърҳо дар се нусха;
– нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии мусиқӣ (барои гурӯҳи касбӣ).

52. Ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти даври сеюм бо протоколҳои расмӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон тасдиқ гардида, комиссияи озмун онро баррасӣ менамояд.

53. Довталабоне, ки дар даври сеюм ғолиб намебароянд, бо диплом ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд.

X. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ИФТИХОРӢ

54. Ба ғолиби беҳтарин Ҷоизаи ифтихорӣ дода мешавад.

55. Дар даври сеюм ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда мешавад, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст.

56. Ҷоизаи ифтихорӣ ба иштирокчие дода мешавад, ки дар композиторӣ, суруд хондану мусиқӣ навохтан, офаридани асарҳои тасвирӣ ва ҳунарҳои наққошиву дизайнерӣ маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорату истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷойи якум болотар аст.

XI. ИМТИЁЗҲО

57. Соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар гурӯҳҳои бачагонаи рассомӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.  

58. Вазорати фарҳанг протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-329 

Ҳайати
комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) – раиси комиссияи озмун;

вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раиси комиссияи озмун;

раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раиси комиссияи озмун;

муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – котиби Комиссияи озмун.

Аъзои комиссияи озмун:

сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон;

ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода;

ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;

раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон;

раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон;

раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон.

Замимаи 3
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-329 

Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии
«Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

1. Номинатсияи композиторӣ (аз 18 то 40-сола)

Таъиноти хароҷотМаблағ барои як
номинатсия
Шумораи
ҷоизагиран-
дагон (нафар)
Маблағи
умумӣ
Жанри академӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри анъанавӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри эстрадӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Ҷамъ15345 000

2. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 12 то 17-сола)

Таъиноти хароҷотМаблағ
барои як
номинатсия
Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)
Маблағи
умумӣ
Жанри академӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри анъанавӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри эстрадӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Ҷамъ15345 000

3. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 18 то 40-сола)

Таъиноти хароҷотМаблағ
барои як
номинатсия
Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)
Маблағи
умумӣ
Жанри академӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри анъанавӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри эстрадӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Ҷамъ15345 000
     

4. Номинатсияи навозандагӣ (аз 12 то 17-сола)

Таъиноти хароҷотМаблағ барои як
номинатсия
Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)
Маблағи
умумӣ
Жанри академӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри анъанавӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри эстрадӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Ҷамъ15345 000
     

5. Номинатсияи навозандагӣ (аз 18 то 40-сола)

Таъиноти хароҷотМаблағ барои як
номинатсия
Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)
Маблағи
умумӣ
Жанри академӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000220 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри анъанавӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри эстрадӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Ҷамъ15345 000

6. Номинатсияи санъати тасвирӣ (аз 12 то 17-сола)

Таъиноти хароҷотМаблағ барои як
номинатсия
Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)
Маблағи
умумӣ
Жанри санъати тасвирӣ(рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра)
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри санъати ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб)
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Ҷамъ10230 000
     

7. Номинатсияи санъати тасвирӣ (аз 18 то 40-сола)

Таъиноти хароҷотМаблағ барои як
номинатсия
Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)
Маблағи
умумӣ
Жанри санъати тасвирӣ(рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра)
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри санъати ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб)
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Ҷамъ10230 000
     

8. Номинатсияи дизайн (аз 12 то 17-сола)

Таъиноти хароҷотМаблағ барои як
номинатсия
Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)
Маблағи
умумӣ
Жанри дизайни графика, реклама, дохили бино
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Ҷамъ10230 000
     

9. Номинатсияи дизайн (аз 18 то 40-сола)

Таъиноти хароҷотМаблағ барои як
номинатсия
Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)
Маблағи
умумӣ
Жанри дизайни графика, реклама, дохили бино
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Жанри дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ
Ҷойи якум35 000135 000
Ҷойи дуюм25 000250 000
Ҷойи сеюм15 000230 000
Ҳамагӣ5115 000
Ҷамъ10230 000
Ҷамъи бандҳои 1-91152 645 000

10. Маблағ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун
ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд

