ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

ПАРВАНДАИ РИШВА ҲАЛЛУ ВАЛ ШУД? РАИСИ РАШТ РАИСӢ КАРДА ГАШТААСТ, РАҲБАРИ ДАСТГОҲАШ НИЗ ОЗОД ШУДААСТ…

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 1 феврали соли 2023 хабар доданд, ки раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ, ки рӯзи 23 январ бо гумони гирифтани пора ҳамроҳи раҳбари дастгоҳаш Холмаҳмад Ортиқов аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дастгир шуда буд, нафақат дар озодӣ қарор дорад, балки дар мансаби худ ҳамчун раиси ноҳия кор карда истодааст. Ҳамин тавр, Холмаҳмад Ортиқов низ аз ҳабс озод шуда, ҳоло дар хонааш будааст. Инро дастикам се нафаре, ки барои дидани Ортиқов ба хонааш рафтаанд, тасдиқ карданд.

Як ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт: “Рӯзи душанбе, 30 январ, Муқимӣ худаш ҷаласаи ҳукумати ноҳияро, ки ҳар субҳи душанбе доир мешавад бо номи “пятиминутка” гузаронд. Сипас, ҳамроҳи дигар мансабдорон дар қасри фарҳанг якҷоя паёми президентро ба муносибати иди Сада тамошо карданд. Гап-гап ҳаст, ки Ортиқовро шояд иваз кунанд. Ӯ ҳоло дар хонааш аст ва дигар баъди он ҳодиса ба кор набаромадааст”.

Маълум нест, ки оё Ортиқов аз ҷавобгарӣ халос шудааст ваё бо додани забонхат ба шарти то анҷоми тафтишот тарк накардани маҳалли зисташ шартан озод карда шудааст?

Бархе ҳадс мезананд, ки ин парванда шояд бо роҳҳои ба ҳама маълум, яъне бо истифода аз ягон пушти хеле бақувват, ё бо пул, ваё бо ҳарду восита ба истилоҳ ҳаллу вал шудааст.

Вале як манбаи наздик ба тафтишот гуфт, як гуруҳи муфаттишони Агентии мубориза бо коррупсия то ҳол дар ноҳияи Рашт қарор доранд ва тафтиши парванда ҳамчунон идома дорад.  Аммо ӯ ҳам истисно накард, ки ин парванда дар ниҳоят метавонад бо таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла пушти зӯр ё бо дигар василаҳои коррупсионӣ дар ниҳоят ҳаллу вал шавад ва баста шавад.

Хабари боздошти раиси ноҳияи Рашт ва раҳбари дастгоҳи ӯро рӯзи 23 январ аз байни расонаҳо аввалин шуда пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр кард.

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, кормандони Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон субҳи душанбе, 23 январи соли 2023 раиси ҳукумати ноҳияи Рашт дар шарқи ҷумҳурӣ Муқимӣ Раҳимҷони Набизода ва раиси дастгоҳи ӯ Ортиқов Холмаҳмадро

ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор доллар дастгир кардаанд.

Гуфта мешуд, ки Раҳимҷон Муқимӣ ва раҳбари дастгоҳаш тақрибан як моҳ боз бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани заминҳо таҳти коркарди фаврӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ қарор доштанд ва як рӯз қабл, яъне 22 январи соли 2023 роҳбарони Агентӣ шахсан аз президент Эмомалӣ Раҳмон барои гузарондани амалиёти боздошти раиси ноҳияи Рашт “ок” гирифтаанд.

Агентии мубориза бо коррупсия баъдан дар посух ба дархости “Азия Плюс” тасдиқ кард, ки нисбати ба Холмаҳмад Ортиқов рӯзи 20-уми январ аз ҷониби Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон бо гумони қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) “парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати номбурда чораи пешгирӣ – забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат татбиқ гардидааст”. Аммо ин агентӣ ба саволи “Азия Плюс” дар бораи ифтитоҳи парванда нисбат ба раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ маънидорона ягон посух надодааст.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, раиси ноҳия низ дар ин парванда мегузарад, вале азбаски ӯ вакили Маҷлиси миллист, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонданаш паси сар кардани як силсила мониаҳои ҳуқуқиро тақозо мекунад.

Раҳимҷон Муқимӣ  61 сол дошта, 26 феврали соли 2019 ба ҷои Қаноатшо Лоиқзода раиси ноҳияи Рашт таъйин шуд ва дар аввали кораш фармонҳои Лоиқзода дар хусуси хусусӣ кардани садҳо гектар заминҳои чарогоҳро бекор кард. Аз ин лиҳоз ин фарзия низ дар миён ҳаст, ки аҷаб нест, агар парвандаи зидди Муқимӣ интиқоми клани ҳамчунон пурнуфузи Лоиқзодаҳо бошад.

Хабари боздошти Муқимӣ ва раиси дастгоҳшро бархе шахсиятҳои маъруфи зодаи Рашт, аз ҷумла генерал Шоҳ Искандаров хуш истиқбол карда буданд.

Генерал Муҳаммадшоҳ Искандарзода, маъруф ба генерал Шоҳ Искандаров, рӯзи 24 январи соли 2023 дар Фейсбук Муқимиро “як ҳаромхӯр” номида, афзуд, ки мардум аз порагирии раиси ноҳия ба дод омадаанд. “Қасам ба Худо, рост аст. Як ҳаромхӯр аст раиси нохияи Рашт. Ман, генерал Шоҳ Искандаров, зодаи ҳамон минтақа хастам. Мардум аз порагирии раиси ноҳия ба дод омадагиянд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия бе иҷозати раис нафас намекашад. Бисёр тарафдорӣ накунед, вақт нишон медиҳад”, навишта буд Шоҳ Искандаров.

Генерал дар идома байти машҳурро иқтибос кардааст ки:

Қамчини Худо садо надорад,

 Вақте ки занад, даво надорад.

Даҳҳо нафар зери ин изҳори назари генерал Шоҳ Искандаров тугмаи лайкро зер карданд ва яке хитоб ба ӯ навишт: “Чунин порахӯрҳо бояд дар маҳбас бошанд, рафиқ генерал.

Шоҳ Искандаров дар посух ба ин корбар навишт: “Ҳатман дар назди  қонун ҷавоб медиҳанд. Фақат Худованд ба онҳо муҳлат додааст. Лекин на ба манфиати онҳост. Ҳар касе амали бад кунад, ҳатман ҷазои бад мегирад. Бе шакку шубҳа!”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button