Хабарҳои кӯтоҳ

ОДАМКУШӢ ДАР ДЕВАШТИЧ, ҒОРАТГАРӢ ДАР ПОЙТАХТ ВА ДУЗДИҲО ДАР ФАЙЗОБОДУ ДАНҒАРА

Сокини 47-солаи ноҳияи Деваштич шаби 27 ба 28-уми январ, дар хонааш ҳангоми нӯшидани машрубот ҳамқадаҳаш, як марди 50-соларо бо корд зада, куштааст.

ххххххххххххххх

Ду сокини 37 ва 27-солаи Кӯлоб ба он айбдор мешаванд, ки шаби 20 декабр, соати тахминан 00:30, бо зӯрӣ телефони мобили як сокини Душанберо аз дасташ кашида гирифтаанд.

ххххххххххххххх

Ду ноболиғи 17-сола  соати шаши субҳи 28 январ аз хонаи як сокини сокини Файзобод як сар чорвои калонро дуздидаанд.  Ду сокини 36 ва 38-солаи Данғара соати якуними шаби 23 ба 24 январ аз хонаи як пиразани 72-сола ашёи гуногунро ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 30.01.2023

Одамкушӣ дар заминаи истеъмоли машрубот

003

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 27 ба 28-уми январи соли 2023, дар хонаи истиқоматиаш бо марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки соли 2022 бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, қарор доштанаш, машрубот истеъмол намуда, байнашон муноқиша ба миён омада, сипас гумонбаршаванда бо қасди аз ҳаёт маҳрум намудани ӯ бо истифода аз корди хоҷагӣ ба қисмати пеши қафаси синаи номбурда задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ду нафар бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

40

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 37 ва 27-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб муайян ва дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 20-уми декабри соли 2022, тахминан соати 00:30-дақиқа, бо роҳи ошкоро аз дасти марди 41-солаи сокини пойтахт 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-50»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 590 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии чорво ва молҳои рӯзгор

72

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 64-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 06:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонааш шуда, аз он ҷо 1-адад чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ноболиғи 17-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза пиразани 72-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми январи соли 2023, тахминан соатҳои 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ашёҳои рӯзгорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро мардони 36 ва 38-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button