Таъиноти хароҷотМаблағ
барои як
номинатсия
Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)
Маблағи
умумӣ
1Шоҳҷоиза10 000440 000
2Ҷойи якум10 00010100 000
3Ҷойи дуюм10 00020200 000
4Ҷойи сеюм10 00020200 000
Ҳамагӣ54540 000

11. Ҷоизаи ифтихорӣ (Шоҳҷоиза)

Таъиноти хароҷотМаблағбарои як номинатсияШумораи ҷоизагиран-дагон
(нафар)
Маблағи
умумӣ
1.Номинатсияи
композиторӣ
50 000150 000
2.Номинатсияи
сарояндагӣ
50 000150 000
3.Номинатсияи
навозандагӣ
50 000150 000
4.Номинатсияи
санъати тасвирӣ
50 000150 000
5.Номинатсияи
дизайн
50 000150 000
Ҳамагӣ5250 000

12. Хароҷоти иловагӣ

Таъиноти хароҷотМаблағи умумӣ
1.Омода кардани ҷоми Шоҳҷоизаҳо, дипломҳо ва хароҷоти дигар315 000

13. Маблағи умумӣ

Таъиноти хароҷотШумораи умумӣМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Ҷоизаҳо аз рӯйи номинатсияҳо1152 645 000
 Ҷоизаи ифтихорӣ (Шоҳҷоиза)5250 000
2.Барои омӯзгорони иштирокчиёни ғолибомада54540 000
3.Хароҷоти иловагӣ315 000
Ҳамагӣ1743 750 000

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2023

02.02.2023 09:01, шаҳри Душанбе

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.

Соли 2023 озмун миёни гурӯҳҳои касбӣ – хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷҳои санъату рассомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳо ва театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ ва гурӯҳи ҳаваскорон – хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ходимони илмӣ ва эҷодӣ гузаронида мешавад.

Дар соли ҷорӣ озмун аз рӯйи 5 номинатсия – композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор мегарданд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ ширкат мекунанд.

Дар ин замина, шумораи ҷойҳо барои ғолибони озмун 40 адад зиёд гардида, дар маҷмуъ 115 ҷойро ташкил медиҳад. Ҳамчунин шумораи ғолибони Ҷоизаи ифтихорӣ (шоҳҷоиза) низ 2 нафар зиёд шуда, ба 5 нафар мерасад.

Шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Ҷоизаи ифтихорӣ (шоҳҷоиза) мегарданд, 15 адад зиёд гардида, ба 61 адад расонида шудааст.

Вобаста ба тағйироти зикргардида маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 210 000 сомонӣ зиёд мебошад.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 феврали соли 2023
№АП-331

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-331

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии
«Илм-фурӯғи маърифат»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» (минбаъд – озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.

2. Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ – муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

3. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:

– математика (арифметика, алгебра, геометрия);

– физика ва астрономия;

– химия;

– биология (ботаника, зоология, анатомия);

– география;

– технологияи иттилоотӣ;

– ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

4. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Масъулони баргузории озмун Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва Саридораи геология мебошанд.

6. Кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва нашрияҳои давлатӣ дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.  

8. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ роҳбарони онҳо масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

9. Барои гузаронидани озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» комиссияи ҷумҳуриявӣ (минбаъд-комиссияи озмун) таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

10. Ваколати комиссияи озмун:

– таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

– тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

– муайян намудани ҷойи баргузории даври сеюми озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

– тасдиқи ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;

– гузаронидани семинарҳои машваратӣ барои ҳайати ҳакамон ва масъулони гузаронидани озмун дар тамоми даврҳо;        

– назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

– омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври чорум;

– таъсиси комиссияи аппелятсионӣ;

– баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;

– тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмуни даври сеюм ва чорум;

– ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва шиносоӣ.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

11. Озмун аз чор давр иборат буда, моҳҳои апрел – октябр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

– даври якум – моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо;

– даври дуюм – нимаи дуюми моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо;

– даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

– даври чорум – даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм моҳи октябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.

12. Протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюм ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва раиси ҳакамон ба комиссияи озмун пешниҳод мешавад.

