Минтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МУСОДИРАИ 13 ТОННА НОС (!!!), 35 САР ГӮСФАНД ВА ЯК АСП ДАР МАРЗҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН (3 АКС)

Марзбонони Қирғизистон дар поёни моҳи январи соли 2023 дар марзҳои ин кишвар бо Ӯзбекистону Тоҷикистон аз ду кӯшиши бо роҳи қочоқӣ ба қаламрави Қирғизистон гузарондани 13 тонна нос (!!!), 35 сар гӯсфанд ва як асп пешгирӣ кардаанд.

Хадамоти матбуоти нирӯҳои марзбонии Қирғизистон дар иттилоияаш гуфт: “Рӯзи 30 январ, ба посгоҳи марзии “Бүрғондү” мошини боркаши тамғаи “Волво” таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Э.Б., соли таваллудаш 1984, ворид шуд. Ин мошин аз тарафи анклави Чон-Гараи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тарафи Қирғизистон мерафт. Дар ҷараёни тафтиш марзбонон дар ин мошин 13 тонна нос пайдо карданд, ки бидуни санадҳои лозим интиқол дода мешуд. Бино ба маълумоти аввалия, ронанда ин борро барои фурӯши минбаъда ба Қирғизистон мебурд”.

Чон-Гара, ки дар асл онро Қалъача ё Сӯхи шимолӣ ҳам меноманд, қисмате аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон аст. Дар Сӯх, ки аз 4 тараф бо қаламрави Қирғизистон иҳота шудааст, аксарияти кулли аҳолиро тоҷикҳо ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти дигари хадамоти марзбонии Қирғизистон, “рӯзи 29 январи соли 2023 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон дар мавзеи Лагери ноҳияи Лайлак марзбонони дастаи Лайлак шаҳрванди Қирғизистон Ж.Н., соли таваллудаш 1993-ро дастгир карданд. Ӯ мехост бо роҳи ғайриқонунӣ 35 сар чорвои хурд ва як аспро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон барад”.

Мавзеи Лагери ноҳияи Лайлак дар канори деҳаи Қулунду дар рӯбарӯи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Дар ҳарду маврид дар пайи таҳияи асноди лозим шаҳрвандони боздоштшударо ҳамроҳ бо чорво ва носи мусодирашуда барои тафтиши минбаъда ба мақомоти зидахл супурдаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button