Коррупсия

ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ САТҲИ КОРРУПСИЯ ДАР ҶАҲОН ИМСОЛ НИЗ ҶОИ 150-УМРО ГИРИФТ

Созмони байналмилалии “Transparency International“ (“Шаффофияти байналмилалӣ”), ки сатҳу вазъи коррупсия дар кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, рӯзи 31 январи соли 2023 гузориши солонаашро бо номи “Шохис (Индекс)-и коррупсия 2022” (Corruption Perception 2022″) нашр кард. Тоҷикистон дар раддабандии имсолаи ин созмон боз ҳам дар байни 180 кишвари дунё аз нигоҳи сатҳи коррупсия ҷои 150-умро гирифтааст, вале имсол як имтиёзи камтар гирифта, дар умум аз 100 имтиёзи мумкин ҳамагӣ 24 имтиёз ба даст овардааст.

Тоҷикистон аз соли 2018 ба ин тараф инак чор сол боз дар гузоришҳои солонаи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ”аз 100 имтиёзи мумкин ҳамагӣ 25 имтиёз ба даст меовард. Баҳои аз ҳама баланди Тоҷикистон – 26 имтиёз – дар гузориши соли 2015, замоне буд, ки писари калонии президент Рустами Эмомалӣ ба мақоми раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия таъйин шуд. Вале баҳои аз ҳама паст – 21 имтиёз  – ва  зинаи 161, яъне дар бистгонаи кишварҳои фасодзадатарини ҷаҳон насиби Тоҷикистон дар соли 2017 шуд. Соле ки 13 афсари баландпояи Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон худ бо ҷурми ришвахӯрӣ ва ҷиноятҳои дигари коррупсионӣ боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд.

Тоҷикистон коррупсияро як мониаи умда дар роҳи рушди кишвар ва ҳатто таҳдид ба амнияти миллиаш меномад ва барои мубориза бо он ҳанӯз соли 2007 агентии алоҳидаи мубориза бо коррупсияро ташкил кардааст. Вале мунтақидон мегӯянд, муборизаи мақомоти Тоҷикистон бо коррупсия бо боздошти “моҳичаҳои хурд”–е, чун кормандони ҷамоату комиссариатҳои ҳарбӣ ва муаллимону заминсозон маҳдуд шуда, касе ба “наҳангҳои бузург” –е, ки аксараш таҳти ҳимояти нафарони пурнуфуз аз раддаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, кор намегирад.

Аз тарафи дигар таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон дар солҳои охир нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони барои порахӯрӣ бадастафтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ халос мешаванд. Ба ақидаи коршиносон, бо чунин шеваи ба ном “раҳмдилона”-и мубориза бо коррупсия ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бар ин мараз ғолиб омада наметавонад.

Аз кишварҳои дигари минтақа дар раддабандии созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” Русия бо 28 имтиёз дар мавқеи 137, Қазоқистон бо 28 имтиёз дар зинаи 101, Ӯзбекистон бо 31 имтиёз дар зинаи 126 ва Қирғизистон бо 28 имтиёз дар зинаи 140-ум қарор гирифтаанд. Аз Тоҷикистон пойинтар танҳо Туркманистон қарор дорад, ки дар раддабандии созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” ҳамагӣ 19 имтиёз ва зинаи 167-умро ба даст овардааст.

Як нуктае, ки дар арзёбиҳои  созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ин аст, ки кишварҳои аз фасод поктарин маҳз кишварҳоеянд, ки низомҳои собити демократӣ доранд, Ва баракс сатҳи коррупсия дар кишварҳое баланд аст, ки дар онҳо режимҳои худкомае, ки бо арзишҳои демократӣ чандон “ҷӯра” нестанд, ҳукм меронанд.

Дар раддабандии имсолаи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” Дания, Финландия, Зеландияи нав, Норвегия, Сингапур, Шветсия, Швейтсария, Ҳолланд, Олмон ва Ирландия 10 кишвари аз коррупсия поктарини дунё эълон шуда, Яман, Венесуэла, Судони ҷанубӣ, Сурия ва Сомалӣ баракс фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон номбар шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button