13. Ҷойи баргузории даврҳои якуму дуюм ва сеюми озмун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад.

14. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ вогузор карда мешавад.

15. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш мегарданд. Ҷараёни баргузории даври чорум пурра тавассути телевизионҳои давлатӣ сабт ва намоиш дода мешавад.

16. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 1-уми моҳи октябр муқаррар карда мешавад. Дар ҳар як даври озмун 6 ғолиб: ҷойҳои якум – 1 нафар, дуюм – 2 нафар ва сеюм – 3 нафар муайян карда мешавад.

17. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти вай) метавонад шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида шавад.

18. Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио масъули раванди гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони даври чоруми озмун мебошанд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

19. Дар озмун шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ – муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

20. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.

21. Довталаб 10 рӯз пеш аз оғози озмун санадҳои зеринро бо ариза ба комиссияи озмун пешниҳод менамояд:

– маълумотномаи ягонаи довталаб (мувофиқи шакли аз ҷониби котиботи озмун пешниҳодшуда);

– тарҷумаи ҳол (шакли тасдиқшудаи намунаи он аз ҷониби Академияи миллии илмҳо пешниҳод мешавад);

– 4 дона сурати 3х4;

– маълумотнома аз макони зист ё ҷойи таҳсил;

– маълумотнома доир ба ихтисос, патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироъкорон ва навоварон).

22. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо суроға ва ҷойи баргузории озмунро барои довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон ба таври ҳатмӣ эълон менамоянд.

23. Барандаи Шоҳҷоиза ва шахсоне, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, то се сол ҳуқуқи ширкат дар озмунро надоранд.

24. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссияи озмун иловатан ҳуҷҷатҳои зерин дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд:

– маълумоти мухтасар дар бораи довталаб;

– нусхаи патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ;

– номгӯи дастгоҳ ва таҷҳизоти ихтироъшуда;

– пешниҳодҳои хусусияти навоваридошта;

– протоколи даври сеюми озмун.

6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

25. Донишу истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад. Агар иштирокчӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чорум донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуда бошад, ҳамчун хонанда дар даври чорум иштирок мекунад.

26. Як шахс танҳо дар як номинатсия аз номи як муассиса ё маҳалли зист иштирок карда метавонад.

7. МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

27. Вобаста ба номинатсия пешниҳоди супоришҳои озмун (10 супориш ё саволу масъала) дар шакли зерин сурат мегирад:

– дар математика 40% назариявӣ ва 60% амалӣ;

– дар физика ва астрономия 50% назариявӣ ва 50% амалӣ-озмоишӣ (бо таносуби 80% физика ва 20% астрономия);

– дар химия 40% назариявӣ, 40% хаттӣ-амалӣ ва 20% озмоишӣ;

– дар биология 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

– дар география 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

– дар технологияи информатсионӣ 20% назариявӣ ва 80% амалӣ;

– дар ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз рӯйи пешниҳоди ихтироот ва навоварӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизот, техникаву технология, навъу намунаҳои нави зироат, дарахту буттаҳо ва маводи доруворӣ.  

28. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба дониш, маҳорат ва малакаи довталабон аз ҷониби комиссияи озмун ҷадвали 100-хола (ба ҳар савол ё супориш то 10 хол) муқаррар карда шуда, ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

– барои ба пуррагӣ ҷавоб додан ба саволҳои назариявӣ, дуруст пешниҳод намудани қонуну қоидаҳо, назарияҳо, теорема ва аксиомаҳо, моҳияти ҳодисаҳои табиат, дуруст ҳал кардани мисолу масъалаҳо, пурра анҷом додани корҳои озмоишӣ то 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар то 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар то 4 хол, барои ҷавоби миёна то 3 хол, барои ҷавоби заиф то 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад;

