ИқтисодТоҷикистон

“БАРҚИ ТОҶИК” АЗ 1 ФЕВРАЛ РАСМАН ЛИМИТИ БАРҚ ҶОРӢ МЕКУНАД

Ширкати “Барқи Тоҷик”, ки дар бозори фурӯши барқи қариб тамоми Тоҷикистон (ба истиснои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) монополист ба шумор меравад, рӯзи 31 январи соли 2023 бо нашри як муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон эълон кард, ки аз 1 феврал дар кишвар расман лимити нирӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба истиснои чанд рӯзи аввали сардиҳои ахир, ки ба мардум ягон 10 рӯз барқро бидуни мушкили маҳдудият доданд, дигар аз моҳи октябри соли 2022 ба ин сӯ, инак тақрибан 5 моҳ боз нирӯи барқ дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон бидуни ягон эълони расмӣ бо маҳдудият дода мешуд.

Ба гуфтаи сокинон, интиқоли нирӯи барқ аз соати 22 (дар бархе манотиқ ҳатто аз соати 21) қатъ карда мешуд ва субҳ, соати 5 ило 6 барои чанд соат дода мешуд.

“Барқи Тоҷик” дар муроҷиатномааш як силсила баҳонаҳои барои ин ширкат дигар маъмулиеро, чун зиёд шудани талабот ба нирӯи барқу пойин рафтани сатҳи об дар обанборҳои нирӯгоҳҳо ва эҳтимоли дар аввалҳои моҳи март шиддат гирифтани норасоии нирӯи барқ ва зиёни ҷиддӣ расонданаш ба иқтисоди кишвар ва ба сокинон паи ҳам барчидааст.

Вале “Барқи Тоҷик” ба мунтақидон, ки мегӯянд, сабаби норасоии барқ бебаркаш ба Афғонистон фурӯхтани он аст ва бо вуҷуди камбуди барқ дар кишвар “Барқи Тоҷик” бо намояндагони Толибон ахиран дар бораи содироти барқ қарордоди нав имзо кард, дар муроҷиатномааш посухе надодааст. Дар ин бора ҳам, ки Тоҷикистон бо вуҷуди камбуди барқ доштани аҳолиаш ахиран содироти барқро ба Ӯзбекистони ҳамсоя афзоиш дод, “Барқи Тоҷик” чизе нагуфтааст.

Дар ин бора ки оё ин лимит кай аз байн меравад?, дар муроҷиатнома санаи мушаххасе гуфта намешавад ба ҷуз ин як ҷумла ки: “Ширкати «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба иттилои шумо мерасонанд, ки чораҳои зикршуда муваққатӣ буда, барои давраи муайян пешбинӣ гардидаанд ва баъди ба эътидол омадани реҷаи обу энергетикии дарёи Вахш аз байн бардошта мешаванд”.

Аз ин ҷумла чунин бармеояд, ки лимити шадиди барқ метавонад камаш то миёнаҳои моҳи апрел давом кунад.

Матни пурраи муроҷиатномаи “Барқи Тоҷик”ро метавонед дар зер мутолиа кунед:

МУРОҶИАТНОМАИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Дар мамлакати мо ҳаҷми асосии неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли он ба резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад. Дар навбати худ, резиши оби дарёҳо ва вобаста ба ҳамин пур шудани обанборҳо ба тағйирёбии иқлим, шароити обу ҳаво ва омилҳои дигари табиӣ алоқамандӣ дошта, имконияти амалии пешгӯӣ кардани реҷаи оби дарёҳо хеле душвор мебошад.

Ҳамагон шоҳид будед, ки дар моҳи январи соли равон ҳарорати ҳаво нисбат ба меъёр хеле сард шуда, дар натиҷа афзоиши талаботи соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакат ба неруи барқ дар реҷаи кори низоми энергетикӣ якчанд мушкилиҳо пеш овард.

Аз рӯйи мушоҳидаҳо, бо назардошти тадриҷан афзоиш ёфтани талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи сипаришудаи моҳи январи соли 2023 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 300 млн кВт* соат зиёд гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи солҳои қаблӣ 14 фоиз зиёд мебошад.

Раванди мазкур, яъне афзоиши талабот ба неруи барқ боиси зиёд шудани сарбории шабакаҳои барқӣ ва трансформаторҳо гардида, ба захираҳои обу энергетикии обанборҳо низ таъсири манфӣ расонид.

Қобили зикр аст, ки маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сония ва дар зимистон ба 150-200 метри мукааб дар ҳар сония баробар шуда, барои истеҳсоли неруи барқ асосан захираи обанбори неругоҳи «Норак» истифода мешавад. Дар натиҷаи зиёд шудани талабот ба неруи барқ дар моҳи январ ҳаҷми хароҷоти об аз обанбори неругоҳи «Норак» низ афзоиш ёфт, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд мебошад.

Муштариёни муҳтарам!

Вазъи пешомадаро мутахассисони Ширкати “Барқи Тоҷик” мавриди таҳлил қарор дода, ташвишовар арзёбӣ мекунанд. Аз рӯйи хулосаи мутахассисон дар сурати наандешидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот дар аввалҳои моҳи март норасоии неруи барқ шиддат гирифта, ба фаъолияти иқтисоди мамлакат ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии неруи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат, аз 1 феврали соли 2023 сар карда, маҳдудкунии интиқоли неруи барқ ба роҳ монда мешавад.

Муштариёни муҳтарам!

Ширкати «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба иттилои шумо мерасонанд, ки чораҳои зикршуда муваққатӣ буда, барои давраи муайян пешбинӣ гардидаанд ва баъди ба эътидол омадани реҷаи обу энергетикии дарёи Вахш аз байн бардошта мешаванд.

Аз муштариёни муҳтарам ҳамчунин хоҳиш карда мешавад, ки бо амалҳои сарфакорӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар ҷойи кор ва манзилҳои истиқоматиашон барои дар муҳлатҳои кӯтоҳ аз байн бурдани маҳдудият саҳм гузоранд.

Маркази матбуоти
ШСХК «Барқи Тоҷик»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button