ТОҶИКИСТОН СОДИРОТИ КАРТОШКА, ПИЁЗ ВА САБЗИРО МАНЪ КАРД

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, рӯзи 30 январи соли 2023 дар нишасти хабарии ин вазорат хабар дод, ки бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади бозори истеъмолии кишвар содироти картошка, пиёз ва сабзӣ то расидани ҳосили нави онҳо манъ карда шуд. Вазири кишоварзӣ гуфт, ки президент дар ҷаласаи ахири ҳукумат амр додааст, ки то муътадил шудани вазъи нарху наво дар бозорҳо содироти ин се навъи маҳсулоти кишоварзиро мутаваққиф кунанд. Ҷаласаи ҳукумат рӯзи 27 январ доир шуда буд.
Қарори манъи содироти картошкаю сабзӣ ва пиёз дар ҳолест, ки нархи ин маҳсулот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар ин авохир ба шиддат боло рафт ва аз ҷумла ҳоло нархи як кило пиёз дар Тоҷикистон то ба 8 сомонӣ расидааст.
Бино ба иттилои пойгоҳи хабарию таҳлилии Еast-Fruit, ки вазъи бозорҳои меваву сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзиро дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ пайгирӣ мекунад, нархи пиёз дар Тоҷикистон танҳо дар як ҳафтаи охир 20 фоиз афзоиш ёфта, дар умум нисбат ба ҳамин давраҳои солҳои гузашта 3,8 маротиба боло рафтааст. Ба гуфтаи коршиносони ин пойгоҳ, нархи кунунии пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон бесобиқа буда, дар гузашта дар бозорҳои ин кишвар ягон бор чунин нархи пиёз дар ин фасли сол дида нашудааст.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, Қазоқистон содироти пиёзро манъ кард ва хабар дод, ки Тоҷикистон ҷиҳати содироти 6 ҳазор тонна пиёз ба ин кишвар тааҳҳуд супурдааст. Лозим ба зикр аст, ки нархи пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон баъди расидани хабарҳо дар бораи камчин шудани пиёзу боло рафтани нархи он дар Қазоқистон ба парвоз даромад.
Қурбон Ҳакимзода дар нишасти хабариаш гуфт, бино ба интизори онҳо, нарху навои пиёзу сабзӣ ва картошка дар бозорҳои ба эҳтимоли ғолиб сар аз охирҳои моҳи март ва аввали моҳи моҳи апрел, дар пайи ба бозор ворид шудани ҳосили нав, рӯ ба эътидол хоҳад овард. Ӯ афзуд, ки дар нақшаи имсолаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар дар баробари пахта, ки маҳсулоти асосии кишоварзии Тоҷикистон аст, ба ҳамин се маҳсулот: картошка, пиёзу сабзӣ афзалият дода хоҳад шуд.
Бино ба омори расмии вазорати кишоварзӣ, Тоҷикистон соли 2022 дар умум ба хориҷ 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 54,3 миллион доллар фурӯхтааст. Қурбон Ҳакимзода эътироф кард, ки ин назар ба як соли қабл аз лиҳози миқдор 17 ҳазору 600 тонна камтар, вале аз лиҳози пули бадастомадааш баракс 17 миллион доллар бештар будааст.
“Беш аз 40 дарсади ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзиро сабзавот – 76,6 ҳазор тонна, аз он 66,6 ҳазор тоннаро пиёз ташкил медиҳад”, – нақли қавл мекунад “Азия Плюс” аз суханони вазири кишоварзии Тоҷикистон. Ба гуфтаи ӯ, содироти мева 29 дарсади ҳаҷми умумӣ ё 54,5 ҳазор тоннаро ташкил дода, 92 фоизи меваву сабзавоти Тоҷикистон ба кишварҳои СНГ, асосан ба Русия ва Қазоқистон содир шудааст.

