МуҳоҷиронТиб ва беҳдошт

ҶАРРОҲИИ ЛОЛА ҒАНИЕВА, КИ ҚАДАШ ҲАМАГӢ 1 МЕТРУ 41 СМ БУД (5 АКС)

Ҷарроҳони Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии тавматология ва ортопедияи шаҳри Новосибирски русия (НИИТО) ҷарроҳии мураккаби як духтари тоҷик бо қади хеле пастро анҷом доданд.

Лола Ғаниева бо ин дард, ки мебоист дар замони тифлиаш табобат карда мешуд, 34 сол зиндагӣ кардааст.

Лола 15 сол пеш аз Тоҷикистон ба Новосибирск омад ва дар як дӯкони нонпазӣ кор мекард. Иллати дисплазияи муфосилҳои ронро дар бадани ӯ табибон барвақт ташхис карда буданд ва Лола медонист, ки чунин маризӣ дорад. Одатан ин бемориро дар давраи тифлӣ ба воситаи масҳу машқҳои махсус ва истифодаи дастгоҳҳои махсуси ортопедӣ дар байни ҳамагӣ чанд моҳ табобат мекунанд, вале касе дар фикру дар пайи табобати Лола нашуд. Дар натиҷа бо онки Лола ба синни 34 расид, қадаш ҳамагӣ 1 метру 41 сантиметр буд. Лола мегӯяд, ки ҳарчанд каме мелангид, дигар ягон дардеро дар баданаш эҳсос намекард ва аз ин рӯ, ба табибон муроҷиат накард.

Вале ин сиҳҳатиии зоҳирии Лола наметавонист беохир давом кунад. Як сол пеш пушти ӯ ба дард даромад. Табиб баъди муоина ба Лола маслиҳат додааст, ки ба НИИТО муроҷиат кунад.

Баъди ташхис маълум шуд, ки устухонҳои ҳарду рони Лола нодуруст ва ноқис сабзида, дар натиҷа аз ҷои худ баромадаанд. Устухонҳои ронҳои ӯ мисли устухони рони кӯдак хеле хурд будаанд.

Олег Голенков, табиби Лола мегӯяд: “Ӯ гирифтори шакли вазнини дисплазияи дараҷаи чорум буд, ки ин бемориро дар замони тифлиаш табобат накардаанд. Дар натиҷа устухонҳои ҳарду ронаш беҷо шуда, аз ҷиҳати рушд хеле қафо монда буданд”.

Андрей Кориткин, мудири НИИТО гуфт, ҷарроҳони Новосибирск талоши зиёде ба харҷ доданд, то ки ҷарроҳиии Лоларо хуб анҷом бидиҳанд.

“Вале ҳамкорони ман бомуваффақият аз уҳдаи ин баромаданд ва бори дигар исбот карданд, ки дар ин арса дар Русия пешқадаманд”,  ‒ изҳор дошт Кориткин.

Ҷарроҳии Лола бомуваффақият анҷом ёфт: ӯ ҳоло бо кумаки чигасҳо роҳ гашта метавонад ва чанд моҳ пас бояд барои ҷарроҳии дуюм ба ин пажуҳишгоҳ баргардад.  Дар натиҷаи табобат, ба бовари табибон,  роҳгардии Лола бояд мутавозин шавад ва қадаш ни 6 сантиметр баландтар шавад.

Ҷарроҳони НИИТО бори аввал нест, ки чунин ҷарроҳиҳои мураккабро анҷом медодаанд. Моҳе пеш онҳо бо роҳи ҷарроҳӣ сутунмуҳраи як духтар аз Липетскро дуруст карданд ва қади ӯ якбора 10 сантиметр баландтар шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button