– барои ихтироъкорон то 100 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки он бо патент (ё шаҳодатномаи муаллифӣ) – и байналмилалии ташкилотҳои эътирофгардида ва ё ҷумҳурӣ ҳифз шудааст, дар истеҳсолот ҷорӣ гардидааст ё имкони ҷорӣ шуданро дорад, самаранокии иқтисодиаш муайян гардидааст, элементҳои навоварӣ мавҷуд буда, натиҷаи тиҷороатикунонии он пешниҳод шуда бошад. Баҳои то 80 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки дар он хусусиятҳои навоварӣ мавҷуд аст, имкони дар истеҳсолот ҷорӣ шуданро дорад, самаранокии иқтисодиаш муайян гардидааст, вале бо патент тасдиқи худро наёфтааст. То 60 хол барои ихтирооте дода мешавад, ки дар он унсурҳои навоварӣ ҷой доранд, то 50 хол барои сохтани конструксияҳои муайян, ки унсурҳои навоварӣ надорад, дода мешавад. Барои намунаҳои дастовардҳои аллакай мавҷуда то 30 хол дода мешавад;

– барои иштирок дар даври сеюм ва чорум дар номинатсияи ихтроъкорӣ ва навоварӣ байни донишҷӯён, ходимони илмӣ ва намояндагони касбу кори гуногун дар сурати набудани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ (патент, нахустпатент, патенти авруосиёгии муаллифи ихтироъ) иҷозат дода намешавад;

– саволҳои назариявӣ дар шакли хаттӣ ба иштирочиён пешниҳод карда мешаванд;

– барои ҷавоби пурра додан ба саволи назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо пурра ҳал намояд ва пешниҳоди натиҷаҳои саҳеҳ то 10 хол дода мешавад. Барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд, то 8 хол, барои ҷавобҳо ба саволи назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд то 6 хол, барои ҷавоб ба саволи назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барнома то 4 хол, барои ҷавоб танҳо ба саволи назариявӣ то 2 хол дода мешавад;

– холи натиҷавии ба дастовардаи иштирокчиён дар асоси ҳисоби қимати миёнаи холи гузоштаи ҳар як узви ҳайати ҳакамон муайян карда мешавад;

– дар сурати аз 70% кам ба даст овардани холҳо дар номинатсия ҷойи якум дода намешавад.

8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

29. Шумора ва ҳайати ҳакамонро комиссияи озмун муайян месозад.

30. Ҳайати ҳакамони озмун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо корҳои зеринро иҷро мекунанд:  

– тибқи пешниҳоди комиссияи озмун донишу истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунанд;

– холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд;

– натиҷаи озмун дар протокол дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.

31. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинони он иборат аз 7 нафар мебошад.

32. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад.

33. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври сеюм ва чорум дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

34. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, комиссияи озмун салоҳияти ҳалли онро дорад.

9. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД БАРОИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

35. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе роҳ дода мешавад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор гардидааст.

36. Агар барандаи Шоҳҷоиза намоянда аз табақаҳои касбу кори гуногун бошад, бо пешниҳоди комиссияи озмун бо тартиби муқарраргардида бо мукофоти соҳавӣ сарфароз гардонида мешавад.

10. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

37. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм, таъмини сафархарҷӣ ва будубоши ҳайати ҳакамон дар ин даврҳои озмун, хароҷоти вобаста ба сафарбаркунӣ ва будубоши ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

38. Ғолибони даврҳои якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорону волидони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

39. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ғолибони даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмунро бо мукофотҳо сарфароз мегардонанд.

40. Ба ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоиза тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

41. Ҷоиза ва мукофоти пулии ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби аъзоёни комиссияи озмун ва дигар шахсони расмӣ супорида мешавад.

42. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо, ҷалби сарпарастон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

43. Иштирокчиёни ҷойҳои 4, 5, 6 даври чоруми озмун бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Академияи миллии илмҳо таҳия ва тасдиқ менамояд.

44. Падару модароне, ки фарзандони онҳо миёни гурӯҳи донишҷуён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо мегарданд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

45. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун барандаи Шоҳҷоиза ва сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

11. ИМТИЁЗҲО

46. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд.

47. Иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва иштирокчиёни даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

48. Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 мегарданд, соҳиби унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон мегарданд.

49. Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупоранд.

Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-331

Ҳайати
комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) – раиси комиссияи озмун;

президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – муовини раиси комиссияи озмун;

вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раиси комиссияи озмун;

ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ – котиби комиссияи озмун.

