ИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

БА РОНАНДАГОНИ ТОҶИК БАЪДИ 3 СОЛ ИҶОЗАТИ САФАР БА ХИТОЙ ДОДА ШУД

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 30 январи соли 2023 хабар дод, ки пас аз се соли таваққуф дар робита ба паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус бори нахуст мошинҳои боркаши ватанӣ вориди ҳудуди Ҷумҳурии мардумии Чин (Хитой) шуданд. Дар иттилоияи вазорат зикр шудааст, ки аз соли 2020 то ҳол мошинҳои боркаши ватанӣ иҷозати ворид шудан ба ҳудуди кишвари ҳамсоя надоштанд ва борҳоро бо нақлиёти боркаши Хитой то сарҳад оварда, аз онҷо бо мошинҳои боркаши ватанӣ бор  ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд, ки барои ин вақту маблағи  бештар сарф мегардид.

Хитой тоза рӯзи 8 январи соли 2023 маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус дар роҳи вуруд ба ин кишварро бекор кард. Вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон  гуфта буд, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон бояд мисли пештара қабл аз сафар ба Чин ибқи талабот раводид гиранд ва инчунин дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ бораи иҷозаи вуруд ба Чин дар шиносномаи худ мӯҳр гузоранд.

Мақомоти Хитой ҳоло ҳам аз шаҳрвандони хориҷӣ санҷиши COVID-19, ки 48 соат пеш аз сафар гирифта мешавад, талаб мекунанд, аммо хориҷиҳоро дигар ҳангоми вуруд ба ин давлат ба карантин фаро намегиранд.

Бекор шудани маҳдудиятҳои сафар ба Хитой дар ҳолест, ки бино ба гузоришҳо, ин кишвари манбаи аввали паҳншавии бемории қаттоли коронавирус дигарбора ба мавҷи нави пандемияи ин беморӣ рӯбарӯ шудааст. Ахиран дар шаҳрҳои бузурги Хитой сокинони аз маҳдудиятҳо баҷономада бо талаби бекор кардани онҳо даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button