Ҳодиса

БОЗДОШТИ ҚАЛЛОБЕ, КИ АЗ НОМИ КАНАЛИ ХАЙРИЯИ “СОЛИҲИН ТВ” МАРДУМРО ФИРЕБ МЕДОД (АКС)

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе  рӯзи 1 феврали соли 2023 аз боздошти ҷавони 22-солае хабар дод, ки дар Интернет аз номи канали бо корҳои хайраш машҳури “Солиҳин ТВ” саҳифаҳои қалбакӣ кушода,  мардумро фиреб медод. “Солиҳин ТВ”, ки муҷрияш ҳеҷ гоҳ рӯи худро нишон намедиҳад, бо кумакҳои беғаразонаи худ, аз ҷумла бо харидани хонаву ҳавлӣ ё гови ҷӯшоӣ барои хонаводаҳои ниёзманд ё пардохти пули табобати беморон ном баровардааст. Вале ҷавони дастгиршуда: Беҳрӯзи Субҳиддин, санаи таваллудаш 23.08.2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳалаи Лучоб, бино ба гузориши милитсияи пойтахт,  дар беш аз 20 ҳолат аз шаҳрвандон бо ваъдаи бардурӯғи ба рӯйхатти ниёзмандон ворид кардани номи онҳо аз 800 то 2000 сомонӣ гирифта, сипас телефонашро хомӯш карда, ба ҷангҳои онҳо дигар ҷавоб намедодааст.

Милитсияи Душанбе менависад, мардум аз шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ, ки имрӯз ба як майдони фарохи мубодилаи афкор, иттилоот ва муошират байни шаҳрвандон табдил ёфтаанд, бо мақсадҳои гуногун истифода менамоянд ва мутаассифона, ҳастанд бархе аз афроде, ки бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ба қаллобию мардумфиребӣ машғул гардида, ба шаҳрвандон дар баробари зарарҳои пулию молиявӣ, ҳамзамон зарари равонӣ низ мерасонанд.

  Аз ҷумла, дар заминаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, шаҳрванд Беҳрӯзи Субҳиддин, санаи таваллудаш 23.08.2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳалаи Лучоб дастгир карда шуд.

Худи дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба иттилои милитсия, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки “дастгиршуда Беҳрӯзи Субҳиддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои қалбакӣ (фейк) бо номҳои «Солиҳин-ТВ» ва «Муҳаммад-ТВ» фаъол намуда, ба мардумфиребӣ машғул гардидааст. Номбурда тавассути ин саҳифаҳои қалбакии худ бо нашр намудани эълонҳои дурӯғин, ки гӯё ба афроди ниёзманд кумак мерасонад, шаҳрвандонро ба доми фиреби худ дароварда, барои ба онҳо расонидани кумак ва дар рӯйхати ниёзмандон ворид намудан, маблағҳои гуногун талаб намуда гирифтааст. Баъд аз гирифтани маблағҳои пулии шаҳрвандон дигар ба зангҳои онҳо ҷавоб надода, рақамҳои телефонашро хомӯш кардааст”.

Дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби кормандони милитсия зиёда аз 20 ҳолати бо чунин шакл фиреб додани шаҳрвандон муайян карда шудааст, ки Беҳрӯзи Субҳиддин ба ҳар яке аз шаҳрвандон аз 800 то 2 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
  Ҳоло, нисбат ба дастгиршуда Беҳрӯзи Субҳиддин тибқи талаботи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ ҷаримаи ҳангуфт ё ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

 Милитсияи Душанбе аз шаҳрвандон хостааст, ки агар мавриди фиреби ин нафар қарор гирифта бошанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button