Хабарҳои кӯтоҳ

ФИРЕБИ ШАҲРВАНД БА МАБЛАҒИ 32 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА ДУ ҲОЛАТИ ҒОРАТГАРӢ ДАР ПОЙТАХТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 31.01.2023

Ошкор шудани фиреби шаҳрванд дар се марҳила

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 49-солаи сокини маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи мазкур ворид гардид, ки моҳи марти соли 2022 марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ дар се марҳила, 32 000 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки маблағҳоро дар фаъолияти соҳибкориаш истифода намуда, дар муддати муайян бар мегардонад, аммо номбурда то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Тасарруф намудани телефону маблағ бо зӯроварӣ

047

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи ноҳияи Данғара муроҷиат намудааст, ки 24-уми январи соли 2023, шабона ҳангоми дар кӯча қарор доштанаш шахсони номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи «Хонор» ва 3000 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расониданшуда 3800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 ҷавони 17, 20 ва 21-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 29-солаи сокини ноҳияи Фархор ворид гардид, ки 26-уми январи соли 2023, тахминан соати 03:00, ҳангоми дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ду ҷавони 28 ва 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-02» ва 1 ҳазору 900 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button