ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

СИЛСИЛАИ ТАРКИШҲОИ САНГИН ДАР ЧАНД КОРХОНАИ ҲАРБИИ ЭРОН (ВИДЕО)

Шаби 28 ба 29 январи соли 2023 ба корхонаҳои ҳарбии Эрон дар гӯшаҳои гуногуни ин кишвар як силсила ҳамлаҳо сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии ИРНО, дар шаҳри Шаҳид Салимӣ дар устони Озарбойҷони шарқӣ як корхонаи бузурги истеҳсоли равғани мошин оташ гирифта, ҳамчунин дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар шаҳри Дизфули устони Хузистон дар ғарби Эрон таркиш рух дода, дар шаҳрҳои Ҳамадон дар ғарби Эрон ва Рашт дар шимоли ин кишвар низ таркишҳо ва сӯхтор рух додаанд. Дар бораи ҳамлаҳо ба анбори муҳимоти ҷангӣ дар шаҳри Молард дар устони Албурз ва ба як корхонаи коркарди нафт дар Табрез, бузургтарин шаҳри ғарби Эрон низ гузоришҳо ба даст расида, телевизиони давлатии Эрон аз маҳалли сӯхтор дар Табрез наворҳоеро ҳам нашр кард.

Ба гуфтаи сокинон, садои таркиш дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон низ шунида мешуд. Сокинон мегӯянд, дар Теҳрон биноҳои идораҳои давлатӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва барои муқобила ба ин ҳамлаҳо ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар осмони Теҳрон ба парвоз дароварда шуданд.

Аммо, бино ба хабарҳо, аввалин шуда, шаби 28 ба 29 январ як корхонаи ҳарбӣ дар шаҳри Исфаҳон дар қисмати марказии Эрон дучори ҳамла шудааст. Вазорати мудофиаи Эрон дучори ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин шудани яке аз корхонаҳои ҳарбии воқкеъ дар Исфаҳонро тасдиқ кард, вале онҳо “ҳамлаи ноком” номид ва гуфт, ки ин ҳамлаҳо кадоме осебе ба фаъолияти корхона нарасонда, талафоти ҷонӣ низ надошт.

“Шаби 28 январ, тақрибан соати 23:30  як ҳамлаи ноком бо истифода аз паҳподҳои хурд болои яке аз марокизи вазорати дифоъ сурат гирифт. Яке аз ин паҳподҳоро шабакаҳои зиддиҳавоӣ суқут доданд, дуи дигар ба домҳои дифоъӣ афтода, таркиданд”, — нақли қавл кардааст хабаргузории давлатии ИРНР  аз изҳороти вазорати дифои Эрон.

Бино ба ин манбаъ, бар асари ҳамлаи паҳпаодҳо танҳо боми яке аз коргоҳҳои корхонаи ҳарбии Исфаҳон тахриб шуда, хисороти аз ин ҷиддитаре ба бор наовардааст.

 Вале мақомоти низомии Эрон нагуфтаанд, ки паҳподҳои дар силсилаи ҳамлаҳои шаби 28 ба 29 январ болои таъсисоти ҳарбии ин кишвар истифодашуда ба кӣ тааллуқ доранд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button