Аъзои комиссия:

сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;

ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ;

ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;

ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев;

ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав;

ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Замимаи 3
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-331

Ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

Барои ғолибони даври чоруми озмун ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар ин даври озмун соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, ҷоиза ва мукофоти зерин аз рӯйи 4 гурӯҳ ва ҳафт номинатсия муқаррар карда мешаванд:

1. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ

 Маблағ барои як номинатсияШумораи ҷоизагирандагон (нафар)Маблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.1. Номинатсияи математика
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345000
Ҳамагӣ6130 000
1.2. Номинатсияи физика
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
1.3. Номинатсияи химия
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
1.4. Номинатсияи биология
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
1.5. Номинатсияи география
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
1.6. Номинатсияи технологияи иттилоотӣ
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
1.7. Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
  1. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ)
 Маблағ барои як номинатсияШумораи ҷоизагирандагон (нафар)Маблағи умумӣ (бо сомонӣ)
2.1. Номинатсияи математика
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345000
Ҳамагӣ6130 000
2.2. Номинатсияи физика
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
2.3. Номинатсияи химия
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
2.4. Номинатсияи биология
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
2.5. Номинатсияи география
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
2.6. Номинатсияи технологияи иттилоотӣ
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
2.7. Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
  1. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
 № Маблағ барои як номинатсияШумораи ҷоизагирандагон (нафар)Маблағи умумӣ
3.1. Номинатсияи математика
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
3.2. Номинатсияи физика
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
3.3. Номинатсияи химия
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
3.4. Номинатсияи биология
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
3.5. Номинатсияи география
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
 3.6. Номинатсияи технологияи компютерӣ
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6130 000
3.7. Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6000

4. Ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун

4.1. Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ
1Ҷойи якум35 000135 000
2Ҷойи дуюм25 000250 000
3Ҷойи сеюм15 000345 000
Ҳамагӣ6000
Ҷамъи иштирокчиён 132 нафар

5. Шоҳҷоиза барои ихтироъкорон ва навоварон

 Маблағ барои як номинатсияШумораи ҷоизагирандагон (нафар)Маблағи умумӣ
  70 0001000

6. Омӯзгорони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ

 Маблағ барои як номинатсияШумораи ҷоизагирандагон (нафар)Маблағи умумӣ (бо сомонӣ)
Номинатсияи математика
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи физика
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи химия
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи биология
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи география
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи технологияи иттилоотӣ
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Ҷамъи омӯзгорон42 нафар 

7. Омӯзгорони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ)

 Маблағ барои як номинатсияШумораи ҷоизагирандагон (нафар)Маблағи умумӣ (бо сомонӣ)
Номинатсияи математика
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи физика
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи химия
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи биология
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи география
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи технологияи иттилоотӣ
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ
1Ҷойи якум10 000110 000
2Ҷойи дуюм10 000220 000
3Ҷойи сеюм10 000330 000
Ҳамагӣ660 000
Ҷамъи омӯзгорон42 нафар 

Хароҷоти иловагӣ

ХароҷотМаблағи умумӣ(бо сомонӣ)
1.Омода кардани ҷомҳои Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум дуюм, сеюм ва «Диплом»-и ғолибони озмун ва хароҷоти дигар315 000(сесаду понздаҳ ҳазор)

Маблағи умумӣ

Ҷоиза ва хароҷотШумораи умумӣМаблағи умумӣ (бо сомонӣ)
1.Барои ҷоизаҳо ва Шоҳҷоиза1322 930 000
2.Барои омӯзгорон84840 000
3.Омода кардани ҷомҳои Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва «Диплом»-и ғолибони озмун ва хароҷоти дигар315 000
Ҳамагӣ 4085000

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023

02.02.2023 09:05, шаҳри Душанбе

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Соли 2023 бори аввал озмун миёни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд гардида, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил медиҳад

Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли ҷорӣ дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар зиёд карда шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд.

Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49 адад зиёд карда шуда, 84 ададро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, маблағи умумӣ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории даври чоруми озмун 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 1 740 000 (як миллиону ҳафтсаду чил ҳазор) сомонӣ зиёд мебошад.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат соли ҷорӣ барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button