МуҳоҷиронҶанг дар Украина

ПОЁНИ ТАЛХИ ЗИНДАГИИ ҶАВОНИ ТОҶИК: ДАР РУСИЯ БА ВОЯ РАСИД, ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

Рӯзи 27 январи соли 2023 дар шаҳри Троитски вилояти Челябински Русия ҷавони тоҷик Иброимов Осим Олимҷоновичро ба хок супурданд.  Осим ҳамагӣ 29 сол дошт.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Осим Иброимовро моҳи майи солми 2022 ба ҷанги Украина бурданд ва ӯ рӯзи 31 декабр дар ҷабҳаи Мариупол аз тири снайпер кушта шуд. Яке аз наздикони ин хонаводаи ғамзада дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” нақл кард, ки ибтидо як сарбози рус аз пояш тир хӯрдааст ва Осим кӯшиш кардааст, ки ба ӯ ёрӣ расонад ва ҳамсангари захмиашро аз майдони ҷанг барорад, вале дар ҳамин лаҳза тири снайпер худашро аз пой афкандааст. Он сарбози русе, ки Осим барои наҷоташ ҷон бохт, дар ниҳоят ҷон ба саломат бурда, ҳоло дар бемористони ҳарбӣ таҳти табобат қарор доштааст.

Ҷасади Осим Иброимовро рӯзи 27 январ ба Троитск оварданд ва дар ҷамъи мардуми зиёде ба хок супурданд.

Хонаводаи Иброимовҳо  ҳанӯз дар миёнаҳои солҳои 90 ба Русия кӯчида, дар Троитск зиндагӣ мекарданд. Осим дар ҳамин Троитск ба воя расида буд.

Троитск шаҳрест бо 70 ҳазор аҳолӣ дар 100-километрии ҷануби шаҳри Челябинск  ва 220-километрии шимолушарқи шаҳри Магнитогорск.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс ба Украина ҳамла кард. Дар давоми инак қариб як соли ҷанг дар Украина аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд. То имрӯз дар бораи дар Украина кушта шудани  беш аз 40 нафар аз зодагони Тоҷикистон низ хабарҳо ба даст расидаанд. Як қисми ин зодагони Тоҷикистон дар саффи артиши Русия ба сурати қарордодӣ хидмат мекарданд, қисми дигар ба сабаби шаҳрвандии Русияро доштану боз як қисмат ба хотири ба даст овардани чунин шаҳрвандӣ ба ҷанги Украина бурда шуданд. Ҳамин тавр, даҳҳо маҳбуси тоҷикро аз зиндонҳои Русия бо ваъдаи авф ва озодӣ ба ҷанг бурдаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати дастикам 8 маҳбуси тоҷик дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд.

https://www.google.com/maps/embed?pb=!1m18!1m12!1m3!1d299568.9026958898!2d61.24896661786024!3d54.08470128394199!2m3!1f0!2f0!3f0!3m2!1i1024!2i768!4f13.1!3m3!1m2!1s0x43ce4fb3934d2dad%3A0x337a29bee7d367cc!2sTroitsk%2C%20Chelyabinsk%20Oblast%2C%20Russia!5e0!3m2!1sen!2scz!4v1675167529624!5m2!1sen!2scz

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Здравствуйте. Прочитала вашу статью и там нет достоверной информации. Я прошу Вас написать опровержения.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button