ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсон

10 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУХТАРУ ПИСАР ДАР ЭРОН БАРОИ РАҚС ДАР НАЗДИ ДАРВОЗАИ ТЕҲРОН (ВИДЕО)

Дар Эрон як духтари 21-сола ва номзади 22-солаи ӯро барои дар Интернет нашр кардани видеои рақси муштаракашон дар канори бурҷи Озодӣ дар пойтахт, шаҳри Теҳрон ба ҷавобгарӣ кашонда, ҳар кадоми онҳоро ба 10 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бурҷи Озодӣ яке аз рамзои пойтахти Эрон ба шумор меравад ва онро “дарвозаи Теҳрон” низ ном  мебаранд.

Бино ба хабарҳо, Остиож Ҳақиқӣ ва Амирмуҳаммад Аҳмадӣ дар “таблиғу ташвиқи бадахлоқӣ ва фаҳшо дар маҳзари ом”, ҳамчунин дар “ташкили таҷаммӯъ бо ҳадафи ба ҳам задани амнияти миллӣ” гунаҳкор шинохта шуданд.

Видеои рақси ин ду блогери дар Эрон маъруф дар Инстаграм нашр шуда, миллионҳо тамошобин ҷамъ овард. Ҳарчанд Ҳақиқӣ ва Аҳмадӣ дар зери видеои худ расман ягон шиори сиёсӣ нагузошта буданд ва онро бо мавҷи эътирозҳо дар робита ба марги Маҳсо Аминӣ ҳам рабт надода буданд, вале  Ҳақиқӣ дар ин видео бидуни ҳиҷоб намудор мешуд, ки тибқи қонунҳои Ҷумҳурии исломии Эрон, беҳиҷоб гаштани зан дар маконҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ аст. Қонунҳои Эрон дар маҳзари ом, ба болои ин, бо мард рақсидани занонро низ манъ кардааст.

РАМЗИ ТЕҲРОН

Аз тарафи дигар, видеои рақси Остиож Ҳақиқӣ ва Амирмуҳаммад Аҳмадӣ дар канори бурҷи Озодӣ сабт шуда буд, ки ин бурҷ як рамзи асосии шаҳри Теҳрон ба шумор рафта, аҳамияти вижаи сиёсӣ дорад. Ин бурҷ ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70, дар замони шоҳ Ризо Паҳлавӣ сохта шуда, баъди “инқилоби исломӣ” ба “бурҷи Озодӣ” табдили ном кард. Меъморе, ки ин бурҷро сохтааст, пайрави равияи динии дар Эрон номашрӯи Баҳоия буда, ҳоло дар ҳиҷрат ба сар мебарад.

Башня Азади - символ Тегерана
Бурҷи Озодӣ

Муҷозоти Ҳақиқӣ ва Аҳмадӣ барои рақс дар маҳзари ом дар ҳолест, ки дар Эрон тақрибан 5 моҳ боз мавҷи эътирозҳо ба ҳимоят аз ҳуқуқи занон идома дорад. Ин эътирозҳо моҳи сентябри соли 2022 дар пайи марги Маҳсо Аминии 22-сола оғоз ёфт. Маҳсоро пулиси ахлоқ барои “бадҳиҷобӣ”, яъне хеле кушода пӯшидани ҳиҷоб дастгир кард ва ӯ баъди боздошташ ба таври мармуз фавтид. Хешовандонаш мегӯянд, ки ӯро дар шуъбаи пулис латтукӯб ва шиканҷа кардаанд.

Ҳарчанд сабаби шурӯи ин эътирозҳо марги Маҳсо Аминӣ шуд, вале эътирозгарон нафақат барои ҳуқуқи занон шиор мезананд, балки талабҳои сиёсиро низ дар миён гузоштаанд. Бисёре аз сокинони Эрон аз сатҳи фақр, бекорӣ, коррупсия ва набуди адолат ба ҷон омадаанд.

Мақомоти Эрон дар посух ба ин эътирозҳо маъракаи густардаи таъқиботиро ба роҳ андохтанд. Ба ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид, дар Эрон алакай дастикам 14 ҳазор нафар, бо шумули шахсиятҳои маъруф, журналистон, ҳуқуқдонон, дар робита ба ин эътирозҳо дастгир шудаанд.

Бино ба иттилои созмони ҳомии ҳуқуқи Эрон Iran Human Rights (IHR), ки дар Норвегия фаъолият дорад, дастикам 100 тан аз эътирозгарон, аз ҷумла 5 зан, ба ҳукми қатл маҳкум шудаанд ваё дар пешорӯи судури ҳукми қатл рӯбарӯ қарор доранд ва ҳукми қатли 4 эътирозгар алакай иҷро шудааст. Мақомоти Эрон ин эътирозҳоро ҳамчун ошӯби аз хориҷ ташкилшуда ба қалам дода, ба зидди эътирозгарон аз силоҳ низ истифода мебаранд. Ба ҳисоби Iran Human Rights, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Эрон дастикам 476 эътирозгар, аз ҷумла 34 зан ва 64 кӯдак, кушта шудаанд.

Манбаъ: ББС

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button