Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВОСЕЪ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 29-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 17:10, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шеров Мӯсо Шодиевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Данғара-Восеъ-Кӯлоб”, дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи асосӣ берун баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофиронаш Улҷаев Абдурасул Турсунович, соли таваллудаш 1970, сокини ш.Ҳисор ва Ивозов Иброҳим Диловарович, соли таваллудаш 1990, сокини ш.Кӯлоб, ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Тафсилоти дигари садамаи марговар гуфта нашудааст. ВКД хабар дод, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

ВКД Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки шаби 28-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 22:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Исматов Мизробҷон Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 29-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан», таҳти идораи Зоиров Абдураҳмон Шамсудинович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Исматов М.С. ва мусофираш Пиров Ҷамшед Шарифбекович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 27 январи соли 2023 дар ду садама дар  роҳи тарафи маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб ва дар дохили нақби “Истиқлол” дар шоҳрои Душанбе – Хуҷанд ду нафар: як пиёдагарди 52-сола ва як ноболиғи 15-сола – ба ҳалокат расиданд. 

Дар Кӯлоб ронандаи  мошини “Мерседес” бино бар ях бастани роҳи мошингард, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагардро пахш кардааст. Дар дохили нақби “Истиқлол” бар асари ба мошини боркаши “Шакман” бархӯрдани мошини “Опел” мусофири ноболиғи “Опел”, с.т. 2008, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳат бардошта, дар бемористон ҷон додааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии БДА, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button