Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК ДУХТАРИ 18-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “МЕРСЕДЕС” ДАР КӮЧАИ КРУПСКАЯИ ПОЙТАХТ

Субҳи 31 январ як духтари пиёдагарди соли таваллудаш 2004 дар кӯчаи Крупскаяи шаҳри Душанбе зери чархи мошини “Мерседес” монда, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

ххххххххххххххх

Зани 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ  ба он гумонбар мешавад, ки моҳи майи соли 2022 бо роҳи фиреб аз як сокини пойтахт дар чанд марҳила ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро, ҷамъ ба маблағи 175 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

ххххххххххххххххх

Ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Левакант барои дуздии 2500 сомонӣ ва телефони мобили як сокини ноҳияи Балҷувон дастгир гардида, сокини  29-солаи Ваҳдат ба ду ҳолати дуздӣ аз хонаи сокинон дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён гумонбар мешавад.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 01.02.2023

Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи «Мерседес-Бенс»

1

31-уми январи соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Чилаев Алишер Ҳусейнович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Крупскаяи шаҳри Душанбе аз самти кӯчаи Н.Қарабоев ба самти маҳаллаи Гулбутта, дар болои хатти пиёдагардони танзимшаванда пиёдагард, Рустамхонзода Ҳалима, соли таваллудаш 2004, сокини пойтахтро пахш намуда, сипас ба автомашинаи тамғаи «Хондай Элантра», ки таҳти идораи ронанда, Алиев Умар Файзиевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе, қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Рустамхонзода Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардида, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани зани 40-сола бо ҷурми қаллобӣ

054

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2022 зани 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб бовариаш даромада, аз ӯ дар чанд марҳила ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро, ҷамъ ба маблағи 175 ҳазор сомонӣ гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

163

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Балҷувон муроҷиат намудааст, ки шаби 7 ба 8-уми январи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷойи хобаш, воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хонор 10” ва 2 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 22-солаи сокин шаҳри Левакант содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри Левакант ворид гардидааст, ки моҳи ноябри соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, нуқрагӣ, 1-адад планшет ва 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат содир намудааст.
Ҳамзамон, номбурда моҳи ноябри соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиии марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 16 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button